Рубрики Хабарҳо

Гуфтаҳои солеҳон дар дами марг

Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам аз рӯзе, ки ба дунё омаданд, мусибатҳои дунё домангирашон буд. Марги падар ҳанӯз ба дунё наомада, вафоти модар дар шашсолагӣ, вафоти падарбузурги сарпарасту ғамхор дар кӯчакӣ, вафоти фарзандони ҷигарбанд, азияту дашноми мушрикон, зарбу таҳқири кофирони Макка, вафоти Хадиҷаву Абутолиб, гуруснагиву бекасӣ, бадтар аз ҳама тарки ватану сарзамини муқаддас, мушкилоти ҳиҷрату фақирӣ, боз мусибату мусибатҳои дигар. Танҳо як донаи ин мусибат кофист камари ҷавонмардеро бишканад, аммо маҷмӯаи ин мусибатҳо инсонро пора месозад, магар Паёмбари баргӯзидаи Илоҳӣ, ки бо сабри худ намунаи тамоми уммату инсоният мебошанд.

Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам  тамоми умри худро дар дарду ғаму мусибатҳои пай дар пай сипарӣ намуданд. Аммо ваъдаи Илоҳӣ ҳақ аст, пас аз ҳар душворие осоние аст ва пас аз ҳар зулумоте рӯшаноӣ. Вақте Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам  пас аз муборизаву мусобираҳо давлати худро бино карданд, гурӯҳ-гурӯҳ мардумон ба сафи динашон медаромад, Макка сарзамини худро дубора ба даст гирифтанд, дар тамоми дунё ҳамчун паёмбар ва сардору волии ҷазираи араб шинохта шуданд, дигар ғамҳои дунё камгашта буд ва неъматҳои дунё барояшон фаровон шуда буд, аммо дар ҳини ин неъмату осоиштагӣ, дубора дунё бевафоияшро исбот намуд, бузургтарин мусибат барои уммат расид, мусибати марги Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам.

Аллоҳ ба русалаш ихтиёр дод, то якеро интихоб намояд, боқӣ мондан дар дунё ва ё реҳлат ба Охират. Паёмбаре, ки тамоми умр мусибат кашида, фақат дирӯз осудахотир гашта буданд, баҷои он, ки бигӯянд, ман мехоҳам ками дигар аз қудрати худ, аз неъматҳи дунявӣ лаззат барам бо тамоми шавқу иштиёқ гуфтанд:

بل الى رفيق الاعلى

На, ман дар дунё боқӣ монданро намехоҳам, ман Рафиқи Аълоро интихоб мекунам, ман пайваст шудан ба дорул охиратро мехоҳам.

Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам дунёро паси по карданд, агарчӣ соҳиби қудрату сарват гашта бошанд ҳам, ман дунёро намехоҳам гуфтанд, чун медонистанд, ки дунё ҷои зисту зиндагӣ нест, дунё роҳест барои расидан ба зиндагии ҳақиқӣ.

Вақте Ҳазрати Билол маргашон расид, ҳамсарашон Фотима дар сари болинӣ Билол нишаста, бо тамоми вуҷуд мегиристанд, мегиристанду мегуфтанд, вой, ки чӣ ғаму андуҳ расид, вой, ки чӣ мусибат дорем.

Билоли дар ҳолати иҳзорбуда ба ҳамсарашон гуфтанд:

“На Фотима, ғаму андӯҳ, на балки замони шодиву сурур аст. Ман ба назди Расулаллоҳ меравам, бо Расулааллоҳу асҳобаш дубора мулоқот мекунам, вой, ки чӣ қадар хушбахтист, дубора мулоқоти Расулу асҳобаш”.

Маъоз ибни Ҷабал саҳобии Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам шахсе, ки ҳамнишину ҳамрози Расулаллоҳ буд, ҳангоми вафоташ чунин гуфта буд:

“Павардигорам ман ҳамеша аз ту метарсидам, хавф доштам, аммо имрӯз ман ба раҳматат умед дорам, Парвардигорам ту худ медонӣ, ки ман боқӣ мондан дар ин дунёро барои неъматҳояш, боғу бустонаш, ва дарахту гулистонаш дӯст намедоштам, балки дар дунё зистанро дӯст медоштам, то ташнагонро об диҳам, ба афтодагон кӯмак расонам, дар ҳалқаҳои дуруси уламо мушорикат кунам. Ман дар дунё зистанро барои сохтани боғу бустон, хонаву сарват ҳаргиз дӯст надоштам, ман дар дунё зистанро барои кӯмаки фақиру муҳтоҷон нишатсан бо олимону сафар кардан барои талаби илм дӯст медоштам”.

Ин суханҳоро гуфтанд сипас “ло илоҳа илаллоҳ муҳаммад расулаллоҳ”- гӯён дунёро падруд намуданд.

Муслимаи Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *