Рубрики Хабарҳо

Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо ҳам дар Душанбе пайдо шуданд

Бародарон Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо, ки ду рӯз қабл дар фурӯдгоҳи Домодедово ғайб зада буданд, дар Душанбе пайдо шуданд. Онҳо дар як навор бо сабки маъмулии Кумитаи Амният ва ВКД Тоҷикистон сӯҳбат ва эълон карданд, ки ихтиёран ба Душанбе омадаанд. Қаблан Ораз Вазирбеков гуфта буд ба Тоҷикистон сафар карданӣ нест ва агар рӯзе нохост дар Душанбе пайдо шуд, пас ҳама бояд бидонанд, ки ӯро дуздидаанд.

Дар навор, ки на зери арчаи маъмулӣ, балки кадом дарахти ороишии дигар сабт гардида, дида мешавад бародарон афсурдаанд ва Рамзӣ матнро аз суфлёр мехонад.

Ораз Вазрбеков, ки бо забони русӣ сӯҳбат мекунад, гуфт ихтиёран субҳи 30 июл ба Тоҷикистон омадааст. 

“Вақте инҷо омадам, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои зиёдеро хондам, ки гӯё маро аз Русия ихроҷ карда бошанд. Мехоҳам ба ҳамагон бирасонам, ки ман худам ба инҷо омадам. Ва инҷо мақомоти тафтишотӣ аз ман баъзе пурсиданиҳо доштаанд. Қаблан ман инро ҷиддӣ намегирифтам. Баъди омадан, ба раёсати тафтишотӣ рафтам ва махлум шуд, ки ба ман дар мавриди ҳодисаҳои Хоруғ баъзе саволҳо доранд. Ман тайёрам ба ҳамаи саволҳо посух гӯям. Агар бегуноҳиям маълум шуд, баргамегардам, вале агар гунаҳкор бошам, омодаам адои ҷазо кунам” — гуфт Орази 45 сола.

Бародари ӯ Рамзӣ Вазирбекови 35 сола, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Рамзес Шогунов маъауф аст, тоҷикӣ ҳарф зад, аммо маълум буд, ки суханҳоро аз суфлёр мехонад. Ӯ танҳо гуфт, “ҳарчӣ ки бародарам Ораз гуфт, гапҳояшро тасдиқ мекунам. Мо ҳозир дар назди тафтишот ба саволҳои онҳо ҷавоб хоҳем гуфт. Агар гуноҳҳои мо тасдиқ шавад, ба гуноҳҳои худ ҷавоб мегӯем.”

Рӯзи 30 июл Pamir Daily News, ки ҳаводиси вобаста ба Бадахшонро бозтоб медиҳад, дар шабакаи телеграмиаш аз нопадид шудани Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо шаби 29 июл дар фурудгоҳи Домодедово хабар дода буд. «Ҳавопаймои онҳо, ки аз Екатеринбург меомад ва соати 19:30 дар Домодедово поин шудааст. Ин охирин иттилоъе буд, ки онҳо ба наздиконашон додаанд. Баъд аз ин, телефонашон дастнорас шуд,» – навишта буд пойгоҳ.

На мақомоти Русия ва на мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин мавзӯъ иттилоъи расмие надодаанд.

Ораз Вазирбеков шаҳрванди Русия аст ва моҳи марти имсол дар суҳбат бо «Садои Амрико» гуфта буд, ба ҷонаш хатар таҳдид мекунад.

«Беш аз 15 сол боз шаҳрванди Федератсияи Русия ҳастам. Ходимони амниятии Тоҷикистон инро хеле хуб медонанд. Бо ин вуҷуд, пайиҳам ариза менависанд. Мехоҳанд, маро дар пеши назари мақомоти Русия чун идеологи ҷиноятҳои муташаккили помириҳо муаррифӣ кунанд,» – гуфта буд ӯ.

Пойгоҳи Pamir Daily News мегӯяд, дар ним соли охир дастикам 5 зодаи Бадахшон дар Русия рабуда ва ба Тоҷикистон бурда шудаанд. Амриддин Аловатшоев, яке аз афроди бонуфуз дар миёни ҷавонони Бадахшон, яке аз онҳост.

Ӯ моҳи январи имсол дар Русия нопадид шуд. Наздикони варзишгар се ҳафта талош карданд, ки дар бораи ӯ хатту хабаре ёбанд, вале кӯшишҳо бенатиҷа буданд. Танҳо дар аввали моҳи феврал мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон эътироф карданд, ки Аловатшоев дар як боздоштгоҳи шаҳри Душанбе аст ва сипас ба 18 сол зиндон маҳкум карданд.

Фаъолони ҳуқуқи башар се сол пеш гуфта буданд, ки дар солҳои 2005-2018 дар хориҷа, бахусус Русия, 15 шаҳрванди Тоҷикистон рабудаву боздошт ва ё нопадид шудаанд. Аксари ин ҳодисаҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида, ба нигоҳи танқидии ин афрод нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон рабт медиҳанд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ гуфтаанд, ки Тоҷикистон мухолифонашро дар хориҷа ҳам таъқиб мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *