Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта $353 миллион ё 20 дарсад бештар аст.
Тибқи асноди омор, маблағи молҳои содиротшуда $528,3 миллионро ташкил додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 15,3% ё $70,2 млн бештар мебошад.
Воридот бошад беш аз $1,5 миллиардро ташкил дод, ки 22,7% $283,1 млн. бештар нисбат ба нимсолаи аввали соли 2017 аст. Бо назардошти ин арқом, таъодули тиҷории Тоҷикистон манфӣ ва воридот аз содирот қариб се баробар бештар буд. Бо рақам беш аз 1 миллиард доллари ИМА.
Қаблан Тоҷикистон ҳам сабаби якбора боло рафтани қурби долларро дар кишвар ба ҳамин нишондиҳанда нисбат дода буд.
Шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон дар январ — июни соли 2018 Русия бо $470 млн., Қазоқистон бо $416 млн., Чин бо $316 млн. ва Узбекистон бо $128 млн.будаанд.