Рубрики Хабарҳо

БАҲС МИЁНИ МУХОЛИФИН

Радиои «Озодӣ» ташаббуси беҳтаринро роҳандозӣ кард. Дар фазои мурдаи пешазинтихоботии Тоҷикистон охири охирон таҳаввулоте рух дод. Вақте ҳамагон ба овозаи сеюмин бор ба шавҳар баромадани Сурайё Қосимова иктифо мекарданду ташаккураш мегуфтанд, ки аққалан дар фазои мотамолуду вирусзадаи ҷомеаи тоҷик як ҳангомаву хушҳолие ба миён овард. Ҳама ин овозаро фаъолона муҳокима мекарданд, зеро чизи муҳими дигаре барои муҳокима дар даст надоштанд. Ва, инак мубоҳисаи сиёсӣ дар арафаи интихоботи президентии Тоҷикистон, ҳарчанд на миёни номзадҳо ба мақоми президентӣ, балки мубоҳиса миёни лидери оппозитсияи тоҷик ва оппозитсияи оппозитисияи тоҷик. Хуб, ба назари аввал аҷиб менамояд. Вале, чи кунем, ки воқеияти имрӯзаи вазъи сиёсии Тоҷикистон ҳамин аст. 

Новобаста аз ҳама баҳси онлайнӣ миёни Муҳиддин Кабирӣ ва Додоҷон Атовуллоевро, ҳатто берун аз ҳудуди Тоҷикистон ҳам, дар ҳаёти сиёсии кишвар метавон чун як падидаи мусбӣ арзёбӣ кард. Баҳси рӯ ба рӯ ва кушода ин ду чеҳраи дар расонаҳо маъруфи оппозитсиюни тоҷикро ба мардум шиносонид. Аз ҳама муҳим имкон фароҳам овард то тамошобини тоҷик баҳси зиндаи даъвогарони лидериро бо чашми худ бубинад ва заковати эшонро бо тарозӯи ақл баркашад. Албатта ки ин баҳс миёни ду номзад ба ягон вазифаи давлатӣ набуд. Вале онро метавон чун тамрин барои баҳсҳои минбаъдаи сиёсӣ бо хушбинӣ пазируфт. Ба ҳар ҳол ин баҳс гиреҳи мухолифати миёни ду оппозитсионери тоҷикро то андозае кушод ва пардаро аз рӯи низоъи чандинсолаи онон бардошт. Ақалан акнун ҳар нафаре метавонад бо роҳатӣ ва бе дудилагӣ ба кадоме аз инҳо пайравӣ намояд, ки ихтиёраш аст.  

Маҳз бо ҳамин тарз дар як ҷомеаи демократӣ сиёсатмадорон ва ё элитаи сиёсӣ худро ба мардум мешиносонанд, аҳзоби мухталиф барномаҳояшонро муаррифӣ намудаву камбудиҳои рақибашонро дар солҳои роҳбарияш нишон медиҳанд. Мутаассифона, дар дохили Тоҷикистон алҳол ин намуди баҳсҳо одат нашудааст. Масалан, то ҳол касе ҳангоми маъракаҳои пешазинтихоботӣ шоҳиди мунозираи сиёсии президенти амалкунандаи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон бо кадоме аз рақибонаш ба мақоми президентӣ нагардидааст. Ва баъзан намефаҳмӣ, ки чаро бархе аз шаҳрвандон дар расонаҳо “перзиденти ман!”, “интихоби ман!” мегӯянд. Аҷиб, ки ин тасмимро пас аз муқоисаи ӯ бо кадоме аз номзадҳо мегирифта бошанд. 

Интригаи асосии ин дебат, ки диққати тамошобинонро сахт ба худ ҷалб намуд, дар он буд, ки Атовуллоев метавонист ба Кабирӣ дарафтад ва ӯро ба қавли худаш пеши мардум “беобрӯ” созад. Додоҷон ин мақсадашро дар эълони ҳангомаҷӯёнаи 5 октябр, се рӯз пеш аз оғози мубоҳиса дар фейсбук чопкардааш пардапӯшона иброз дошт ва, бешубҳа, дастгирии ҳаводоронашро чашмдор буд.  Баъзе аз ҳаводоронаш дар зершарҳи эълони Додоҷон на танҳо ин иқдомашро ба пуррагӣ , балки  ӯро ба ин кор таҳрик ҳам додаанд. Ҳарчанд одоби шарқиву мусулмонӣ баҳсҳои дағалонаву бадномкуниҳои тӯҳматомезро дар сатҳи боло ва пеши чашми мардум намепазирад. Хушбахтона, чунин ҳам нашуд ва барандаи мубоҳиса Мирзонабии Холиқзод пеши роҳи кӯшишҳои оташафрӯзиро ба хубӣ гирифта тавонист ва аз худ як намунаи муҷрии одилро ба намоиш гузошт. Иштирокчиёни дебат ба саволи асосӣ — сабабҳои ба ҳам наомадани оппозитсияи тоҷик ҷавоби саҳеҳ нагуфта бошанд ҳам, ҳар кадоме мавқеи худро нисбати мухолифати миёнашон дар Аврупо то андозаи басанда иброз намуданд.  

Ин ки чаро ду мухолифи дар ҳиҷрат қарордоштаи тоҷик ба ҳам намеоянд ва, зиёда аз ин ба ҳам дармеафтанд ва ё чаро оппозитсиюни тоҷики батамом муттаҳида алҳол рӯи саҳна наомада, мавзӯи таҳлилҳои дигар аст. Мехостам чанд мушоҳидаамро аз ин мубоҳиса ба риштаи таҳлил бикашам.     

Як нуктае, ки таҳлилгари мустақили тоҷик ба радиои “Озодӣ” баён намуд ва дар аснои ин муҳокима намоиш дода шуд, он буд, ки ҳукумат ба парокандагии оппозитсиони тоҷик дар хориҷа то андозае таъсир расонидаву дар ин ҷода муваффақ ҳам гардидааст. Албатта агар чунин кӯшишҳое аз ҷониби ҳукумат рух дода бошад ҳам он то ҳоло паси парда аст, зеро пеши чашми мардум сурат нагирифтааст ва далелеро низ барои тасдиқи ин амал рӯи даст надорем. Вале вақте таҳлилгаре чун Шокирҷон Ҳакимов инро рӯирост эълон менамояд, пас зери коса нимкосае ҳаст албатта. 

Аввал ин ки таи чанд соли охир Додоҷон Атовуллоев, ин мунаққиди сарсахттарини Раҳмон дигар аз танқиди ҳукумат лаб бастааст, ки сабабашро касе намедонад. Сониян, дар эълони пеш аз мубоҳиса додааш, ки дар боло зикраш рафт, Додоҷон махсусан номи журналистону муҳаққиқони “мустақил”-еро аз қабили Саломиддин Мирзораҳматов, Абдуқодир Талбаков, Сайф Достиев, Ҳуринисо Ализода, Нуралӣ Хоркашев ва Абдулло Раҳнамо, ки тарафдории рӯиросташонро аз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон пинҳон намедоранд, қайд намудааст. Инро метавон ишораи бавоситае шумурд ба мавҷудияти ҳамкорӣ миёни Додоҷон ва мубаллиғони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон. Саломиддин Мирзораҳматовро оид ба баҳси баргузоршуда дар саҳифаи фейсбукии Додоҷони Атовулло, ки аз эҳтимоли муттаҳидгардии ин ду оппозитсионер сахт ташвиш аст ва ба оташи ҷанҷолашон равған мерезад, метавон чун тасдиқи гуфтаҳои боло мисол овард.  

Ҳангоми мубоҳиса чандин маротиба рақиби худ эълон намудани Кабириро аз ҷониби Додоҷон низ метавон яке аз нишонаҳои ҳамкориаш бо ҳукумати Раҳмон шумурд. Ҳамагон медонанд, ки рақиби асосии Кабирӣ дар тӯли панҷ соли муҳоҷираташ танҳо Раҳмон будааст, ки ӯро бо ҳар роҳе дар олам бадном кардан хоставу чандин маротиба даъват намудааст, ки Аврупо ин лидери оппозитсиюнро боздошта ба дасташ бидиҳад. Ҳамзамон аз ҷониби ҳукумат яку якбора авф намудани Атовуллоев — ҳамчунин рақиби Раҳмон, ҳоло ҳам барои мардум суолбарангез боқӣ мемонад. Вақте Додоҷон Кабириро батакрор рақиби худ эълон менамояд, бегуфтугӯ дар як сангар бо Эмомалӣ Раҳмон қарор мегирад. 

Чаро пешопеши баргузории интихоботҳо дар Аврупову Амрико аз чунин дебатҳои рӯбарӯ истифода мебаранд ва барандаи ҳирфаӣ ба мусоҳибин, ҳамчунин худи рақибон ба ҳамдигар суолҳои ногаҳонӣ медиҳанд, ки дарҳол ҷавоб доданро тақозо менамояд? Дар ҳолати ногувор ҳар иштирокчии дебат барои ҳимояи мавқеи худ ва дарёфти холҳои зарурӣ танҳо аз далелҳои дар зеҳнаш буда истифода карда метавонаду халос. Бо истифода аз иттиҳомоте чун “асри санг” (яъне қафомондагӣ) дар нисбати Кабириву тарафдоронаш Атовуллоев возеҳан иброз дошт, ки нисбати қишри тақводори тоҷик ва тарафдорони ҳизби характери динӣ дошта муносибати оштинопазир дорад. Боиси таассуф аст, ки сиёсати рӯирости динситезонаи Раҳмон дар шакли пахши барномаҳои мунтазами телевизионӣ, ки мекӯшад қишри батақворо дар назари шаҳрвандони дунявипараст тахрибкор ва қафомонда нишон диҳад, дар 10 соли охир ҷомеаи тоҷикро тавонистааст ба ду гурӯҳи то андозае ба ҳам зид ҷудо намояд.  Ҳамчунин ҳуҷуми рӯирости гурӯҳҳои таблиғотии зиддидинӣ алайҳи мардону занони батақво дар кӯчаву бозорҳо ин мардумро нисбати ҳукуматдорон ғазаболуд гардонидааст ва шиддати иҷтимоиро дар ҷомеа боло бурдааст.  

Ҳамчунин як сабаби ба ҳам наомадани оппозитсияи гуногунтаркиби тоҷик дар рушд накардани фарҳанги мардумсолорӣ миёни шаҳрвандони кишвар аст. Касе гуногуниро қабул надорад. Ҳар гурӯҳе мехоҳад ба ҷомеъа ҳамон ҷомаеро пӯшонад, ки худаш дар бар дорад. Аз он фаромӯш мекунем, ки ҳеҷ гоҳе дар ҳеҷ ҷамъияте мардуми он якранг набудаанд. Сабаби асосии рушди бисёрҳизбӣ ва гуногунандешӣ дар ҷомеаи демократӣ низ маҳз дар ҳамин аст. Ва ин гурӯҳу ҳизбҳо дар навбати худ дар мақомоти қарорқабулкунанда аз манфиати тарафдорони худ ҳимоя менамоянд. Барои муаррифии пурраи ҳама гурӯҳҳо, ҳатто ноҳиявӣ ҳам, масалан парлумони Шветсия, ки аҳолиаш қариб баробари Тоҷикистон аст, бештар аз 350 вакил дорад. Дар гузаштаи начандон дур ҳамаамон шоҳиди он будем, ки сиёсати коммунистӣ, ки мехост ҳама сокинонро иҷборан зери чатри идеологияи худ бикашад, чи гуна шикаст хурд ва бебунёдии худро исбот намуд.   

Агар аз ростӣ бингарем, миёни Кабириву Атовуллоев, раҳбари як ҳизби сиёсӣ ва як журналисти мустақил набояд ягон мероси тақсимношудае монда бошад. Дар ҳайати гуногунтаркиби оппозитсияи дар Аврупо ҷамъомадаи тоҷик, ки аз сиёсати саркӯбгаронаи Раҳмон гурехта ба ин минтақаи нисбатан бехавфи олам паноҳ бурдаанд, ҳам Кабирӣ ва ҳам Атовуллоев ба осонӣ мавқеи комилан алоҳидаи худро дошта метавонанд. Яъне, дар ин маврид касе ҷои касеро танг намекунад. Атовуллоев ҳамеша як журналисти озодқалам буд, ки барои пешравии кишвар дар даврони озодихоҳӣ ва истиқлолият саҳми бузург гузошта омадааст. Ӯ ҳеҷ гоҳ роҳбари ягон ҳизб ва ё гурӯҳи сиёсие набуд, ки бо Кабирӣ барои курсиҳои парлумон ё мансаби президентӣ мубориза бурда бошаду рақибаш хонад. Худаш ҳам дар чандин мусоҳибаҳояш инро иброз доштааст, ки талабгори ягон курсии давлатӣ нест ва ҳамеша дар оппозитсия муқобили ҳар ҳукумате хоҳад истод.  Пас ин зиддияти бошиддат миёни онҳо аз куҷост?  

Атовуллоев метавонад дар ҳамбастагӣ бо журналистони дигари ҳирфаии тоҷик чун Бахтиёр Аминӣ, Саидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, Абдуазим Абдуваҳҳоб, Ҳарамгули Қодир ва Ҳафиз Бобоёров, ки паноҳандаи Аврупо ҳастанд як блоки боқуввати журналистие ба вуҷуд овардаву барои аз миён бурдани ҳукумати диктатории Раҳмон бо қалами худ саҳми босазо гузорад. Ҳатто бе иттиҳод бо Кабирӣ ҳам. Магар ҳам барои Кабирӣ ва ҳам барои Атовуллоев ин мақсади асосӣ нест? Бигзор барои як давраи муайян ҳам бошад. 

Боз ҳамон суол ба миён меояд, ки ин баҳс бо Кабирӣ барои Додоҷон чи лозим буд? Барои касе пӯшида нест, ки ҲНИТ ҳизби дар Тоҷикистон пуртарафдорест. Тарафдорони воқеӣ, ки чандин маротиба ба участкаҳои овоздиҳӣ омадаву ба дастгирии ин ҳизб овоз додаанд. Бе маҷбуркунии бригадиру сардорҳо. Ин нафарон ба ҳизб ҳам зери фишори мақомоти давлатӣ, корхонаҳои буҷавӣ ва мактабҳои олӣ шомил нагардидаанд. Яъне, роҳбарони ин ҳизб ҳеҷ гоҳ соҳибқудрат ҳам набуданд, ки аз чунин захираҳои давлатӣ истифода кунанд. Пас магар муборизаи Додоҷон бо Кабириву ҳизбаш мубориза бо як қисми мардуми Тоҷикистон нест? Пас ба қафомондагӣ муттаҳам кардани ҳизбу тарафдоронаш дастгирии иттиҳомоти Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин гурӯҳи қонунан таъсисёфтаи мардуми тоҷик нест, ки барои аз рақиби ҷиддии сиёсӣ халос шудан беасос террорист эълонаш карду ин иттиҳомот аз ҷониби ягон давлати дигар ва ҳам созмонҳои байналмилалӣ эътироф нагардид? Биёед як андеша кунем. 

Ҳоло ки ин ду мухолифи зери фишори рӯирости Эмомалӣ Раҳмон аз Тоҷикистон гурехта беҳуда дар Аврупо бо ҳам хархаша доранд, президенти дарозумртарини паҳнои собиқи шӯравӣ роҳат худро дар дохили кишвар бори панҷум ва бетанаффус президент эълон мекунад.      

Анвар Мунавваршоев,

таҳлилгари сиёсӣ   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *