Телевизиони давлатии Русия рӯзи якшанбе бисту шашуми июн эълом кард, ки Владимир Путин дар ҳафтаи пешорӯ аз ду кишвар боздид хоҳад кард ва билофосила мизбони раҳбари як кишвари осиёӣ дар Москва хоҳад буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки Путин аз замон оғози таҳоҷуми низомии кишвараш ба хоки Укроин аз Русия хориҷ нашуда, ин аввалин сафари расмии эъломшудаи раиси Кремл ба хориҷ аз кишвар пас аз судури фармони ҳамла ба ҳамсояи ғарбии Русия хоҳад буд.
Таҳоҷуми низомии Русия ба хоки Укроин, ки Маскав онро “амалиёти вижа” мехонд аз рӯзи бисту чаҳоруми феврал то кунун, ки ҳазорон кушта ва миллионҳо овора ба ҷо гузоштааст.
Владимир Путин дар охирин сафари хориҷии эъломшудаи худ ба хориҷ аз кишвар аввали феврали гузашта, бисту се рӯз пеш аз оғози таҳоҷуми низомии кишвараш ба Укроин озими Пекин шуда буд. Ў дар ин сафар ба ҳамроҳи Ши Ҷин Пинг, ҳамтои чинии худ дар маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпии замистонии Пекин ширкат кард. Раҳбарони ду кишвар сипас дар поёни гуфтугӯҳои худ аз тавофуқ бар сари як “паймони дӯстӣ бидуни маҳдудият” хабар доданд.
Рейтерз рӯзи якшанбе дар гузорише ба нақл аз хабарнигори шабакаи телевизионии давлатии “Росия 1” дар Кремл эълом кард, ки Владимир Путин ба зудӣ аз Тоҷикистон ва Туркманистон дидан хоҳад кард ва сипас дар бозгашт ба Маскав ба мулоқоти Ҷоко Видодо, раисҷумҳури Индонезия меравад.
Путин дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дидор хоҳад кард. Дар барномаи «Москва. Кремл. Путин» дар телевизиони «Россия 1» рӯзи якшанбе гуфтанд, Путин бо раисиҷумҳури Тоҷикистон «гуфтугӯи муҳим» ва хӯроки нисфирӯзии корӣ хоҳад дошт.
Мавзӯи суҳбати раҳбарони Тоҷикистону Русия маълум нест. Душанбе дар бораи сафари Путин тафсилот надодааст.
Раисҷумҳури Русия дар Ашқобод тайи нишасте бо сарони кишварҳои ҳошияи баҳри Хазар аз ҷумла раҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистон дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.
Сухангӯи Кремл ба тозагӣ ва пас аз сафари охири Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия ба Теҳрон, бидуни мушаххас кардани таърихи дақиқ аз қатъӣ будани сафари қарибулвуқуъи Владимир Путин ба Эрон хабар дода буд.
Дмитрий Песков ҷумъаи гузашта дар посух ба саволе дар хусуси эҳтимоли сафари Владимир Путин ба Теҳрон гуфта буд: “раисҷумҳур қатъан ба зудӣ ба он ҷо хоҳад рафт аммо ҳанӯз таърихи дақиқи он мушаххас нашудааст.”
Ин дар ҳолест, ки як рӯзи қабл аз он, Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар нишасти хабарии муштарак бо Сергей Лавров ибрози умедворӣ карда буд, ки нишасти сарони кишварҳои Эрон, Туркия ва Русия ба зудӣ дар Теҳрон баргузор шавад.
Русия дар пайи ин таҷовузи низомӣ бо шадидтарин таҳримҳои Ғарб мувоҷиҳ шудааст.