Суханронии раҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Аврупо Илҳомҷон Ёқубов дар ҳамоиши онлайнии Паймони миллии Тоҷикистон
Инак мо барои таҷлил аз солгарди дуввуми таъсиси Паймони миллии Тоҷикистон нишаст баргузор мекунем ва шукри беҳад Аллоҳи меҳрубонро,ки ҳама бо иттифоқи ҳам барои мубориза ва муқовимат бо режими Раҳмонов таҳти ин ном ва дар зери ин чатри бузург пеш меравем.
Ман махсус ибораи “пеш меравем”-ро инҷо овардам ва рӯи он таъкид кардам. Зеро дар ҳақиқат мо пеш меравем ва дар ҳоли пешравӣ ҳастем. Хатаре,ки инсиҷоми мо пора ва аз байн биравадро дар ин ду соли талошу пайкор мо аз байн бурдем.Мо акнун дигар ба як субъекти байналмилалӣ табдил шудем.
Албатта,ки ин аз муҳаббат ва ишқу алоқаи мо ба роҳи пешгирифта ва ба ҳадафи мубориза ва ба бозгашти пирӯзмандонаи мо ба ватан рабт мегирад.Ҳар кадоме аз мо,гумон мекунам дар ин роҳ ҳамин орзуву ҳавасро дар дил мепарварад ва барои расидан ба онҳо воқиан ҳам содиқона, самимӣ ва боз ҳам мегӯям,ки бо муҳаббат муносибат мекунад,Агар мо ба роҳу равиш ва ҳадафи худ,аз ҳар касе дигар бештар ишқу алоқа ва муҳаббату меҳр надоштем,имон ва бовар надоштем,эътимод надоштем,ҳоло дар инҷо ва дар дар даври ҳам қарор надоштем.
Дар ҳар сурат инҷо чанд мулоҳазаҳои худро вобаста ба фаъолияти Пйамони миллии Тоҷикистон мехоҳам баён кунам. Дасти аввал мехоҳам ба бародароне, ки дар арсаи муборизаи мафкуравӣ ва муборизаи иттилоотӣ бо ин режим қарор доранд,ташаккур баён кунам. Бародарони азизи мо дар ин самт воқиан ҳам хеле ҷонфишонӣ мекунанд ва паҳлуҳои норӯшан, сирру асрори махуфи Раҳмонов ва ҳокимияти хонаводаии ӯро фошофош ба мардум мерасонанд. Барномаҳои роҳандохтаи ҳамаи мо ,ки акнун ба назар мерасад мардум, бахусус мууҳоҷиринро ба самти худ ҷазбу ҷалб мекунад нишонаи гӯёи ин гуфтаҳои ман аст. Он пули робита ва алоқаро,ки мехостем дошта бошем, иншоаллоҳ, ки бино кардем ва худо кунад,ки устувор ва қоим бошад.Бахусус инъикоси масоили коронавирус ва ифшои заъфу ноуҳдаборӣ ва ҳеҷкорагии ҳукуматро маҳз расона ва шабакаҳои ҳамкору ҳамроҳони мо иҷтимоӣ ва мардумӣ карданд.Агарчи ин бузургтарин зарбаи иттилоотии мо дар ин самт буд ва аз тарафи дигар хизмати шоистатарин ба миллат ва мардуми тоҷик будааст агар мо хабарҳои дар даст буда оиди коронавирус матбуоти намекардем ва бо шабакаҳои мустақили хабаррасон ҳамкори намекардем мутмаинан вазъияти беҳдоштии мардум е сиҳатии мардум аз имруза ҳолат бадтар мешуд.
Дигар нуктаи муҳимм ва асосӣ,ки имсол Паймони миллӣ дар симои раиси он эълон кард ин буд,ки гуфт мо омодаем ва кадр ҳам дорем,ки қудрати сиёсиро ба даст бигирем.Ба гумони ман ин як паёми хеле зарурӣ ва умедворкунанда аст.Садо додани он бағоят муҳим аст новобаста ба онки мо ҳоло амалан дар маҷрои сиёсии кишвар ҳузур надорем.Хеле аз ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ дар хориҷ аз кишвар ташаккул ёфтаву сипас на танҳо вориди кишвар,балки раҳбариро ҳам ба даст гирифтааст.
То онҷо ки сӯҳбатҳои раиси Паймони миллӣ бо мардумро тамошо кардам,фикр мекунам,ки чунин суҳбатҳои онлайнӣ бо мардум бештар бишавад муфид воқеъ меафтад. Бахусус сӯҳбатҳои хос бо ҷавонҳо.Дар ин бора талабу пешниҳодҳо ҳам шуда буданд.
Вале фикр мекунам,ки барои ҳарчи бештар чеҳраи хуношом ва маккоронаи Раҳмонов ва хонаводаи ӯро нишон додан ба мардум мешавад тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо боз ҳам имкониятҳоямонро ба харҷ диҳем беҳтар аст.Расонаҳо -инҳо ҳамин сангарҳои муборизаанд,ки дар соли 1992-1997 Раҳмонро водор ба сулҳ кард. Инки ҳоло барномаҳои аз байн бурдан ва ё харидан ва ё бо ҳарроҳу шевае маҳор кардани онҳоро доранд,ба ин маъно аст ки тирҳо ба ҳадаф расида истодааст.
Азбаски ҷамъомади мо дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатамон баргузор мешавад мехостам дар ин маврид ҳам гуфта бошам. Бояд тамоми миллат ва ҳар як тоҷикистонӣ
бидонанд,ки барои ба ин рӯз расидан киҳо талошу мубориза ва ҷонбозиҳо кардаанд.Нақш ва мақому корномаи онҳоро бояд барои миллат гуфт.Ва,ҳамзамон бояд гуфт,ки Раҳмонов ва дору дастаи ӯ дар асл муқобили истиқлолият ва коммунистони суп сурх буданд ва бар зидди неруҳои миллӣ ва мардумӣ,ки истиқлол мехостанд мубориза бурданд.Онҳо аз ин истиқлолият,ки барояшон обу нону пулу сарват ва ҷоҳу мансаб додааст,фақат баҳракашӣ карда истодаанд.Имрӯз ҳам барои ҳифзи манфиати гурӯҳиву авлодӣ омодаанд,ки хоки ин ватанро бифурӯшанд.То замоне дар сари қудратанд, истиқлолияти комил ба даст намеояд. Онҳо Тоҷикистонро на моли миллат,балки моли худ медонанд ва як қисмашро ҳам аллакай фурухтаанд.
Яке аз роҳҳое,ки моро ба истиқлолияти воқеӣ мерасонад пеш аз ҳама бозгашт ба асли хеш — ба хатти форсӣ аст.Борҳо ба ҳукумат пешниҳоди баргашт ба ин хатт шудааст аммо ҳеҷ иқдом ва оянда ҳам нахоҳад кард.Зеро барои онҳо эҳёи ин хат хатарнок аст ва аз доираи мадору мешвари хоҷаашон хориҷ мешаванд ва хоҷа ҳеҷ гоҳ иҷозат намедиҳад. Ба гумони ман ПМТ барномаи фарогири зина ба зина ба хати форсӣ баргаштанро таҳия ва барои мардум,балки ба муҳокимаи умумихалқӣ бигзорад.Даври ин барнома миллат муттаҳид хоҳад шуд,ки бидуни шак ин як шонс ва имтиёзе барои ПМТ мешавад.
Пешниҳоде дигаре,ки мехостам инҷо матраҳ бишавад ташкили Ҳукумат дар табъид ( яьне берун) аст. Мухолифини тоҷик ин таҷрибаро доштанд.Мо,бояд паҳлуҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии ин масъаларо биомӯзем дар таъсису ташкили он талош варзем.Пӯшида нест,ки режими Раҳмонов интихоби мардум нест.Бо интихоботҳои ғайриозод ва бодуздидани овози мардум то имрӯ қудратро нигоҳ доштааст.Интихоботи пеширӯ ҳам аз ҳамин оғозаш бо қонуншиканӣ шурӯъ шудааст.Дар чунин шароит ПМТ бо ҳамаи аҳзобу гурӯҳҳо ва шахсиятҳо чи дар дохил ва чи дар хориҷ ҳукуматии мардумии дар берунро бояд ташкил кунад.
Ҳамин ҳоло дар охири суҳбати худ мехоҳам ба интихобот таваҷҷуҳатонро ҷалб кунам. Ба назарам мо бо тамоми имконоте ки дорем бифаҳмонем ва бигӯем ки ин чи интихобот аст? Интихоботи худи халқ аст ва ё интихоби Раҳмонов ва ҳокимияти хонавводаии ӯ барои халқ. Ва,охирин пешниҳодам ин аст ки мо имкон дорем тавассути расона ва шабакаву каналҳоямон овоздиҳии алтернативиро дар рӯзи интихобот ба роҳ монем.Бояд бар сари ин андешид ва барномае дуруст кард ва чанд нафар ҳам масъули ин кор бишаванд,беҳтар аст.
Дар ҳар сурат дар як баёнияи расмӣ бояд мавққеи худамонро маълум намоем.Чун ин интихобот аввалин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баъди соли 1997 аст ки бидуни ҳузури мо доир мешавад.
Барои ҳама барору сарбаландӣ саодати хонаводаӣ ва саломатӣ мехоҳам.