Рубрики Хабарҳо

Пулҳои Ҷамиларо кӣ дуздид? Ҷинояткорон ё Агроинвестбонк? Қиссаи талхи модари ду маълӯл

Ҷамила Комилова, сокини шаҳри Душанбе, ки 4500 доллар пулаш аз Агроинвестбонк гум шудааст, мегӯяд намедонад ба табобати фарзандонаш машғул шавад ё ба баҳс бо ин бонк.

Ончӣ дар ин ду рӯзи охир расонаӣ шуд, танҳо қисмате аз тақдири талхи ин зан ва ду фарзанди маълӯлаш аст, ки бо айби табибон бознишаста шудаанд. Дар сӯҳбат бо Ҷамила як эҳсоси ноумедӣ шунида мешавад. Ӯ мегӯяд аз соли 2011 то имрӯз даҳҳо мактуб ба Раисҷумҳар ва мақомоти дигари дахлдор навиштааст, аммо онҳо ё посухе намегӯянд ва ё посухашон ноумедкунанда аст.

Дар баҳси пулҳои гумшудааш бо Агроинвестбонк  ҳам саргум задааст, ки чӣ кор кунад: барои рӯёндани маблағ аз ин бонк талош кунад ё бо фарзандони маълӯлаш, ки айни ҳол барои табобат дар Ҳиндустон қарор доранд, машғул шавад. Чун баҳс бо бонк сарфи вақт ва аъсоб мехоҳад, ки надорад.

Ҷамила Комилова барои табобати фарзандонаш дар Ҳиндустон аз мардум кӯмак хоставу дар Агроинвестбонк суратҳисоб боз карда буд, ки ҳудуди 4500 доллар маблағ ҷамъ мешавад. Ӯ ба бонк муроҷиат мекунад, то ба ӯ корте диҳанд, ки пулҳоро тавонад тавассути ин корт дар Ҳиндустон истифода кунад. Ба ӯ ба ивази 24 доллар корт медиҳанд, аммо вақте дар клиникаи “Артивис”-и шаҳри Гургаони Ҳиндустон мехоҳад тавассути он муолиҷаи даҳрӯзаи фарзандонашро пардохт кунад, ба ӯ мегӯянд, ки корташ корношоям аст.

Ӯ ба банк нома менависад, аммо Агроинвестбонк дар посухаш (нусхаи он дар охири навишта нашр мешавад) мегӯяд, ки пулҳо баргардонида нахоҳанд шуд, чун онҳоро бо айби худи Ҷамила дуздидаанд. Аммо дуздӣ бо истифодаи рамзи корти Ҷамила дар Чин сурат гирифтааст. Ҷамила мегӯяд дар аввалин кӯшишаш ҳам, ки мехост пулҳояшро дар банкомат нақд кунад, банокмат посух додааст, ки нақд кардани пул аз ин корт имкон надорад.

Бонк дар посухаш навиштааст, ки кӯшиши ёфтани Ҷамила тавассути телефонаш кардааст, аммо маълум шудааст, ки рақами ӯ ба роуминг пайваст нест. Аммо Ҷамила мегӯяд ӯ тавассути почтаи электронӣ бо бонк чанд маротиба мукотиба анҷом додааст ва бонк метавонист тавассути почтааш ӯро огоҳ кунад.

Ҷамила дар мусоҳибааш бо мо гуфт баъди гирифтани корт на танҳо ба Чин сафар накардааст, балки рамзи корташро ҳам ҷузъ худаш касе намедонистааст. Агар воқеъан бонк рост мегӯяд ва рамзи корти Ҷамиларо банкомат дуздидааст, пас дар ин дуздӣ як ташаккули ҷиноии байналмиллалӣ даст дорад, ки рамзро дар Ҳиндустон медуздаду пулро дар Чин нақд мекунад. Аммо тавассути терминали як бонк дуздидану фиристондани рамз хеле шубҳаовар аст, чун бонки соҳиби он банкомат масъули ҳифзи банкоматҳояш аст. Агроинвестбонк ба Ҷамила ваъда мекунад, ки маълумоти аниқро дар бораи терминоле, ки рамзи ӯро дуздидааст, ироа хоҳад кард, аммо то ҳол ин маълумот ба дасти Ҷамила нарасидааст, ки шубҳаҳои дигарро эҷод мекунад.

Пас суоле бармеояд, ки оё воқеъан рамзи корти Ҷамила дар Ҳиндустон дуздида шудааст ё дар Тоҷикистон, аниқтараш дар дохили Агроинвестбонк? Як истифодабарандаи фейсбукӣ бо номи Шамсия Мирзоева дар шарҳи навиштаи Ҷамила дар фейсбук навиштааст, ки гӯё гунаҳгор пайдо шудааст ва он коргари Агроинвестбонк будааст. Худи Ҷамила дар сӯҳбат бо мо иқрор кард, ки қаблан ҳам бо Агроинвестбонк дар масъалаи пардохту интернет-банкинг мушкил доштааст.

Хонум Комилова мегӯяд ба додситонӣ, додгоҳ, дастгоҳи раисҷумҳур ва Бонки миллӣ дар ин мавзӯъ шикоят бурдааст, аммо то ҳол посухе нагирифтааст.

Ҷамила мегӯяд қаблан ҳам ба беэътиноиву масъулиятношиносии мақомоти Тоҷикистон рӯбарӯ шудааст ва умедаш хеле кам аст. Фарзандони ӯ дар натиҷаи як хатои табибон соли 2007 дар Хуҷанд мӯътод мешаванд ва ӯ ба додгоҳ муроҷиат мекунанд. Додгоҳ қарор содир мекунад, ки бояд табиб ва беморхона ба ӯ ҷуброни зарари маънавӣ ва маблағи муолиҷаи минбаъадаи фарзандонашро бипардозанд, аммо то соли 2011 ҳеҷ маблағе пардохт намешавад. Ҷамила соли 2011 ба почтаи электронии Раисҷумҳур мактуб мефиристад. Аз соли 2011 то имрӯзҳо ӯ даҳҳо мактуба ба Дастгоҳи иҷроияи Раисҷумҳур, Вазорати адлия, Шӯрои адлия ва ғайра макту мекунад. Аммо мактубҳои ӯ ё бе посух мемонанд, ё ҳар ниҳоде онро ба ниҳоди дигар вогузор мекунад.

Ҷамила мегӯяд, бо қарори додгоҳ аз сентябри соли 2009 танҳо маблағи хӯрокае, ки бидуни дарназардошти маблағи табобат ҳармоҳа бояд табиб ва беморхона ба фарзандонаш пардохт кунанд 550 сомонӣ будааст, ки то имрӯз ягон сомонӣ дарёфт накардааст.

Болои он ҳама зарару давутозу дардҳо, ин модари ду фарзанди мӯътод маҷбур аст барои пули кӯмаке, ки аз мардум гирифтааст бо яке аз калонтарин бонкҳои кишвар часпу талош кунад. Бонке, ки барояш 4500 доллар аз тақдири як оилаи ҳамватани ғарибаш, ки ба ин бонк бовар кардаасту пулҳояшро гузоштааст, арзишмандтар аст. Хуб ин ки пул барои бонк хуну ҷон аст ва ҳеҷ чизе барояш арзишмандтар аз он нест маълум аст, аммо билохира бояд ба хотири обрӯи худаш Агроинвестбонк пулҳои ин модарро пардохт мекард, ки накард.

Ҳатман ин бонк маҷбур ба пардохти пулҳои Ҷамила Комилова хоҳад шуд, аммо оё касе минбаъд ба Агроинвестбонк бовар хоҳад кард, суоли матраҳ аст.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *