Рубрики Хабарҳо

Омаров: Ба Ҳабиб бояд унвони «Қаҳрамони Русия»дода шавад

Гаҷимурод Омаров, Вакили Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст, ки ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов унвони «Қаҳрамони Русия» дода шавад, аммо на варзишгарон ва на вакилони дигар ин иқдомро дастгирӣ накардаанд

Ин вакили Думаи давлатии Русия  пешниҳод кардааст, ки ба варзишкори номии кишвар Ҳабиб Нурмуҳаммадов унвони «Қаҳрамони Русия» дода шавад. Ӯ бо ин иқдом ба президенти Русия Владимир Путин муроҷиат кардааст.

Аммо, феълан ин пешниҳодро на вакилон ва на сиёсатмадорон ҷонибдорӣ накардаанд.

Қаҳрамони мутлақи ҷаҳон, узви Гурӯҳи байналмилалии муштзанҳои ҷаҳон Констатнтин Тсзю дар мусоҳиба бо расонаҳо гуфтааст, ки дар додани чунин як унвони баланд ба варзишкор зарурате намебинад.

«Чаро? барои чӣ? » Устоди хизматнишондодаи варзиш — бигзор, ҳатто ҷои баҳс ҳам нест. Аммо унвони Қаҳрамони Русия… Ман намефаҳмам. Ман, ҳарчанд Ҳабиб ва фаъолияти ӯро хело эҳтиром мекунам, аммо ба фикри ман, ин ду чизҳои ғайри қобили муқоисаанд», — 

Қаҳрамони секаратаи бозиҳои олимпӣ дар рақси рӯи ях Ирина Роднина низ  ин иқдомро дастгирӣ намекунад.

Константин Тсзю гуфтааст,  «Мо дар варзиш қаҳрамонҳои зиёд дорем, аммо қаҳрамони Русия зиёд нестанд. Ба фикри ман ин унвон барои варзишкорон нест. Барои нафаронест, ки қаҳрамоние кардаанд. Ӯ бемуҳобот варзишкори профессионалист ва кори худро нишон дода тавонист».

Шореҳи машҳури варзиш Дмитрий Губерниев низ хабари пешниҳоди Ҳабибро ба унвони «Қаҳрамони Русия» бо шубҳа қабул кардааст.

Губерниев гуфтааст, «Мебинем, ки вакилон чигуна вокуниш хоҳанд кард. Аммо ба фикри ман унвонборон кардан, кори хубе нест».

Виталий Милонов, сиёсатмадори рус гуфтааст,  Ҳабиб ҷавони беҳтарин аст. Хуб бозӣ мекунад. Ӯ барои ширкат дар ин гуна муҳорибаҳо ҳамагуна сифатҳоро дорад. Ман касеро ранҷониданӣ нестам, аммо ба Ҳабиб ин унвонро лоиқ намедонам. Ин таҷрибаи нодуруст аст».  Ҳабиб низ эҳтимоли ғолиб ин мақсадро надошт ва надорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *