Ҳукумати Тоҷикистон ба кормандони Хадамоти назорат дар роҳ ( ДПС) имтиёзҳои ҷадид дод.
Бино ба иттилои “ASIA-Plus”, Ҳукумати Тоҷикистон салоҳияти кормандони бозрасии давлатии автомабилиро кам ва аз кормандони Хадамоти назорат дар роҳ ё худ патрулҳо (ДПС)-ро зиёд кард. Ба ин тартиб кормандони Хадамоти назорат дар роҳ бар иловаи назорати роҳу ҷодаҳо тартиботи ҷамъиятиро ҳам дар роҳу кӯчаҳои ҷумҳурӣ назорат мекунанд.
Котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба “ASIA-Plus” гуфт: “ ин лоиҳаи озмоишӣ аз якуми декабр алҳол танҳо дар шаҳри Душанбе мавриди амал қарор гирифт.”
Умарҷони Эмомалӣ гуфтааст: «Кормандони Хадамоти назорат дар роҳ ба ҷуз таъмини риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин ба тартибот дар кӯчаву хиёбонҳо аҳамият дода, дар сурати зарурат ба мушкилот расидагӣ мекунанд”.
Вазорати корҳои дохили Тоҷикистон ҳадаф аз ин иқдомро кам кардани ҳолатҳои тамбашавӣ (пробка) дар роҳҳои шаҳру ноҳияҳо ва осон намудани кори шаҳрвандон номид.