Рубрики Хабарҳо

Муроҷиъат ба раиси ҲНИТ: Телевизион боз кунед!

Гурӯҳи муҳоҷирони тоҷики муқими шаҳри Оренбурги Русия муроҷиъатномае ба унвони раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ навишта, аз мо хоҳиш кардаанд онро нашр кунем. Онҳо аз раиси ҲНИТ ва аъзои раёсати олии он талаб кардаанд, як телевизион роҳандозӣ кунанд.  

Матни он муроҷиъатнома ба шакли зер аст:

Ба раёсати олии ҲНИТ, ба раиси мӯҳтарами ҲНИТ, ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ

Аз номи як гурӯҳи калони муҳоҷирони дур аз ватан дар шаҳри Оренбург.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, кӯшишу ғайрати худро дар таъсис додани як студияи телевизионӣ зиёдтар намоед. Медонем, ин кор бароятон хеле мушкил аст, маблағу заҳмати зиёд мехоҳад, вале иншоаллоҳ, агар Шумо ин корро оғоз намоед, боварӣ дорем, ки бо инояти Худованди қодиру тавоно ва дастгирии ҳамаи бародарони мусалмон дар дохилу хориҷ, муваффақ хоҳед шуд.

Мо муҳоҷирон аз ин режими хунхор дилгир шудем, шояд бо ин восита номуси мардуми мусалмони тоҷик бедор шавад.  Мо бовар дорем, ки муроҷиати мооро ҳамаи марудми Тоҷикистон дастгирӣ мекунанд. Инчунин, ногуфта намонад, ки дар сурати амалӣ шудани чунин кор, ҳамаи аҳли зиё, равшанфикрону журналистон бо шумо ҳамкории зич менамоянд.

Бо эҳтиром,

Гурӯҳи муҳоҷирон

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *