Нашрияи Forbes хабар додааст, миллиардер Чарли Мангер криптовалютҳоро «заҳри каламуш» номид
Чарли Мангер, шарики деринаи сармоягузор Уоррен Баффет, даъват кард, ки криптовалютаҳо манъ карда шавад ва кишвари Чинро барои маҳдудиятҳои шадидаш ситоиш кард.
Чарли Мангер, ноиби президенти Berkshire Hathaway, гуфт, ки биткоинро «заҳри каламуш» мешуморад, ки бозор ба он ниёз надорад. Тибқи маълумоти охирини Forbes, дороии умумии Мангер 2,4 миллиард долларро ташкил медиҳад.
***
Антон Геращенко, мушовири вазири умури дохилии Украина, дар як матлабе, ки дар хабаргузории «Фокус» нашр шудааст, пешниҳод кардааст, ки ба президентҳои ИМА ва Украина ҷоизаи сулҳи Нобел дода шаванд. Тибқи ин мақола, Байден ва Зеленский барои пешгирии ҷанги васеъмиқёс сазовори ҷоиза мебошанд.
«Владимир Зеленский, Ҷо Байден, Борис Ҷонсон, Эммануэл Макрон ва раҳбарони дигар, ки аз ҳамлаи Русия ба Украина монеъ шуданд, барои ҷилавгирӣ аз ҷанги дуввуми сард дар Аврупо якҷо шуданд ва онҳо имсол бояд Ҷоизаи сулҳи Нобелро ба даст оранд» гуфт Геращенко.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки «ҳамла» ба 16 феврали соли ҷорӣ ба далели муттаҳид шудани Украина бо шарикони ғарбии худ сурат нагирифтааст.
***
Дар Гаити эътирози оммавии коргарон сар шуд. Намоишчиён зиёд кардани музди кор ва бехтар намудани шароити мехнатро талаб мекунанд.
Аксари коргарон коргарони саноати нассоҷӣ ҳастанд, ки дар ширкатҳои ғарбӣ, аз қабили Target, Walmart, Gap кор мекунанд.
Музди миёна дар саноати нассоҷӣ аз 0,50 то 1 доллар дар як соат аст.
***
Дар Туркманистон сабти номи номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ идома дорад. Рӯзи 16 феврал Комиссияи марказии интихоботӣ номзадии Агадҷон Бекмирадовро аз Ҳизби аграрӣ ба қайд гирифт. Намояндагони мухолифини туркман дар хориҷ низ барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ умед доранд.
Гелдӣ Кяризов, аспсавори маъруфи туркман ва маҳбуси собиқи сиёсӣ, гуфтааст, ки қасд дорад интихоботи алтернативӣ ва раъйдиҳии электронӣ баргузор кунад.
Ба гузориши Радиои Озодӣ, Мурод Қурбонов, раҳбари ҷунбиши мухолифи «Интихоботи демократии Туркманистон» низ қасд дорад, дар интихобот ширкат кунад.
***
Дар Қазоқистон теъдоди афроде,ки тарки кишвар мекунанд, афзоиш дорад.
Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷират, дар моҳҳои январ-декабри соли гузашта 32 ҳазору 209 нафар кишварро тарк кардаанд. Ин назар ба хамин давраи соли гузашта 10,6 фоиз зиёд аст. Шумори муҳоҷирони ба ин кишвар омада ҳам коҳиш дорад.
Дар муқоиса бо моҳҳои январ-декабри соли 2020 шумораи муҳоҷирон дар саросари кишвар 10,5% коҳиш ёфтааст.
***
Александр Лукашенко тасмим гирифтааст, ки рӯзи 27 феврал барои вориди тағирот ба конститутсияи Белорус ҳамапурсӣ баргузор кунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, дар бюллетен танҳо як савол хоҳад буд: «Оё шумо тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Беларусро қабул мекунед?». Қарор дар бораи баргузории раъйпурсӣ пас аз 10 рӯзи эълони расмии он эътибор пайдо мекунад.
Дар қароре, ки Лукашенко имзо кардааст, тамоми тағйироту иловаҳо ба Қонуни асосӣ, ки дар раъйпурсӣ ворид хоҳанд шуд, номбар шудааст. Аз ҷумла, ҳукумати Беларус пешниҳоди ислоҳи Қонуни Асосиро дорад, ки имкон намедиҳад, як нафар барои беш аз ду давра раисиҷумҳури Беларус интихоб шавад.
***
Интерфакс иттилоъ дод, дар муддати камтар аз як шабонарӯз дар Донбасс тақрибан 500 таркиш сабт шудааст. Зеленский ба Донбасс рафт. Дар ин бора дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ раҳбари намояндагӣ Яшар Халит Чевик хабар дод.
Субҳи 17 феврал ҷумҳуриҳои худро мустақил хондаи Донбасс ва низомиёни Украина ҳамдигарро дар тирпарронӣ муттаҳам карданд.
Ба гуфтаи Амрико, Русия ҳудуди 150 000 сарбозашро дар марзи Украина сафарбар кардааст. Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 17 феврал дар нишасти Шӯрои амнияти СММ гуфт, Русия дар рӯзҳои наздик ба ҳамла ба Украина омодагӣ мегирад ва ҳоло «сабаби ҳамла» омода мекунад. Давлати Русия ҳама гуна ҳамлаи эҳтимолӣ ба Украинаро рад карда, интиқоли нерӯҳоро бо машқҳо шарҳ дод.
***
Номи беҳтарин бозигари ҳафта дар Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо маълум шуд. Дар ин бора сойти расмии УЕФА хабар додааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки ҳамлагари ПСЖ Килиан Мбаппе беҳтарин бозигари ҳафта дониста шуд. Ӯ дар бозӣ ба дарвозаи Реал Мадрид голи ягонаро задааст.