Рубрики Хабарҳо

Ҳамлаи хашини пулиси Маскав ба хобгоҳи муҳоҷирон

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон бо нашри навре иттилоъ дод, ки як гуруҳи муҳоҷирони тоҷик аз рафтори хашини кормандони пулис дар шаҳраки Митиши дар канори Маскав шикоят карданд.  

Тибқи иттилои манбаъ ба нақл аз муҳоҷирон кормандони пулис ду субҳ паиҳам – 30 ноябр ва 1 декабр – соати шаши субҳ ба хобгоҳи онҳо омада, дару тирезаи ҷои хоби онҳоро зада шикастаанд ва шиносномаҳояшонро гирифта, чанд нафарро ба шуъба бурдаанд ва аз онҳо аз 5 то 7 ҳазор рубл талаб доранд.

Яке аз ин муҳоҷирон гуфт, кормандони пулис додари ӯро зада, бинияшро шикастаанд.

“Додарамро бо бинии шикаста ҳамроҳи бачаҳои дигар ба шуъбаи пулис бурданд. Дар онҷо бародарон доду фарёд бардоштанд ва нисфирӯзӣ додари маро ба бемористони Королёв бурданд. Вале аз беморхона ӯро бо мошини пулис боз ба ҳамон шуъба овардаанд. То ҳол дар боздошт аст”, – мегӯяд ин муҳоҷири тоҷик.

Дар видео яке аз муҳоҷирон даруни хобгоҳ роҳ рафта, як-як дару тирезаҳои шикастаро нишон медиҳад. Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, сафорати Тоҷикистон дар Маскавро низ аз ин вазъ дар ҷараён гузоштаанд.

Каримҷон Ёров, фаъоли иҷтимоӣ дар саҳифаи фейсбукии худ навишт, ки  аз дируз боз пулисҳои  шаҳраки Митищи бачаҳоро дару тирезаи ҷои хобашонро шикаста, бурда заданд. паспортҳояшонро гирифта аз 5 то 7 ҳазор рублӣ мепурсанд. Бинии як нафарашонро, дар шуъбаи пулис маҳкам аст, шикастаанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *