Иёлоти муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтаанд барои таъсиси ва рушди васоити озоди ахбои омма дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна 15 миллион доллар ҷудо кунанд.
Ин иқдом тибқи иттилои Russia Today барои камтар кардани таъсири ВАО-и Русия дар минтақа гирифта шудааст.
Маблағгузори ин тасмим Агентии тавсеъаи байналмиллалии Иёлоти Муттаҳида (USAID) гуфтааст, ки ВАО-и маҳаллӣ бо расонаҳои Русия рақобат карда наметавонанд.
“Бо назардошти ҳассосият ба нуфузи Русия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ин фаъолият на ба муборизаи мустақим бо ин нуфуз, балки ба тавсеъаи тавоноии шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар таҳлили маълумоте, ки ВАО паҳн мекунанд ва боло бурдани сатҳи дониши расонаии шаҳрвандон ва беҳтар кардани сифати саводҳои ВАО-и маҳаллӣ равона карда мешавад” — қайд кардаанд муаллифони ин барнома.
Дар ҳуҷҷат гуфта мешавад дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон шабакаҳои телевизионии Русия манбаъи асосии маълумот боқӣ мондаанд.