Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик аз Хайрулло Мирсаидов ҳимоят кард. Ӯ гуфт додгоҳи шаҳри Хуҷанд, ки ба зудӣ шикояти вакилони Хайрулло Мирсаидовро баррасӣ хоҳад кард, бояд ба назар гирад, ки Мирсаидов зарари расонидааш ба буҷаи вилоятро пурра барқарор кардааст.
Ҳимояти маҳкумшудагон. ҳатто ба ҳамин мулоимӣ аз тарафи омбудсмени тоқик падидаи нодирест. Ин аст, ки ӯро бинобар хомӯшии ҳамешагиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ “Кулӯх” лақаб додаанд.
Ин ҳарфҳоро Ализода имрӯз, 19-июл дар нишасти матбуотиаш изҳор кард. Аммо ба ин суол, ки оё ӯ ҷазои Мирсаидовро сангин намешуморад гуфт: “талаботи қонуни имрӯза ҳамин аст”.
“Аммо ман медонам, ки бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон, барои сабуктар кардани Кодекси ҷиноятӣ, ки ҳанӯз соли 1998 қабул шудааст, гурӯҳи корӣ таъсис гардидааст ва умедворем, ки дар Кодекси нав баъзе моддаҳо ба ҷои маҳрумият аз озодӣ, ҷазои алтернативӣ дошта бошанд” — изҳор кард Ализода.
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 11 июл Хайрулло Мирсаидовро бо иттиҳоми азхудкунии маблағи давлат ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Тарафи айбдоркунӣ даъво крада буд, ки Мирсаидов 124000 сомонӣ пули ҷудошуда барои масрафи тими КВН-ро ба худаш ихтисос додааст.
Фардои он рӯз, яъне 12-июл волидони Мирсаидов 124 ҳазор сомониро ба хазинаи давлат пардохт карданд, аммо гуфтанд, ки ин ба маънии эътирофи гуноҳи Хайрулло нест.