Олимони Бритониё доруе, ки сатҳи маргу мир аз маризии коронавирусро коҳиш медиҳад, пайдо карданд. Бастаи ин дору ҳамагӣ 5 фунт стерлинг муодили 65 сомонӣ нарх дорад
Созмони ҷаҳонии беҳдошт нахустин натиҷаҳои озмоиши клиникӣ дар Бритониёро истиқбол намудаст. Озмоиш нишонд дод, ки доруи «Дексамитазон» сатҳи маргу мир миёни маризони гирифтори COVID -19 — ро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.
Тавре дафтари матбуотии Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар медиҳад, тибқи як тадқиқот, ки дар Оксфорд анҷом шудааст, доруи «Дексаметазон» хавфи маргро барои бемороне, ки ба дастгоҳи нафасдиҳи сунъӣ пайваст мебошанд то 35 дарсад кам мекунад.
Ҳамчунин маризоне, ки танҳо ба оксиген пайвастанд, то 20 дарсади фавт миёни онҳоро кам мекунад. Шифобахшии ин дору дар ҳолест, ки дар Бритониё арзиши он ҳамагӣ 5 фунт стерлинг мебошад.
Зимнан, ҳукумати ин кишвар рӯзи сешанбе «Дексамитазон» — ро расман барои муолиҷаи беморони гирифтори COVID -19 тасдиқ намуд.
Гуфта шудааст, «Ин аввалин доруест, ки паст шудани сатҳи фавтро дар байни беморони коронавирус, ки ба табобати оксиген ва дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ниёз доранд, нишон медиҳад».
Дар ҳамин ҳол, мудири Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Адхан Ҷебрейюс натиҷаҳои санҷишро «хабари хуб» номидааст.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт инчунин илова намудааст, ки ташкилот интизори таҳлили пурраи маълумот дар рӯзҳои наздик аст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати беҳдошти Русия дуюмин доруеро тасвиб карда буд, ки ба паҳншавии коронавирус дар бадан монеъ мешавад
«Левилимаб» бо номи тиҷоратии «Илсира» ва «Авифавир» ду доруи сохти Русия мебошанд, ки дар озмоиши клиникӣ самараи хубро нишон доданд.
Гуфта мешавад, ҳар ду даво ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.