“Боздошт, ҳабс, мурофиъа ва ҳукми додгоҳи Маҳмурод Одинаев комилан сиёсӣ аст”
Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ дар ин бора рӯзи 28-уми январ Маҳмурод Одинаеви муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро, ки аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ низ буд ба 14 сол зиндон маҳкум кард. Агар Додгоҳи Олӣ ин қарорро бозбинӣ накунаду умр вафо намояд, Одинаев, ки 59 сол дорад, танҳо дар 73 солагиаш ба озодӣ мебарояд.
Додситон ба муовини раиси ҲСДТ 15 сол талаб кард ва додрас Сайкабир Ҷалилзода, ки парвандаро доварӣ мекард, Одинаевро ба «авбошӣ» ва «даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон» гунаҳкор дониста, ӯро барои 14 сол равонаи зиндон намуд.
Ба навиштаи Радиои Озодӣ, эълони ҳукми Маҳмурод Одинаев ва писараш Ҳабибулло Ризоев қариб як соат тӯл кашидааст. Додрас Сайкабир Ҷалилзода гуфт, гуноҳи Одинаев бо иттиҳоми “авбошӣ” ва “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” исбот шудааст.
Писари ӯ Ҳабибулло Ризоев, ки ба авбошӣ муттаҳам шудааст, ба пардохти 58 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф шуд. Додситон барои ӯ 4 соли зиндон талаб карда буд. Писари дигараш, Шайхмуслиҳиддин Ризоев, ки низ ба авбошӣ муттаҳам мешавад дар боздошт аст.
Камтар касе дар Тоҷикистон ва берун аз он шубҳа дорад, ки парвандаи Одинаев сиёсӣ аст. Ӯ аз мунтақидони сарсахти режими Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолтарин сиёсатмадори мухолиф дар дохили кишвар маҳсуб мешуд. Фаъолиятҳои ҷасуронаи сиёсиву иҷтимоияш боис шуданд на танҳо худаш, балки кулли хонаводааш ба ғазаби мақомоти интиқоддӯстнадори Тоҷикистон гирифтор шаванд.
Ҳоло Маҳмурод Одинаев сардори хонавода баъди шиканҷаи зиёд ба 14 соли зиндон маҳкум ва яке аз писаронаш ба пардохти 58 000 (беш аз 5000 доллар) сомонӣ ҷарима муваззаф шудааст. Як писари дигараш дар боздошт қарор дорад ва мунтазири ҳукмаш аст. Писари бузурги ӯ, Суннатулло Ризоев, ки солҳо пеш зиндон шудаву бинобар шоҳидӣ доданаш ба шиканҷаи маҳбуси дигар ба ҳукмаш изофа шудааст, ҷавониашро дар зиндон гузаронд.
Худи Маҳмурод Одинаев қабл аз ворид шудан ба толори додгоҳ ба хабарнигорон гуфтааст, ки шиканҷа шуда ва сутунмӯҳрааш осеб дидааст. Аз ӯ талаб кардаанд, ки алайҳи раиси ҲСДТ ва чанд хабарнигор шаҳодати бардурӯғ бидиҳад, аммо ӯ қабул накардааст.
Одинаев баъди эълони ҳукм бо хитоб ба додрас гуфтааст: “Худо ҳаст. Ман бори дигар бовар ҳосил кардам, ки дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ нест.”
Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфта аз ҳукми додгоҳ нисбат ба муовинаш розӣ нестанд ва аз рӯйи он ба Додгоҳи олӣ шикоят мебаранд.
Додрас зимни эълони ҳукм асосан дар бораи авбошӣ сухан гуфта, иттиҳоми Одинаев бар асоси қисми 2-и моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ ё “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон”-ро шарҳ надодааст. Танҳо гуфта, Маҳмурод Одинаев рӯзи 16-уми ноябри соли гузашта дар саҳифаи фейсбукиаш аксҳои Ҳизби наҳзати исломӣ, Гуруҳи 24 ва Паймони миллии Тоҷикистонро нашр карда, “ба тазоҳуроти ғайриқонунӣ даъват кардааст.” Худи Маҳмурод Одинаев инро беасос донистааст.
Дар ҳамин ҳол дар бораи одамрабоӣ, латукӯбу таҳқири фарзанди Маҳмурод Одинаев ҳарфе нест ва касе дар ин масъала ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Ҳади ақал мақомот шарҳ намедиҳанд, ки писари беморӣ Маҳмурод Одинаев чӣ гуна дар комиссариати ҳарбӣ пайдо шуд ва кӣ бо кадом ҳадаф ӯро ба онҷо бурд. Ҷабрдида ва падараш мегӯянд, ки ӯро аз назди хонааш дуздида бо латукӯб ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини дигари раиси ҲСДТ низ дар гуфтугӯ бо Паём ба ҳамин масъала таъкид кард. Ӯ гуфт писари Маҳмурод Одинаев “муддати зиёд дар қайди муассисаҳои марбути табобатӣ қарор дошт ва номукаллаф буд, чун вазъи равониаш хароб шудаст. Инро қаблан додситони ноҳия низ эътироф карда буд”.
Ӯ ҳамчунин гуфт ончӣ аз гуфтаҳои Маҳмурод Одинаев хабар дорад ин аст, ки эътироз кардааст чаро фарзандони мансабдорон ба хизмати ҳарбӣ намераванду танҳо камбағалонро мебаранд. Додгоҳ дар кадом асос ва кадом ҳарфи Одинаевро ҳамчун авбошӣ ва таҳқир талаққӣ кардааст “ба мо маълум нест”. Зеро “на ҳамҳизбиҳо, на наздикон ва на созмонҳои ҳуқуқиву иҷтимоӣ ба мурофиъа роҳ дода нашуданд”.
Дар мавриди ин ки чаро Созонҳои ҳуқуқи башар ба қазияи муовини ягона ҳизби мухолифи як кишвар вокуниши ҷиддие накарданд, Ҳакимов гуфт, ки шояд онҳо мунтазири нашр шудани сандаҳои расмӣ ҳастанд.
Шуҳрат Қудратов, вакили дифоъ ва узви ҳамин ҳизб, ки қаблан бо иттиҳомоти сохта зиндон шуда буд, мегӯяд боздошт, ҳабс, мурофиъа ва ҳукми додгоҳ ҳамагӣ комилан сиёсианд. “Сабаби аслии боздошти Одинаев андеша, мавқеъи сиёсӣ ва фаъолияти ӯ мебошад. Ин қарор на дар Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, балки дар Дастгоҳи раисҷумҳур қабул шудааст”. — таъкид кард ӯ.
Ӯ гуфт “аз рӯи наворҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар ҳаракоти Маҳмурод Одинаев ва ҳамсараш, ки ба боздошти ғайриқонунии фарзанди беморашон дар назди комиссариати ҳарбӣ эътироз карданд, таркиби ҷиноят дида намешавад. Агар ҳатто дар кори ӯ ҳуқуқвайронкуние ҷой дошт, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ буда, ҷазояш танҳо ҷарима аст. Баръакс боздошти фарзанди ӯ ғайриқонунӣ буда, фишор болои Одинаев мебошад”.
Ин вакили дифоъ имкони истифодаи шиканҷа нисбати Одинаевро баъид намедонад. “Албатта ман бо қотеъият гуфта наметавонам, ки ӯро шиканҷа кардаанд, чун шоҳид надорам, аммо ин ки нисбати чунин маҳбусон аз шиканҷа кор гирифта мешавад, мутмаъинам” — гуфт ӯ.
Шуҳрат Қудратов мегӯяд ҳарду моддае, ки нисбати Одинаев татбиқ кардаанд, дар амалкардҳои ӯ ҷой надорад ва собит кардани он бисёр сон аст. Аммо чун парванда сиёсӣ аст ва дар Тоҷикистон додгоҳҳову додситонӣ пурра ба ҳокимияти иҷроия вобастаанд, касе ҷуръат намекунад талаби ҳукуматро ба назар нагирад. Ӯ мутмаъин аст, ки Додгоҳи Олӣ низ ҳукмро бетағйир хоҳад гузошт.
Ба суоли Паём дар ин бора, ки оё имкони шиканҷаи Маҳмурод Одинаев вуҷуд дорад Қудратов посух дод, ки ин имкон хеле зиёд аст, чун дар муассисаҳои ислоҳотӣ низ аз мақомоти иҷроия супориш мегиранд, ки ба фалон маҳбус бояд муносибати махсус шавад. Ӯ имкони аз байн бурда шудани Одинаев дар зиндонро низ баъид намедонад.
Камтарин мухолифат бо режим ё писанд наомадан ба яке аз аъзои хонаводаи “пешво” метавонад на танҳо худи нафар, балки тамоми хонаводаи ӯро бадбахт созад. Ҳамсару фарзандони бегуноҳи Маҳмурод Одинаев ягона хонаводае нестанд, ки бинобар фаъолияти сиёсии узви оилаашон мавриди хашми режим қарор гирифтаанд. Қаблан хонаводаҳои мухолифину фаъолони зиёде ба ин ҳол гирифтор шуда буданд. Сар аз хонаводаи Зайд Саид, Ҳоҷӣ Ҳалим ва аъзои аршади ҲНИТ то ҳатто хонаводаи муҳоҷироне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарфе алайҳи ин режим гуфтаанд.
Албатта ҳадафи режим аз ин кор тарс додани мардум аст, ки ба хотири пешгирӣ аз озори хонаводаашон даст ба мухолифат назананд. Аммо таҷрибаи таърих нишон додааст ва он дар Тоҷикистон ҳам дар ҳоли такрор шудан аст, ки ингуна террори саросарӣ танҳо ва танҳо натиҷаи баръакс медиҳад ва сари худи режимро мехӯрад. Маҳмурод Одинаев, новобаста аз он ки ба озодӣ мебарояд ё на, барои ҳамеша қаҳрамони мардумӣ боқӣ монда, номаш чун ҷасуртарин мухолиф сабти таърих мешавад. Аммо ҳайфи онҳое, ки номи худро на танҳо дар таърих, балки назди ҳафт пушташон чун золим, пайрави золим ва лаганбардори золим сабт карданд.