Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба ду ширкати аидитӣ — “Аудит Консалтинг” ва «Моор Стивенс” барои фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон ба муҳлати панҷ сол иҷозатнома дод.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 08 июни соли равон ин амр амалӣ шуд.
Инчунин, Раёсати Бонки миллӣ санаи 08 июни соли равон қарори дигареро низ ба тасвиб расонд.
Тибқи қарори дигари раёсати БМТ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Моор Стивенс”, барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ ба муҳлати 5 сол низ иҷозатнома дода шуд.
Дар ҳамин ҳол, роҳбарияти бонк департаменти назорати бонкиро уҳдадор кардааст, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ сабти дахлдорро ворид намояд.