Муовини сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино Машраф Истамзода, ки номаш баъди боздошт ва таҳқиру даҳдиди Нилуфар Раҷабова расонаӣ шуда буд, боздошт ва алайҳаш парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Тибқи иттилоъи як манбаъи наздик ба ВКД Истамзодаро се рӯз қабл аз оғози соли нав боздошт кардаанд. Аммо Паём то ҳол натавонист тасдиқи ин хабарро аз манобеъи дигар дастрас кунад.
Гуфтанист, рӯзи шанбе, 14 декабр Нилуфар Раҷабова ҳамроҳ бо даҳҳо зани дигар аз тарафи намояндагони чанд мақомоти давлатӣ боздошт шуда ба ШВКД Сино-2 бурда шуд. Муовини сардори ин шӯъба Истамзода Машраф Истамӣ баъди дарак ёфтан аз ин ки Нилуфар хоҳари Шӯҳрати Раҳматулло ва духтари Раҳматуллоҳи Раҷаб аст, ӯро таҳқир, латукӯб ва таҳдид ба таҷовуз кард.
Дар ҳамин ҳол ба мо маълумоти ҷолибе дар бораи бародари Машраф – Ашраф Истамзода расид. Тибқи ин маълумот, Ашраф ҳам дар қонуншиканӣ, аз ҷумла ришваситонӣ аз Машраф монданӣ надорад.
Машраф Истамзода замоне раиси бахши муҳитизисти ноҳияи Панҷакент ва ду навбат вакили шаҳрӣ ҳам будааст. Замони дар ин вазифа кор карданаш бо тафтишҳои зудҳангомаш тамоми амокини зери назораташ дар Панҷакентро ба дод меорад. Вале кордаш каме дертар болои равған қарор мегирад – замоне, ки раиси хоҷагии ҷангали ин ноҳия таъин мегардад.
Ашраф Истамзода на танҳо аз фурӯши дарахтҳову заминҳои хоҷагӣ даромад мегирад. Мунтазамтарин даромади ӯ аз ҷои дигар аст: ҳамаи ширкатҳои мобилӣ барои антенаҳои васлкардаашон дар ноҳияи Панҷакент ба Ашраф андоз месупоранд. Аҷобати кор дар ин ҷост, ки бештари заминҳое, ки дар он антена насб карда мешаванд, танҳо баъди насби антена ногаҳон ба Ашраф Истамзода таъаллуқ мегирад.
Тибқи иттилоъи манбаъ Ашраф Истамзода се зан дорад ва инро аз касе пинҳон ҳам намедорад.