Рубрики Хабарҳо

Мо дар чӣ нақлиёте парвоз мекунем? Тайёраҳои ширкатҳои миллӣ

Бозори ҳавопаймоӣ яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисод аст, вале на дар Тоҷикистон. Дар Тоҷикистон ин соҳа сол то сол ба бӯҳрони амиқтаре фурӯ меравад. Нархи билети ширкатҳои миллӣ гаронтарин дар минтақа ва ҳатто ҷаҳон аст, ТЗК ба ҳавопаймо гӯё ҷои керосин оби тиллоӣ мерезад. Ба ҳар дархосте оиди маълумот посухашон “сирри тиҷорӣ” аст.   

Паём тасмим гирифт дар соҳаи ҳавопаймоии Тоҷикистон таҳқиқоти журналистӣ анҷом диҳад. Мавзӯъи имрӯз тайёраҳост.

Мо дар чӣ нақлиёте парвоз мекунем?

Ду ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон танҳо аз тайёраҳои Boeing истифода мекунанд, ки шумори коршоямҳояш  9 -то аст. Ҳарчанд Тоҷик Эйр даъво мекунад 5 тайёраи Boeing дорад ва 35 техникаи ҳавопаймоӣ, ки 15-тояш истифода мешавад, Паём маълум кард дар ҳоли ҳозир танҳо се тайёра парвоз мекунанд. Ҳарчанд соле қабл воқеъан 5 Boeing дар фазо буд.    

Тоҷик Эйр

Синни миёнаи ҳавопаймоҳои Тоҷик Эйр 26 сол аст. Тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ тайёраҳое, ки синнашон ба 30 расидааст аз истифода хориҷ мешаванд. Он ҳам дар кишварҳои ҷаҳони саввум. Дар кишварҳои пешрафта кам ширкатҳое пайдо мешаванд, ки тайёраҳои синнашон аз 20 болоро истифода кунанд. Мувофиқи радабандии ҷаҳонӣ ширкатҳое, ки синни миёнаи тайёраҳояшон аз 15 сол боло аст ба бахши сурх — ширкатҳои ҳавопаймоҳояшон кӯҳнашуда ворид мешаванд

Масалан байни 100 ширкати ҳавопаймоии бузурги ҷаҳонӣ дар ҷои охир Delta Air Lines (ИМА) ва.Air Transat (Канада) қарор доранд, ки умри миёнаи тайёраҳояшон 16,7 сол аст.

Албатта синни ҳавопаймо сабаби асосии корношоям шудани он нест. Муайянкунандаи асосӣ дар ин самт тӯли парвозҳои ин ҳавопаймо аст. Масалан як ҳавопаймое, ки байни Аврупову Амрико ё ба ҳамин монанд масофаҳои дур парвоз кардаасту 20 сол умр дорад, аз ҳавопаймое, ки ба масофаҳои наздик 10 сол парвоз кардааст, “навтар” аст. Нархи ин тайёраи 20 сола ҳам дар бозор аз нархи он 10-сола гаронтар аст.

Вале мутаассифона ҳавопаймоҳои 25-30 солаи Тоҷик Эйрро намешавад ба ин гурӯҳ шомил кард. Аз таърихи парвозҳо ва қимати хеле ками онҳо (дар бораи хариди тайёраҳо дар мақолаи оянда хоҳед хонд), бармеояд, ки ин тайёраҳо баръакс бештар дар масофаҳои наздик ин 25-30 сол хидмат кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, сабаби асосии аз баҳри ҳавопаймоҳои кӯҳна гузаштани ширкатҳо, хатарнок будани парвози онҳо набуда, гаронии нигаҳдориашон аст. Ҳарчанд ба синни онҳо ҳам эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Масалан Тоҷик Эйр бо ин ҳавопаймоҳои “мӯйсафед”-аш ҳақи парвоз ба Аврупоро надорад. Имкон дорад ба зудӣ аз ҳақи парвоз ба Русия ҳам маҳрум шавад.

Се тайёрае, ки алъон коршоям ва дар ҳоли парвозанд:

Boeing 757, рақами борт EY-751. 26 сол умр дорад.

Ин аввалин Boeing аст, ки тирамоҳи соли 2008 ба Тоҷикистон омад. Мисли дигар тайёраҳо ба лизинг гирифта шудааст. Аз завод соли 1992 баромада 4 сол ба  American Trans Air хидмат кардааст. 9 соли дигар аз ин ҳавопаймо ширкати мексикоии Mexicana истифода мекунад. Аз Mexicana онро EOS Airlines-и америкоӣ мехарад, ки онҷо EY-751 се сол “хидмат” мекунад. Аз соли 2008 дар ихтиёри Тоҷик Эйр қарор гирифтааст.

Ин тайёра қабл аз Тоҷик Эйр дар се ширкати ҳавопаймоии дигар парвоз кардааст. Аз 60 ширкате, ки ин гуна тайёраҳоро истифода мебаранд, дар радабандии бехатарӣ Тоҷик Эйр дар мақоми 44-ум қарор дорад.

Ин ҳавопаймо асосан байни Душанбеву Домодедово парвоз мекунад.

Boeing 737-300 , рақами борт EY-444. Умри тайёра 26 сол аст.

Аввалин парвози ин тайёра 19 марти соли 1992  ба вуқӯъ пайвастааст. Аз 203 ширкате, ки ин намуд ҳавопаймоҳоро истифода мекунанд, аз нигоҳи бехатарӣ Тоҷик Эйр дар мақоми 103-юм қарор гирифтааст.  

“Зиндагинома”-и ин ҳавопаймо тӯлонист: аввалин шуда онро ширкати донморкии Maersk Air истифода бурдааст. Худи ҳамон сол онро Deutsche BA-и олмонӣ мехарад ва 7 сол онҷо парвоз мекунад. Баъдан онро Buzz-и бритонӣ мехарад ва то соли 2003 истифода мекунад. Се солӣ ин тайёра ба  Fly-DBA ва Air Berlin-и олмонӣ, SkyEurope Airlines-и словенӣ Global Air-и мексикоӣ хидмат кардааст.

Моҳи декабри соли 2011 ин тайёраро Тоҷик Эйр мехарад ва наздик ба 7 сол аст аз он истифода мекунад. Хатҳои асосии парвози ин ҳавопаймо Хуҷанд — Маскав, Душанбе — Теҳрон ва ғайра аст.

Boeing 767-332, (767-300) рақами борташ EY-756. 31 сол умр дорад.

Ин кӯҳнатарин тайёраи Тоҷик эйр аст. Бори аввал сол 1987 ба ҳаво хестааст. То соли 2010 онро ширкати амрикоии Delta Air Lines истифода карда аз он сол ба Kabo Air ниҷерӣ гузаштааст.

Аз 94 ширкате, ки ин намуди ҳавопаймоҳоро истифода мекунанд, Тоҷик эйр дар мақоми 87-ум аст.

Тоҷик Эйр ин тайёраро тирамоҳи соли 2016 ба даст оварда, эълон кард, ки аввалин бор дар Тоҷикистон ҳавопаймои  дорои флюзели васеъро, ки 287 мусофир мегирад ба парвоз даровардааст. Ин тайёра ҳам байни Душанбе ва шаҳрҳои Русия парвоз мекунад.

Ду ҳавопаймои 737-500 бо рақами борти LY-AWF ва LY-AWG, ки мутаносибан 24 ва 25 сол умр доранд, алъон парвоз намекунанд. Чанд нафар аз хариди онҳо даромади бисёрмиллионӣ гирифтанд ва таърихи хариди онҳо дар мақолаи навбатӣ нашр хоҳад шуд

Сомон Эйр

Сомон Эйр 6 ҳавопаймо дорад, ки умри миёнаашон 14 сол аст.

Boeing 737-900ER, рақами борт P4-TAJ ба номи Шириншо Шотемур ва Boeing 737-900ER, рақами борт P4-SOM,  ба номи Бобоҷон Ғафуров. Умрашон 7 сол аст.

Соли 2011 Сомон Эйр якбора соҳиби 4 тайёраи нав шуд, ки дутояшро бо лизинг аз Боинг Капитал гирифт ва дутояшро 85 миллиондолларӣ, тибқи шартнома бо Бонки содироту воридоти (Ex-Im Bank) ИМА харид. Ҳардуи ҳавопаймо ҳам махсус бо супориши Сомон Эйр сохта шудаанд.  

Маҳз аз ҳардуи ҳамин тайёра Эмомалӣ Раҳмон истифода мекунад.

Хариди ин ду ҳавопаймо баҳси зиёдеро барангехт. Манобеъи иттилоъдошта мегуфтанд, ки онҳо бо маблағҳое, ки аз фурӯши саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун” ба даст омадаанд, харида шудаанд ва он маъракаи саҳмияфурӯшӣ маҳз ба хотири хариди ин ду ҳавопаймо роҳандозӣ шуда буд. Маблағе ҳам, ки аз фурӯши саҳмияҳо ба Вазорати молия ворид шуд, 804,7 миллион сомонӣ буд, ки бо қурби ҳамонвақта ҳудуди 170 миллион доллар аст.  

Манобеъ мегӯянд, ки Сомон Эйр барои ин ду тайёра ҳеҷ қарзе надорад.

Boeing 737-800, рақами борт EY-787, ба номи Исмоили Сомонӣ ва Boeing 737-800, рақами борт EY-777, ба номи Садриддин Айнӣ. Умрашон 9 сол аст.

Ин ду тайёра ҳам замоне, ки ба дасти Сомон Эйр расиданд, тақрибан нав буданд. Онҳо бо лизинг аз Боинг Капитал гирифта шудаанд.

Boeing 737-300, рақами борт EY-545, ба номи Нусратулло Махсум. 30 сол умр дорад.

Ин “мӯйсафед” ҳанӯз соли 1989 ба парвоз оғоз кардааст. То соли 2002 аз тарафи ду ширкати ҳолландии KLM ва Transavia Airlines истифода шудааст. Баъд ба Norwegian Air мегузарад. Соли 2011 Сомон Эйр онро бо лизинг аз Боинг капитал гирифтааст.

Boeing 737-300, рақами борт EY-555, ба номи Мирзо Турсунзода. Умри ин ҳавопаймо 25 сол аст.

Бори аввал соли 1993 ба истифода дода шудааст.  Таҷрибаи кор дар се ширкати ҳавопаймоиро дорад: то соли 2003 дар ширкати малтагии Air Malta, баъдан дар ширкати Norwegian Air Shuttle парвоз карда, соли 2011 онро Сомон Эйр боз ҳам аз ширкати лизингии Боинг Капитал ба даст овардааст. Ин ҳавопаймо ба Алма-Ато ва Красноярск парвоз мекунад.

Ин гуна тайёраҳо дар 203 ширкати ҳавопаймоӣ истифода мешавад.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *