Туула Юрёла, раҳбари дафтари Барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки ин дафтар дар кори худ тағйирот ворид кардааст.
Ин матлабро Хонум Юрла, рӯзи 16-уми ноябр, зимни сӯҳбат бо Озодӣ хабар дода, қайд кардааст, ки аз ин баъд номи ин созмон на “Намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе”, балки “Дафтари Барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе” хоҳад буд.
Ба гуфтаи Хонум Юрла, тағйири умдаи дигар, бастани 5 дафтари минтақавии созмони мазкур дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Кӯлоб ва ноҳияи Шаҳритӯсу шаҳраки Ғарм будааст.
Ҳамчунин бо сабаби баста шудани 5 дафтари минтақавӣ 45 корманди ин созмон ихтисор карда шудаанд.
Илова кардан ба маврид аст, ки бино ба иттилоъи пойгоҳи хабаррасонии САҲА дар шаҳри Душанбе, тасмими тағйири мақоми ҳузури САҲА дар Тоҷикистон, аз 1 июни соли 2017 дар шаҳри Вена тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА, гирифта шудааст.
Тағйирот дар кори САҲА дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳукумати Тоҷикистон дар эътироз ба иштироки мухолифини ҳукумати кишвар дар ҷаласаи САҲА оид ба Ҳуқуқи башар дар Варшаваи Лаҳистон, аз ин созмон хост то мақоми ҳузури худ дар Тоҷикистонро тағйир диҳанд.