Рубрики Хабарҳо

Маскав аз ғасби комили Баҳмут, аммо Киев аз муҳосираи он хабар дод

Русия ва Укроин рӯзи якшанбе иддаоҳои фарқкунандаеро дар бораи шаҳри Баҳмут эълом карданд. Киев мегӯяд, ки ҳанӯз бахши кӯчаке аз шаҳрро дар ихтиёр дорад, аммо дар муқобил Маскав ба гурӯҳи Вагнер ва дигар нерӯҳои Русия ба далели “озодсозии” шаҳр табрик гуфтааст. 

Вазорати дифоъи Русия ҳамчунин эълом кард, ки нерӯҳояш, як пулро, ки қаблан тавассути нерӯҳои укроинӣ барои тақвияти Баҳмут истифода мешуд ва як анбори муҳиммоти укроиниро нобуд карданд. 

Аммо генерал Александр Серский, аз фармондеҳони баландпояи укроинӣ дар паёми телеграмии эълом кард, ки нерӯҳои Киев бахши “кӯчаке” аз шаҳри Баҳмутро ҳамчунон дар контрол доранд ва агарчи ин бахши бисёр кӯчак аст аммо бо тағйири авзоъ метавонад фурсати хубе барои вуруди дубора ба дигар манотиқи шаҳр бошад. 

Ӯ афзуд, ки нерӯҳои Киев дар ҳоли пешравӣ ба самти мавзеъҳои нерӯҳои Русия дар ҳавмаи шаҳр ҳастанд ва метавонанд ба зудӣ иқдом ба “муҳосираи тактикӣ”-и он кунанд. 

Анна Маляр, муовини вазири дифоъи Укроин низ эълом кард, ки “нерӯҳои мо шаҳрро ба сурати нима муҳосира даровардаанд, ки ба мо фурсат медиҳад душманро нобуд кунем… Душман бояд дар бахше аз шаҳр, ки таҳти кантроли ӯст аз худ дифоъ кунад”. 

Хонум Маляр афзуд, ки нерӯҳои укроинӣ ҳамчунон аз муассисаҳои саноъатӣ ва зерсохтии шаҳр дифоъ мекунанд ва бахше аз баландиҳо атрофи Баҳмутро низ  соҳиб шудаанд. 

Агарчи наметавон иддаои мақомоти Укроинро таъйид кард аммо нерӯҳои Киев ҳафтаи гузашта сареътарин дастовардҳои худ дар шаш моҳи гузашта дар манотиқи шимолӣ ва ҷануби Баҳмут ба даст оварда буданд ва Русия низ ба бархе аз ақибнишиниҳои сарбозони худ эътироф кард. 

Киев ҳамчунин мегӯяд ҳадафаш ин будааст, ки нерӯҳои Русияро аз нуқтаҳои дигари ҷабҳа ба дохили шаҳр бикашонад то ба ин тартиб талафоти зиёде ба онҳо ворид кунад ва хатти дифоъии Маскавро дар ҷоҳои дигар ва қабл аз оғози як зиддиҳамлаи бузурги барномарезишуда тавассути укроиниҳо, тазъиф кунад. 

Муқоисаи Баҳмут бо Хиросима 

Ахбори зиддунақиз аз Баҳмут ҳамзамон бо баргузории нишасти сарони Гурӯҳи 7 дар Ҷопон эълом шуд. Ҷое, ки раҳбарони сарватмандтарини демокрасиҳои ҷаҳон эълом карданд, ки ҳимоят аз Украин кӯтоҳ нахоҳанд омад. 

Агарчи ҳанӯз омори талафоти набарди Баҳмут, ки тӯлонитарин ва хунинтарин набарди нерӯҳои Укроин ва Русия дар 15 моҳаи гузашта буд равшан нест, аммо Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти муттаҳида низ эълом кард, ки талафоти Русия дар Баҳмут беш аз 100 ҳазор нафар будааст. 

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин низ, ки ба нишасти Гурӯҳи 7 даъват шуда буд, хисороти воридшуда ба Баҳмутро бо вайрониҳои ношӣ аз ҳамлаи Иёлоти муттаҳида бо бомби атом ба Хиросима дар ҷараёни ҷанги ҷаҳонии дувум муқоиса кард. 

Зеленский рӯзи якшанбе дар ҷараёни хошияи ин нишаст ба хабарнигорон гуфт: “воқеиятро ба шумо мегӯям. Аксҳои Хиросима маро ба ёди Баҳмут ва дигар шаҳрҳои монанди он меандозад. Чизе зинда намондааст ва ҳама сохтимонҳо вайрон шудаанд.” 

Ӯ низ таъкид кард, ки “Баҳмут ҳанӯз тавассути федератсияи Русия тасарруф нашудааст ва ҳеҷ тафсири дигаре аз ин мавзӯъ вуҷуд надорад.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *