Рубрики Хабарҳо

“Гордиан”: сарбозони бритониёӣ эҳтимолан 80 афғонро ба қатл расондаанд

Бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда, эҳтимолан 80 шаҳрванди Афғонистон ҳангоми маъмурияти нерӯҳои вижаи Бритониё дар вилояти Ҳилманд байни солҳои 2010 то 2013 кушта шудаанд. 

Бар асоси асноди ҷамъоваришуда дар чаҳорчуби ин таҳқиқ, ки тавассути вакилҳои мудофеъи хонаводаи қурбониён анҷом шудааст, ин қатлҳо дар ростои иҷрои сиёсати “қатли ҳамаи мардони афғон дар сини ҷанг” сурат гирифтааст. 

Ин вакилҳо мегӯянд танҳо як сарбози бритониёӣ дар даврони ҳузури 6 моҳаи худ дар Ҳилманд, 35 шаҳрванди афғонро ба қатл расондааст. 

Бинобар ба гузориши “Гордиан”, додгоҳи ҷиноёти ҷангии ин сарбозон се моҳи дигар оғоз хоҳад шуд ва гуфта мешавад вазорати дифоъи Бритониё дастур додааст, ки асноду ҷузъиёти баргузории ин додгоҳҳо маҳрамона боқӣ бимонад. 

Яке аз сухангӯёни вазорати дифоъи Бритониё низ дар ин хусус мегӯяд: “ин баҳсе марбут ба як тими таҳқиқотӣ аст, ки лорди адлия Ҳаддон Кия, қозии аршади бритониёӣ онро раҳбарӣ мекунад ва ӯ таъйин хоҳад кард, ки кадом иттиҳомот мавриди баррасӣ қарор гиранд.” 

Интизор меравад ҷаласоти ин додгоҳ дар тирамоҳ баргузор шавад ва расонаҳои бритониёӣ аз ҷумла “Гордиан”, “Таймз”, ВВС, “Дейли мейл” аз ҳамакнун дархости вазорати дифоъ мабнӣ бар маҳрамона будани ҷаласоти додгоҳ ва адами ҳузури расонаҳоро ба чолиш кашида ва хостори баргузории алании ин ҷаласот шудаанд. 

Вакилони хонаводаҳои доғдида ҳам истидлол мекунанд, ки додгоҳҳои мубтанӣ бар таҳқиқоти умумӣ бояд то ҳадди имкон ба сурати умумӣ баргузор шаванд ба вижаи он ки иттиҳомот дар ин парванда бисёр ҷиддӣ аст. 

Қаблан тахмин зада мешуд, ки теъдоди қурбониёни афғон 54 нафар бошад аммо вакилҳои хонаводаи қурбониён истидлол мекунанд, ки ин парванда густурдатар аз инҳост ва теъдоди бештаре аз сарбозони бритониёӣ дар як улгуи густурда ва систематики ғайри қонунӣ, даст ба чунин ҷинояте задаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *