Рубрики Хабарҳо

Мо ва Гандӣ

Ҷойгоҳи Мҳатма Ганди дар ҷаҳон ҳамчун намоди озодии сиёсии Ҳиндустон матраҳ аст, вале парҳез аз хушунат, ишқ ба ҳақиқат, сулҳдӯстиву муборизаи мусолиматомез ва таҳаммули ранҷу устувориро низ мероси ҷовидонаи ӯ барои ҷаҳониён донистан мумкин аст.

Дар шароити имрӯз дар бораи зиндагии Гандӣ маводи зиёде ба забонҳои мухталиф ёфт мешаванд, аммо фалсафаи қавӣ ва арзишҳои волои андешаҳои ӯ сабаб шудааст, ки аҳамияти онҳо заррае ҳам кам нагашта, балки вижагиҳои навиштаҳояшро беназиру таъсирбахштар гардонидааст. Яке аз навиштаҳои Гандӣ китобест бо номи “Ҳамаи мардум бо ҳам бародаранд”, ки тавассути Шери Кришна Кирполонӣ гирдоварӣ ва бо чанд забон ҳам тарҷума шудааст. Дар ин китоб фалсафаи Гандӣ ба таври муфассал ва ба гунае шарҳ пайдо кардааст, ки ӯ мехоҳад онро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт амалӣ созад.

Гандӣ дар ин асар 11 масъаларо аз зиндагии хусусӣ то арсаи сиёсӣ, аз масоили рӯҳӣ то ҷисмӣ матраҳ ва чигунагии истифода аз муборизаи мусолиматомезу бидуни хушунатро барои муваффақият дар ин мароҳил баён мекунад. Ҳоло кӯшиш менамоем, ки хулосаи 11 масъалаи мавриди назарро дар навиштаи хеш баён сохта бошем.

Озмоишҳои рӯҳӣ василае барои зиндагии маъмулӣ:

Ин китоб бо баёни зиндагии Гандӣ аз забони худаш оғоз меёбад. Он чӣ аз кӯдакӣ, даврони таҳсилу издивоҷ ва сафараш ба Бритониё барои идомаи таҳсил ривоят мекунад, зиндагии рӯзмарраест, ки аз ҷониби дигарон барномарезӣ шудааст. Дарде, ки бештар аз ҳар чизе рӯҳи озодихоҳу саъодатталаби ӯро озурда мекард. Аммо саранҷом ин барномаҳои таҳмилшуда дар тӯли як сафари корӣ ба Африқои Ҷанубӣ рӯ ба завол мениҳанд, зеро шароити нажодпарастонаи он замон зиндагиро барои ҳиндутаборони вақти он сарзамин бисёр сахту асафбор карда буд. Ин воқеъиятҳои талх аз чашмони ҳақиқатбини Гандӣ дур намонду виҷдони бедорашро ором нагузошт, балки сабаби он гардид, ки “фалсафаи адами хушунат” дар Африқои Ҷанубӣ барои талаби ҳуқуқҳои шаҳрвандии ҳиндуҳо низ асосгузор шавад.

“Адами хушунат” муҳимтарин асл дар муборизаҳои Гандӣ будааст. Ҳарчанд ин фалсафа қабл аз ӯ низ вуҷуд дошт, аммо Гандӣ аввалин шахсе буд, ки ин назарияро дар сатҳи васеъ ва дар саҳнаи сиёсӣ амалӣ намуд. Чуноне худаш баён медорад, озмоишҳо дар заминаи сиёсӣ акнун натанҳо барои Ҳинд, балки барои ҷаҳони мутамаддин ҳам шинохта шудаанд.

Озмунҳои Гандӣ бар меҳвари равон ё масоили ахлоқӣ шакл гирифтаанд. Ӯ дар паи шинохти худ, Худованд ва Мугшо (озодӣ аз алоиқи заминӣ) аст ва тамомии умур, ҳатто умури сиёсиро василае барои расидан ба ин ҳадаф медонад. Ормонаш ёфтани ахлоқ ва оростани худ аст, ки мегӯяд: “Як чиз дар ман решаи устувор ва амиқ гирифт. Эътиқод ба ин амр буд, ки ахлоқ асоси ашё ва ҳақиқату ҷавҳари тамоми умур ҳам ахлоқист”.

Ин асл дар тамоми даврони зиндагии ӯ идома дошта, ҳамеша ба фикри дастёбӣ ба он будааст. Агарчи ҷудоии ахлоқ аз сиёсатро хеле аз назарияпардозон ба роҳатӣ пазируфтаанд, аммо барои Гандӣ сиёсат амрест ахлоқӣ ва василае барои расидан ба ҳадаф.

Вай замоне худро дар дохили фаъолиятҳои сиёсӣ мебинад ва аз он чунин натиҷагирӣ мекунад: “Вақте худро дар кашмокашиҳои сиёсӣ ғарқа дидам, аз худ пурсидам, ки чигуна мумкин аст бар хилофи ахлоқ ва дур аз ҳақиқат, он чӣ пирӯзии сиёсист, дар амон бимонам? Ва ба ин натиҷа расидам, агар бихоҳам ба хидмати мардуме бипардозам, ки умрам бо онҳо гузашта ва шоҳиди душвориҳои пайвастаи зиндагии онҳо будаам, бояд аз сарвату дороӣ ва ҳар гуна моликият даст бишӯям”.

Дин ҳамчун роҳе барои ёфтани ҳақиқат:

Масъалаи дигаре, ки Гандӣ ба он пардохтааст, “дин ва ҳақиқат” аст. Ӯ талош карда, то таърифе аз дин ироъа намояд ва пуле миёни умур (аз ҷумла сиёсат) ва дин ба вуҷуд оварад. Ин андешаманди бузург, мисли бисёре аз фарҳехтагон дар паи гузар аз саробҳои ҳақиқатнамо ва расидан ба сарчашмаи софи ҳақиқат мебошад, ки нигоҳи аслии онҳо Худованд аст. Ӯ аз дунё ва мутааллиқоти он мехоҳад, ки пок шаванд, то битавонад ба роҳат ба ҳақиқат дастёб гардад. Ҳадафи аслӣ расидан ба оромиш аст ва барои расидан ҳам танҳо як роҳ, “дарки ҳақиқат” аст. Гандӣ ба халқ хидмат мекунад, то ба ҳақиқат наздиктар шуда, ба оромиш бирасад. Нигоҳи Гандӣ бузургтарин мазҳаб аст, мазҳабе, ки табъро дигаргун месозад ва фардро дар дарунаш ба таври ногусастанӣ бо ҳақиқат пайванд дода, доиман дар ҳоли тазкияву поксозӣ қарор медиҳад. Худованд аз тариқи фаҳме дарк мешавад, ки ғайр аз ҳавоси панҷгонаанд, зеро ин ҳавос хатокоранд. Ҳақиқат дар даруни ҳамаи инсонҳо вуҷуд дорад, барои мулоқоташ кофист, ки ҳар шахсе ба нидои дарунии худ гӯш андозад.

Дине, ки Гандӣ дар паи он будааст, фақат ҳинду масеҳият ё ислом нест, балки тамоми адёнро дар бар мегирад, ки эътиқод ба як низоми ахлоқии ҳоким бар коинот мебошад.

Ҳадаф василаро тавҷеҳ намекунад:

Гандӣ ба хотири расидан ба ҳадаф ба ҳар василае мутавассил намешавад, зеро ба ақидаи ӯ васоил метавонанд дар навъи худ боз як ҳадаф бошанд. Ҳамон тавре худаш мегӯяд: “Таҳаққуқ пайдо кардани ҳадафҳо бо васоиле, ки барои расидан ба онҳо ба кор мераванд, мутаносиб хоҳанд буд. Ин қазияест, ки ҳеҷ истисно намепазирад. Дастёбӣ ба ҳадаф як ҳаракати мустамир, бидуни ҳеҷ гуна зиёдаравӣ ва хушунат ва ё истифода аз роҳҳои миёнбур аст. Зеро таҷриба маро муътақид сохтааст, ки ҳаргиз аз роҳи каҷ ва хушунат хубӣ ва некии доим ҳосил нахоҳад шуд. Васила ва ҳадаф аз якдигар ҷудо нестанд, ҳадаф дар ҷое ҳамон васила аст. Робитаи онҳо монанди дона ва гиёҳ аст, як робитаи мустақиму ғайри қобили инкор.

“Эҳисмо” ё адами хушунат бузургтарин салоҳ назди башар

Ҳеҷ шакке вуҷуд надорад, ки аслитарин эътиқод ва дағдағаи фикрии Гандӣ “адами хушунат” аст. Ӯ дар ин замина мефармояд: Инсонҳо озоданд, аммо ин ба он маъно нест, ки ба якдигар озор расонида метавонанд. Яке аз азимтарин нерӯҳое, ки дар ихтиёри башар ҳаст, “адами хушунат” мебошад. Аввалин шарт ҳам ин аст, ки адолат дар тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ риоя шавад. Барои ба даст овардани “эҳисмо ё адами хушунат” инсон фақат аз Худо метарсад. Бинобарин, ба Худо паноҳ мебарад ва бо дарки онҳо алоқа ба ҷисми фониро раҳо мекунад.

Барои пайравӣ аз адами хушунат бояд муҳаббат дошт, он ҳам на танҳо ба касоне, ки дӯст медорем, ҳатто бо рақибону душманон ҳам бояд муҳаббат дошта бошем. Гузашта аз ин, бо муҳаббат метавон, ҳатто бар ҳариф ғолиб омад. Сайри такомули зиндагии инсон нишон додааст, ки «эҳисмо» ё адами хушунат дар ҳоли пешрафт аст ва хушунат дар ҳоли кам шудан. Хонаводаҳо бо риштаҳои муҳаббат бо якдигар пайваст шуда, давлатҳоро ба вуҷуд овардаанд.  

Гандӣ афроди башарро ба гунае мебинад, ки зиён расондан ба як нафар танҳо зиён ба ӯ нест, балки зиён ба тамоми ҷаҳон аст. Адами хушунат як асли умумӣ ва ҷаҳонист, замоне корбурдаш муваффақиятомез мегардад, ки ба он эътиқоди росих дошта бошанд. Адами хушунат як амри фардӣ нест, балки он вориди зиндагии рӯзона гардида, ҳамонгуна амал шавад.

Бинобарин, бояд аз қонуни рӯҳӣ табаият кард ва ранҷро бар худ харид. Гоҳе низ барои кори хайре бояд қурбон шавем. Як ҳаводори «эҳисмо» наметавонад аз дастури фалсафии судҷӯёнаи “ҳадди аксари хайр барои ҳадди аксари мардум” тарафдорӣ намояд, балки талошаш дар роҳи ҳадди аксари хайр барои ҳамаи мардум хоҳад буд, ки дар роҳи таҳаққуқи ин ормон хоҳад мурд.

Гандӣ дар паи он аст, ки ҳатто шӯришҳо ҳамроҳ бо адами хушунат бояд бошанд. Аз ин нигоҳ, изҳор медорад, ки ҳозир нест озодӣ ва истиқлоли ватанро бо хушунат ба даст овард.

Ӯ наҷоти ояндаи ҷаҳонро ҳам дар ба коргирии “адами хушунат” медонад.

Дастёбӣ ба ҳақиқат ва кор гирифтан аз “адами хушунат” бо таҳаммули ранҷ ба даст меояд, ҳамон тавре мегӯяд: “Аз замоне чунин эътиқод дар ман афзоиш ёфт, ки ҳар он чизе барои мардум аҳамияти асосӣ дорад, танҳо бо ақлу мантиқ ба даст намеояд, балки бояд онро ба қимати таҳаммули ранҷ харидорӣ кард. Таҳаммули ранҷ қонуни инсонист, ҷангидан қонуни даррандагони ҷангал.

Барои нерӯи муассир қарор гирифтани “адами хушунат”, бояд аввал дар зеҳн оғоз гардад. Адами хушунати ҷисмонӣ бидуни ҳамкорӣ ва ҳамроҳии зеҳну андеша равиши заъифону тарсуён аст ва оқибат натиҷае ҳамроҳ нахоҳад дошт.

Назми шахсӣ аз тариқи контроли аъмол ва рафтор:

Гандӣ муътақид аст, ки фард барои дастёбӣ ба ҳақиқат ва бакоргирии адами хушунат ниёз ба назму инзиботи шахсӣ дорад. Таърифи инзиботи шахсиро ин тавр шарҳ дода, ки фард бояд аъмолу рафторашро дар контроли хеш дароварад.

Дар баёни ин матлаб менависад: “Тамаддун ба маънои афзоиши ниёзҳо нест, балки бад-ин маъност, ки афрод ба таври огоҳона ва иродӣ ниёзҳои худро маҳдуд созад. Аз ин тариқ шодмонӣ ва ризояти бештар ҳосил мегардад”.

Бидуни шак ниёзҳои моддиву маънавиро дар ҳадди ниёз бояд бароварда сохт, вале зиёдаравӣ дар онҳо боиси шаҳватронӣ мешавад. Шахс бояд муҳити зиндагии моддӣ ва маънавии худро ба гунае танзим намояд, ки музоҳими хидматаш ба мардум нашавад. Зеро вазифаи ҳар шахс ин аст, ки тамоми неруяшро дар ҳамин замина мутамарказ гардонад.

Гандӣ илоҷи ҳама дардҳоро дар пайравӣ аз адами хушунат медонад, ҳамеша ва дар ҳама маврид муроқиби аъмолу рафтори худ мебошад, то мабодо рафторе носозгор бо “аҳисмо” пайдо нагардад. Ӯ ба ин бовар аст, ки барои ҷалби ҳомиёнаш бояд ибтидо ин амрро дар худ ниҳодина сохта, ба саломат даст ёбад. Саломат ба маънои воқеъии калима, яъне доштани шахсият ва хислатҳои поку муназзаҳ мебошад. Метавон гуфт, тамоми андешаҳои зишту шаҳватҳои палид, суратҳои мухталифи беморианд. Бо идора кардани хашми худ метавон нирӯи муҳаррике сохт, то ҷаҳонро такон диҳад

Ҳамон тавр, ки метавон бо идораи ҳаракати ҳарорат, онро ба нерӯ табдил кард.

Сулҳи байналмилал, роҳе барои ҳамагонисозии аҳисмо:

Башарият як сохтор ва ҷомеъаи мунсаҷим аст, чӣ мувафақияте ҳосил шуд, ба тамоми афроди ҷомеъа сироят мекунад. Амали як фард, чӣ хубу чӣ бад, танҳо марбути ӯ нест, балки шомили ҷомиъаи башарӣ мешавад.

Илова бар ин, зиндагии инсон бар муҳаббат асос пайдо мекунад. Инсонҳо барои ҳифзи худ бояд ба ҳамдигар эҳтиром бигузоранд, чун миллатҳо бар асоси эҳтироми дутарафаи хонаводаҳо бо ҳам ба вуҷуд омадаанд. Пас бояд кӯшиш кард, то ҳамон тавре қавонини хонаводагӣ густариш ёфту миллатҳоро ба вуҷуд овард, эҳтироми ҷонибайн дар саросари олам густариш ёбад.

Гандӣ танҳо дар пайи ба вуҷуд овардани озодӣ ва баробарӣ дар Ҳинд набуд, кӯшиш карда, ки маъмурияташро дар сатҳи ҷаҳонӣ анҷом дода, сулҳи ҷаҳонӣ ба вуҷуд биёрад. “Башарият ҷомеаи воҳид аст, зеро мебинем, ки ҳама яксон, тобеи қавонини ахлоқианд. Бадиҳист, ки ихтилофоти нажодӣ ва назири он вуҷуд доранд, аммо ҳарчи мавқеъияти шахс олитар бошад, масъулиятҳо низ бештар мешаванд. Ҳамбастагӣ ва пайванд бо дигарон ҳам бояд ба андозаи орзуи истиқлол ва бениёзӣ аз дигарон, ормони ҳар фард бошад. Инсон мавҷуди иҷтимоъист ва наметавонад бидуни пайвандҳои дутарафа бо ҷомиъа ягонагии худро бо олами вуҷуд таҳаққуқ бахшад ё худпарастии худро нобуд созад. Вобастагӣ ба ҷомеъа, дарси инсониятро ба ӯ меомӯзад. Вазифаҳои шахс нисбат ба худ ва хонавода, ватан ва ҷаҳон аз якдигар ҷудову мустаъқил нестанд. Роҳи тиллоии зиндагӣ он аст, ки бо ҷаҳон дӯст бошем ва тамоми хонаводаи башариро ягона бидонем.

Касе миёни пайравони мазҳаби хеш ва дигар мазоҳиб тафовуту имтиёзе қоил мешавад, бо ҳаммазҳабонаш гумроҳиро меомӯзад ва роҳи беҳурматӣ ва ломазҳабиро мекушояд”.

Домани ин эътиқод то ҷое густариш меёбад, ки дар манзари ишон озодии Ҳинд ба маънои инқироз ва аз байн рафтани Инглистон нест, дар ин озодӣ ҳеҷ кас, ҳатто ингилистон ҳам набояд садама бубинад.

Шодмонӣ ва рифоҳ дар як зиндагии сода:

Мисли дастгоҳ будан ва тавлиди фаровон, теъдоди маҳдудеро дар рифоҳ нигоҳ дошта, аммо аксарият дар фақр басар мебаранд ва ин ахлоқиётро аз байн бурдааст. Рифоҳи иқтисодӣ набояд аз василаи канор бурдани масоили фикриву ахлоқӣ қарор бигирад. Шодмониву рифоҳ бояд бо рушди фикриву ахлоқӣ ҳамроҳ бошанд. “Иқтисодиёте, ки ба осоиши ахлоқии як фард ё миллате зиён бирасонад, мухолифи ахлоқ ва аз ин ҷиҳат гуноҳомез ҳам ҳаст”.

Гандӣ саноъатӣ шуданро лозимаи сулҳ медонад ва ин итминонро медихад, ки Ҳинд метавонад бо як зиндагии содда ва шарофатмандона дар сулҳ бо ҷаҳон басар барад. Ҳамчунин тасаллути дастгоҳ бар инсонро қобили пазириш намедонад, зеро ин боис мегардад, ки инсон дар фақр басар барад ва то замоне аз фақр наҷот наёбад, аз озодӣ андешиданаш номумкин аст.

Ахлоқ омиле барои осонсозии бозаргонии байналмилалӣ:

Гандӣ мехоҳад “адами хушунат”-ро вориди иқтисод созад, то арзишҳои ахлоқӣ ба унвони омили умдае вориди бозори байналмилалӣ шаванд. «Мардум бояд рифоҳи нисбӣ дошта бошанд ва шарт он аст, ки васоили тавлид ва эҳтиёҷоти аввалия на дар хидмати теъдоди маҳдуд, балки дастраси тамоми инсонҳо бошанд. Ормони ман тақсими баробари сарват мебошад. Аммо то ҷое дарк мекунам чунин ормон таҳаққуқпазир нест. Аз ин рӯ, дар роҳи тақсими мутаносиб ва шоиста талош мекунам. Як ҷӯяндаи ҳақиқат ва дунболкунандаи қонуни муҳаббат наметавонад чизе барои фардои худ нигоҳ дорад. Баробарии иқтисодӣ калиди аслие барои истиқлол ҳамроҳ бо адами хушунат аст. Кор кардан дар роҳи баробарии иқтисодӣ ба мафҳуми лағви муборизаи абадӣ ва доимии сармоя ва кор мебошад”.  Демократия, яъне доштани ҳаққи баробари истифода аз имконот: Демократияи имрӯза масъалаест, ки дар боби он сухани фаровоне гуфта мешавад. Кишварҳои бисёре онро таҷриба кардаву дорои низоми демократӣ мебошанд. Дар воқеъ, низоми демократӣ дар ҳоли ҳозир танҳо улгуест, ки тарафдори зиёд дошта, нисбат ба системаҳои дигар мувафақияти бештареро аз бар кардааст.

Тибқи хониши Гандӣ аз демократия, заифтарин ва нерӯмандтарин мардум бояд аз имконоти баробар бархӯрдор бошанд ва чунин шароит ҷуз аз роҳи адами хушунат ба даст намеояд. Барои барқарории адолати иҷтимоъӣ бояд мардуми табақоти поинро таълиму парвариш дод. Онҳо бояд биёмӯзанд ва ба василаи адами хушунат ранҷҳоеро, ки мебинанд, бартараф созанд. Раво нест, ки бар зарари хештан бо асорат ва бандагии худ ҳамкорӣ кунанд. Демократияи воқеъӣ ё “савороҷ”(ҳукумати худмухтор ва истиқлоли тӯдаҳои мардум) ҳаргиз наметавонад бо васоили нодуруст ва хушунатомез таҳаққуқ пазирад. Ҳокимони худкома ва диктаторҳо ҳар гуна мухолифатро аз роҳи нобуд сохтани рақибону мухолифони худ аз байн мебаранд. Агар мухолифон ҳам роҳи нобудсозӣ ва хушунатро дар пеш бигиранд, ҷомеъа ба ҳараҷу мараҷ кашида мешавад. Ин кор хам сабаби озодии фард нахоҳад шуд. Озодии фард фақат вақте метавонад ба комилтарин сурат таҳаққуқ ёбад, ки режими “аҳисмо” ё “адами хушунат”-и воқеъӣ барқарор шавад.

  Омӯзиши зеҳн ва ҷисм барои ёфтани беҳтарин хислатҳо:

Фард аз замони таваллуди худ барои рушди фикрӣ ва ҷисмӣ ниёз ба омӯзиш ва парвариш дорад. Ин омӯзиш тавассути хонавода, муҳиту иҷтимоъ ва ғайра дода мешавад, он бояд равонӣ ва ҷисмӣ бошад. Дар ин бора Гандӣ муътақид аст, ки “омӯзиши воқеъии нерӯҳои фикриву зеҳнии кӯдак фақат бо василаи тамринҳо ва парвариши мавзуни аъзои бадан, монанди дасту пой, чашму гӯш, бинӣ ва ғайра мумкин аст. Аммо агар такомули зеҳну бадан, дӯш ба дӯши ҳам ва мутаносиб ба бедории рӯҳ сурат нагирад ва парвариши зеҳнӣ мавриди назар набошад, натиҷаи номуносибу номавзуне ба даст меояд. Манзур аз парвариши рӯҳӣ, омӯзиши дил аст”.

   Зан ҷинси заиф:

Шояд иғроқомез набошад, агар бигӯем, Гандӣ аз ҷумлаи касонест, ки нигоҳи латифу саршор аз муҳаббат бо зан доштааст. Вай бидуни баёни ҷанҷоле ва ба дур аз ҳар гуна табъизи ҷинсӣ, ба ситоиши зан дар мақоми модарӣ пардохта, занро аз ҳеҷ ҳаққе маҳрум насохтааст. “Аҳисмо” ба маънои муҳаббати бе поён ва қудрати бе поён барои таҳаммули ранҷ мебошад. ”Аммо ҷуз зан, ки модари мард аст, чӣ каси дигаре ҳадди аксари тавоноиро барои муҳаббат ва таҳамули ранҷ нишон дода метавонад. Зан бо ҳамли фарзанд дар муддати 9 моҳ ва тағзияи ӯ аз вуҷуди хеш, аз ранҷе, ки таҳаммул мекунад, шодмон мешавад. Оё дарде ҳаст, ки онро бо ранҷу дардҳои модарӣ баробар донист? Дар ҳоле ки зан дар худ лаззати офаринишро ҳис мекунад ва ин дардро аз ёд намебарад. Модар аст, ки ранҷи доимиро бар худ ҳамвор месозад, то фарзанд рӯз ба рӯз рушд кунаду бузург шавад”.

Он чизе, ки хотири Гандиро озурда мекард, нигоҳи ҷомеъа ба зан ва рафтор бо ӯ ба унвони ҷинси дуввум аст. Ӯ хеле зебо баён медорад, ки: ”аз тамоми корҳои фосиде, ки мард масъули онҳост, ҳеҷ кадоме ба ин андоза инҳитотангез ва нороҳаткунанда ва хушунатомез нест, ки ними беҳтари ҷомеъаи башариро мавриди дашном ва тавҳин қарор додааст. Ман ин нимаро ҷинси мода меномам, на заъиф. Дар воқеъ,ҷинси мода аз ҷинси нар наҷибтару шарифтар аст. Зеро ҳанӯз ҳам мазҳари фидокорӣ ва ранҷкашидани хомӯшу мутавозеъона ҳамроҳ бо имону дониш мебошад”.

  Ӯ бо интиқод аз заноне, ки ҷойгоҳи худро нашинохтаанду ин табъизро пазируфтаанд, менависад: “ман ақида дорам, ки зан мазҳари фидокорӣ ва қурбонии хештан аст. Аммо мутаассифона, зани имрӯз дарк намекунад ки чӣ имтиёзи азиме бар мард дорад. Ба гуфтаи Толстой занони бонуфуз мардони маҳсургаштаанд ва дар зери ин нуфуз ранҷ мекашанд. Агар онҳо аз қудрати адами хушунат хабар медоштанд, иҷоза намедоданд, ки ҷинси заъиф номида шаванд”.

  Дар қисмати поёнии китоб ҷумлаҳои гуногуне аз Гандӣ баён шудааст, ки ҳар кадом баёнгари масоил ва афкори зеҳнии хос мебошанд. Он чӣ ба таври куллӣ аз навиштаҳои ин китоб фаҳмида мешавад ин аст, ки Гандӣ мехоҳад равиши “адами хушунат”-ро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти башарӣ ҳоким созад. Аз нигоҳи ӯ асли «адами хушунат»-ро бояд дар тамоми умури зиндагӣ аз масоили шахсиву ахлоқӣ ва сиёсиву ҷаҳонӣ ба кор бурд, то сулҳи ҷаҳонӣ ба вуҷуд ояд ва инсонҳо дур аз ҳар гуна хушунат ва новобаста аз қавму нажоди миллат дар канори ҳам зиндагӣ кунанд.

Ба ҷои хулоса

Гандӣ дар муборизаи худ ин барномаҳоро ҳам ҷо дода буд. Ӯ медонист чикор мекунад ва дар оянда чӣ мехоҳад. Ҳамин хостаҳо ва барномаҳояш буд, ки ӯро ба як символ табдил дод. Мардум ҳам дар атрофаш ҷамъ омаданд ва ормонҳои худро дар барномаҳо ва андешаҳои ӯ пайдо карданд. Медонистанд, ки хостаҳо ва ҳуқуқҳояшон дар барномаи Гандӣ бароварда хоҳад шуд. Ӯ бо талоши фаровон ва бидуни таваққуъ тавонист ба мардум барномаҳо ва андешаҳояшро бирасонад ва онҳоро мутақоид кунад. Барномаҳои ӯ сирриву пинҳонӣ набуданд. Агар аз ӯ пурсида мешуд, ки дар ин замина чӣ назар доред, ошкору равшан ба ҳамагон мефаҳмонд ва намегуфт, ки дар ин ҷанба дахолат накунед ва ин бахш аз барномаи ман сирри ё махфӣ аст.

Мухолифони имрӯзаи ҳукумати Тоҷикистон дар воқеъ аз ҳамин ҷанба ранҷ мекашанд. То ҳол дар ин замина ягон гурӯҳ барномаи мушаххаси худашро пешниҳод накардааст. Мардуми кишвар то ҳол намедонанд, ки ин гурӯҳҳо чӣ мехоҳанд. Танҳо чизе, ки дар мухолифон вуҷуд дорад нафрат аз ҳукумат ва сарнагун кардани он аст. Аммо дар бораи ин ки пас аз сарнагунии ин ҳукумат чӣ балое сари кишвар ва миллат хоҳад омад ҳеҷ гурӯҳе барномаи мушаххасе ироя накардааст. Дар амал ҳам рафтори бархе гурӯҳҳо бо ҳукумат фарқи чандоне надорад.

Вақте як гурӯҳи мухолиф таҳаммули шунидани ҳарфи гурӯҳи дигареро надорад ва наметавонад интиқоди ӯро бишнавад ё ҳадди ақал барояш ҳуқуқи ибрози назарро намедиҳад, оянда агар ба ҳукумат бирасад ва қудрат пайдо кунад чикор хоҳад кард? Дар амал нишон дода истодаанд, ки диктатураи дигареро роҳандозӣ хоҳанд кард. Аммо мардуми Тоҷикистон ҳаргиз намехоҳад диктатураро бо диктатура иваз кунанд.

Пас барои ҳамаи мухолифин воҷиб ва лозим аст, ки ҳар амалу барномаи худро дуруст баррасӣ намоянд ва ба таври сареҳу ошкор ба мардум пешниҳод намоянд.

Кор то ҷое расидааст, ки баъзе гурӯҳҳо ҳатто ба зиёиёни кишвар ҳам беэҳтиромӣ мекунанд ва худро аз онҳо бениёз медонанд. Дар ҳоле, ки зиёиён дар ҳар кишваре машъали фурузони озодиву рушду пешрафтҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳастанд. Мушкили аслии кишвари мо ҳам дар ҳамин беэътиноӣ, беэҳтиромӣ ва саркуби зиёиён аст. Агар сарриштаи корҳо дар ҳар ҷомеае дар ихтиёри хирадмандони он бошад бидуни шак он ҷомеа ба суи саодат ва камол ҳаракат хоҳад кард. Дар ҳар кишваре хирадмандону донишмандонаш хору залил карда шаванд он миллату кишвар ҳам дар ботлоқи ҷаҳлу зулму нобаробарӣ дасту по хоҳад зад.

Ба назари ман яке аз рисолатҳои аслии мухолифин сарҷамъ кардан ва эҳтирому таваҷҷӯҳ кардан ба ин қишри муҳимми ҷомеа аст. Агар мухолифин мехоҳанд коре пеш бибаранд ва ҷомеаро ба сӯи камол ва саодатмандӣ кашанд, бояд риштаи умурро дар дасти хирадмандон супоранд. Бо эҳсосот ва нафрату бадбинӣ на ҷомеае метавон сохт ва на миллатеро метавон ба саодат ва камол расонд.  

Дар ҳамин шабу рӯз миллати мо ниёзи шадид ба як нерӯи ақлониву фикрии солиме дорад, ки ба ҳарду тараф хатти фикр бидиҳад. Хирадмандоне, ки тавонанд байни кинаву нафрат ва хостаҳои қонуниву воқеии мардум ҳадди васатеро пайдо кунанд. Тавонанд ин раванди душмантарошиву нафратпароканиро мудирият карда, роҳи ҳамгароӣ ва ислоҳро дар пешорӯи ҳамаи ҷонибҳо қарор диҳанд. Бидуни даст ба кор шудани хирадмандон ояндаи кишвар торик хоҳад буд.

Рисолати аслии зиёиёни мо имрӯз ин аст, ки бо мантиқ эҳсосоти саркаши тарафҳоро маҳор кунанд ва пеши роҳи бештар аз ин пора пора шудан ва бадном шудани миллатро бигиранд. Хуб мешуд, ки хирадмандон роҳкорҳоеро ба ҳама ҷонибҳо барои ҳамгароӣ пешниҳод кунанд ва аз ин раванди тахрибии нафратпароканона пешгирӣ кунанд. Шояд ин кори осоне набошад, вале ғайри мумкин ҳам нест.  

Чунин вазъияте моро водор мекунад аз худ бипурсем, ки мо аз Гандӣ чӣ омӯътаем?

Бобоҷон Қаюмзод

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *