Рубрики Хабарҳо

Озодии Шоҳнаими Карим аз зиндон (Акс)

Додгоҳи олии Юнон истирдоди Шоҳнаими Карим, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро ба кишвар рад карда, ӯро озод кард. 

Муҳиддин Кабирӣ, Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи додгоҳии Шоҳнаими Карим (Мирзораҳим Кузов), узви Раёсати олии ҲНИТ дар Юнон ҳузур дошт,  гуфт:

“ Чанд лаҳза пеш қозии Додгоҳи олии Юнон дархости тарафи Тоҷикистон дар бораи истирдоди Шоҳнаими Каримро рад кард ва қарор қабул кард, ки ӯ аз ҳабс озод карда шавад ва ҳамин тариқ ҳукми Додгоҳ аз ҳамин лаҳза ба иҷро расид.”

Раиси Наҳзати исломӣ афзуд: “ Инчунин дар ин додгоҳ ба ғайр аз вакилони дифоъе, ки ба хотири ҳимояи ҳуқуқҳои ӯ гирифта шуда буданд, худи ман  ҳам шахсан ширкат ва суханронӣ кардам ва ҳам ба суолҳои додситон ва қозии додгоҳ ва дигар иштирокчиёни ин додгоҳ посух додам. Дар натиҷа Додгоҳи олии Юнон қарор қабул кард, ки даъвои тарафи Тоҷикистон рад карда шавад ва инчунин худи додситони Юнон ҳам, ки тибқи номаи расмии Додситони кулли Тоҷикистон масъули дархост аз додгоҳ барои истирдод буд, тамоми масъалаҳоро баррасӣ кард ва ба Додгоҳи олии Юнон тавсия дод, ки дархости Тоҷикистон дар бораи истирдоди Мирзораҳим Кузов рад карда шавад ва далелҳои овардаи ҳам вакилон ва ҳам шоҳидон ба назар гирифта шавад.”

Ӯ бо дархости Интерпол тавассути мақомоти юнонӣ шаби 10-уми октябри соли 2017 соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ боздошт шуда буд, баъд аз 49 рӯзи боздошт дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Афина, пойтахти Юнон, ки шаби 09-уми октябри соли ҷорӣ сурат гирифта, нимаи дуюми имрӯз озод шуд.

Шоҳнаими Карим барои иштирок дар ҷаласаҳои солонаи ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), ки аз 11-ум то 22-юми сентябр соли ҷорӣ дар шаҳри Варшава баргузор гардид, ба Лаҳистон омада буд ва ҳангоми бозгашт дар роҳ боздошт шуда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *