Владимир Путин раисҷумҳури Русия зимни мулоқот дар шакли маҷозӣ бо донишҷӯёни рус гуфт ҳеҷ қасре надорад ва нашри филми Алексей Навалнийро «мағзшӯӣ»-и мардум донист.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, навори қаср дар минтақаи Геленҷики Русияро пурра тамошо накардааст, чунки ӯ барои тамошои ингуна филмҳо вақт надорад. Аммо Путин гуфт, ки баъзе аз пораҳои ин филмро дидааст.
Дар бораи саҳеҳ будани маълумот дар ин филм, ки ахиран дар YouTube нашр шуд, аз Владимир Путин донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи нафтиву техникии Уфимск, Даниил Чемезов суол кард.
Вай гуфт, ки дар ин филм рафиқон, ҳамкорони собиқ, «кадом як хешовандони дур» ва шиносони ӯ ёдрас шуданд. Ҳамзамон раисҷумҳур зикр кард, ки дар ин филм ҳатто баъзе нафароне ёдрас шудаанд, ки ӯ умуман онҳоро надидааст.
Ба гуфтаи Владимир Путин, ин маълумот таи даҳ сол аст, ки расонаӣ шудааст ва имрӯз онҳо ҳамаи маълумотро ҷамъ оварда, «кушиш доранд мардуми моро бо ин мавод мағзшӯӣ кунанд».
Ёдрас мешавем, ки ахиран Алексей Навалний, ки худро мухолифи давлати Русия мешуморад ва ҳамзамон роҳбари Бунёди мубориза бо фасод аст, рӯзи 19-уми январ маълумотро дар бораи «Қасри Путин» ифшо кард. То ба имрӯз зиёда аз 90 млн нафар ин наворро тамошо кардаанд.