Бар асоси тасвирҳои аввалияи моҳвораӣ дастикам ҳашт фарванд ҳавопаймои ҷангандаи русӣ дар инфиҷорҳои Крим нобуд шудаанд. Фақат лошаҳои сӯхтаи ҳавопаймоҳо дар ин таркишҳои шадиди пойгоҳи низомии Русия боқӣ мондаанд.
Пас аз инфиҷорҳо дар шибҳиҷазираи украинии Крим, ки ба ишғол Русия даромадааст, барои аввалин бор аксҳои моҳвораӣ мунташир шуд, ки тахриби пойгоҳи низомии Русияро ошкор кард.
Аксҳои моҳвораии ширкати амрикоии Planet labs нишон медиҳад, ки дасти кам ҳашт ҳавопаймо тарконида шудаанд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, пеш аз ин дар як суханронии видеоӣ аз 9 фарванд ҳавопаймои нобудшуда сӯҳбат карда буд. Аз сӯи дигар Русия эълом кард, ки ҳеҷ ҳавопаймое осеб надидааст.
Тасвирҳои моҳвораӣ пойгоҳро қабл ва баъд аз инфиҷор нишон медиҳад. Ин тасвир, ки гуфта мешавад қабл аз 9 август гирифта шудааст, чандин ҷети ҷангандаро нишон медиҳад, ки дар фурудгоҳ Саки қарор доранд. Тасвире, ки пас аз 10 август пас аз инфиҷорҳо гирифта шудааст, бақимондаҳои ин ҳавопаймоҳоро нишон медиҳад ва ҳокӣ аз он аст, ки дасти кам 8 фарванд аз онҳо нобуд шудаанд. Аксҳои дигари моҳвораӣ нишон медиҳад, ки бахши бузурге аз пойгоҳ бояд сӯхта бошад. Ноҳияе, ки дар тасвирҳои қаблӣ сабз аст, баъд аз он сиёҳ ва зуғолӣ ба назар мерасад.
Аксҳои моҳвораӣ аз пойгоҳи ҳавоии Русия дар нимҷазираи Крим як рӯз пеш аз вуқӯъи инфиҷорҳо
Иллати инфиҷор дар фурудгоҳ ҳанӯз мушаххас нест ва иттилооти мунташиршуда ба ҳам ихтилоф доранд. Ин аксҳои моҳвораиро метавон ба унвони аввалин таъйиди мустақил аз таркишҳо дар пойгоҳ дар назар гирифт. Ин ки чигуна ин маконе, ки аз ҷабҳа 160 километрии фосила дорад мавриди ҳамла қарор гирифтааст, ҳанӯз мушаххас нест.
То кунун ҳеҷ таъйиди расмӣ аз сӯи мақомоти Украина мабнӣ бар иҷрои ин ҳамла дар даст нест. Бо ин ҳол, яке аз мушовирони раисҷумҳур Украина гуфтааст, ки ин инфиҷорҳо ё тавассути як силоҳ дурбурд украинӣ ва ё партизанҳои Крим сурат гирифтааст.
Ба гузориши шабакаи CNN-и Амрико, нерӯи ҳавоии Русия бештарин осебро аз замони ҷанги ҷаҳонии дувум ба ин сӯ мутаҳаммил шудааст.
Вазорат беҳдошти нимҷазираи Крим гуфтааст, ки дар ин инфиҷорҳо дасти кам як нафар кушта ва чандин нафар захмӣ шудаанд. Крим дар соли 2014 ба ишғоли Русия даромад ва Кремл онро ба хоки Русия мулҳақ кард, аммо то кунун ҳеҷ кишваре онро ба расмият нашинохтааст.