Рубрики Хабарҳо

Иди каду гузашт, навбати тарбузу харбуза

8 сентябр бахшида ба 28-умин  солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иди харбуза ва тарбуз доир мегардад. Якшанбеи гузашта иди каду таҷлил гардида буд

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст. “Зикр шуд, ки иди мазкур бо ташаббуси вазорат ва дар ҳамкорӣ  бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Маҷмааи савдои «Меҳргон» баргузор карда мешавад” – омадаст дар хабар.

Тибқи иттилоъи манбаъ, иди мазкур аз оғози моҳи август дар тамоми ноҳияҳои мамлакат баргузор гардида, тарбузу харбузапарварон беҳтарин маҳсулоти худро дар шаҳри Душанбе ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.

Вазорати кишоварзӣ гуфтааст, Иди харбуза ва тарбуз бо мақсади ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат доир мегардад.

“Инчунин дар иди мазкур озмун ва мусобиқаҳо гузаронида шуда, ғолибон аз рӯи чор номгӯй муайян гардида, ба онҳо сипосномаю туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мегарданд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар баробари таҷлили Иди харбуза ва тарбуз дар ин рӯз ҷамъбасти Иди асал низ ба нақша гирифта шудааст, ки дар он навъҳои беҳтарини асали тоҷикӣ ба намоиш ва фурӯш пешниҳод мегарданд” – иттилоъ медиҳад манбаъ..

Баъди овардани хабар хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон ба васфи харбузу тарбуз пардохтааст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *