Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ имрӯз, 23 июл, баъди сарусадоҳо дар бораи манъи сафари Ҳамза (Иброҳим) Тиллозода, набераи раиси ҲНИТ ба хориҷ барои табобат, изҳор кард ҳеҷ монеъае барои рафтани онҳо вуҷуд надорад.
Раёсати нерӯҳои марзбонӣ бо пахши як баёния гуфт “номи Ҳамза Тиллозода ва наздикони ӯ дар феҳристи афроди мамнӯъулхуруҷ аз Тоҷикистон ҷой надорад”.
Ҳамчунин мақомоти сарҳадбонӣ иддао кардаанд “дар гузаргоҳҳои марзӣ дар фурудгоҳҳо, роҳи оҳан ва ё дар дигар гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон аз тарафи наздикони Ҳамза барои ба хориҷа бурдани он ҳеҷ санаде пешниҳод ва ба қайд ҳам гирифта нашудааст».
Аммо Рӯҳуллоҳ Тиллозода, падари Ҳамза мегӯяд мақомот шиносномаи зану фарзандашро гирифтаанд.
Паём барои рӯшан кардани қазия ба Рӯҳуллоҳ Тиллозода муроҷиъат кард.
— Баёнияи Хадамоти сарҳадбонии кишварро дар бораи иҷозати сафар доштани Ҳамза ва модараш чӣ гуна қабул кардед?
— Хеле мусбат. Ин як хабари бисёр хуб аст ва умедро барои табобати Ҳамза бештар мекунад. Фақат мушкили дар он аст, ки мақомоти амниятӣ паспортҳо ва дигар санадҳои модару кӯдаконро гирифтаанд. На танҳо аз онҳо, аз дигар хешу таборро ҳам. Бисёр хуб мебуд, агар мақомоти амниятӣ ҳарчӣ зудтар паспортҳоро бармегардонданд ё барои гирифтани паспортҳои нав мусоидат мекарданд.
— Оё то имрӯз барои гирифтани паспорт ба ниҳодҳо муроҷиат кардаанд?
— Имкони муроҷиат кардан то хол вуҷуд надошт. Чун ба онҳо таъкид кардаанд, ки кӯшиши берун рафтан ҳамчун фирор ва ҷиноят ҳисоб мешавад. Саводи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ки надоранд, ба ин таҳдиди мақомот бовар кардаанд. Баъдан ин таҳдиди рӯякӣ ҳам нест. Ҳатто ба ҷанозаи бобоям иҷозати рафтан надоданд, ки қишлоқашон ҳамагӣ 5 км масофа дошт. Ҳамаи ин таъсир расондааст барои чунин фазо.
— Ҳоло чи кор бояд кард? Чун вақт барои чунин бемориҳо омили хеле мухим аст. Магар Ҳамза қурбонии ин хама даводаву санадбозиҳо намешавад? Ҳукумат метавонад гуяд, ки мо акнун иҷозат додем, рафтан гирад. Аммо, бе паспорт чӣ кор метавон кард?
— Ба назари ман ҳам бояд холо баҳсҳоро як тараф гузошта, ҳама роҳҳои имконпазирро барои зудтар омода кардани санадҳо ҷустуҷӯ кард. Аввалин қадам ин аст, ки мақомот ҳарчи зудтар паспортҳоро баргардонанд ва ё паспорти нав таҳия кунанд. Агар ин корро ба худи модари Ҳамза ҳавола кунанд, аз дасти ӯ коре намеояд. Ӯро тарс фаро гирифтааст ва ӯ ҳатто интернет надорад, ки донад дар дунё чӣ мегузарад. Ё бояд ягон гурӯҳ ин масъуляити инсониро ба дӯш гиранд. Албатта, худи макомот ин корро мекарданд беҳтар буд. Чун паспортҳои пешина ҳам дасти онҳост ва имкони зудтар паспорт карданро ҳам танҳо онҳо доранд. Вокеъан вақт хеле муҳим аст. Мо ба чанд беморхона аксҳо ва анализҳоро нишон додем. Онҳо ҳам таъкид ба вақт доранд, ки харчи зудтар бояд оварда шавад.
— Оё фикр намекунед, ки бо баҳонаҳои нарасидани ин ё он санад кор кашол меёбад? Ягон чораи алтернативӣ дар назар гирифтед?
— Инҷо ягон чораи алтернативии дигар вуҷуд надорад. Табибони тоҷик тавсияашон хориҷ аст. Ҳар кор, ки метавонистанд карданд. Охирин суханашон ин аст, ки агар мехоҳед инҷо ҷарроҳӣ шавад, бояд розӣ бошед, ки тамоми узви таносулии тифл бурида мешавад. Ва шанси зинда мондан ҳам ним аст. Ҷарроҳии дақиқтар бо дастгоҳҳои пешрафта танҳо дар хориҷ имкон дорад. То ин лаҳза як беморхонаи маъруф дар Истамбул омодагии худро барои табобат изҳор кардааст. Фақат тифлро ба онҷо расондан лозим. Агар мақомот хоҳиш дошта бошанд, дар як рӯз санадҳоро омода мекунанд ва ҳар рӯз парвоз ба Истамбул ҳаст. Бигузор худи мақомот ҳамроҳӣ кунанд тифлро, агар нигароние доранд. Мо омода ҳастем хароҷоти мақомоти амниятиро ки тифлро ҳамроҳӣ мекунанд ба душ бигирем.
Мутаъассифона, бархе масъаларо ҳам сиёсӣ ва ҳам пулӣ мекунанд. Хеле бад аст дар чунин ҳолат боз ҳам бо кинояву ғараз масъаларо ранги дигар додан. Хеле миннтадорем, ки мардуми зиёде омодагии худро барои кумаки молӣ пешниход карданд. Ин нишонаи чавонмардии миллати мо аст ва аз ҳамагон миннатдорем. Аммо, масъала танҳо ва танҳо санад ва иҷозати берун рафтан аст, на чизи дигар. Агар касе метавонад дар ин масъала кумак кунад, мо хеле миннатдор мешудем.
Хабарҳои охир моро хеле умедвор кардаст вокеан ва умед аст, ки Ҳамза рӯзҳои наздик ба яке аз беморхонаҳои хориҷӣ мерасад. Бори дигар ба ҳама шумо хамватанони азиз ташаккур барои таваҷҷӯҳ ва кумакатон.