Categories Хабарҳо

Раҳмон дар як саф бо Бин Салмон, Хоманаӣ, Эрдуғон, Путин ва Си Тзин Пин

Cозмон гузоришгарони бидуни марз, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро дар канор Муҳаммад бин Салмон, Алии Хоманаӣ, Ким Чен Ин, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, Владимир Путин ва Си Тсин Пин  ба унвони душманон матбуот муаррифӣ кардааст. 

Дар гузориши ин созмон, ки рӯзи душанбе мунташир шудааст ном 37 раҳбари ҷаҳон қарор гирифта ва бисёре аз номҳо, чеҳраҳои такрорӣ ҳастанд, ки пештар ҳам дар ин феҳрист қарор доштанд. Аммо Виктор Урбон, нахуствазири Венгрия ба унвони як раҳбари аврупоӣ барои нахустин бор дар ин маҷмӯа қарор дорад. 

Ин нахустин бор аст, ки як раҳбар Аврупои ғарбӣ дар сафи касоне қарор мегирад, ки дар саркӯби озодии матбуот нақши густурдае доштааст. 

Созмони гузоришгарони бидуни марз истидлол кардааст, ки Урбон аз соли 2010 ба сурати пайваста ва мустамар истиқлоли расонаӣ дар ин кишварро тазъиф карда ва дар маҳдуд кардан озодии матбуот нақши муҳимме ифо кардааст. Ин гузориш мегӯяд контроли беш аз 80 дарсади расонаҳо дар ин кишвар аз тариқи олигархи наздик ба ҳизби ҳокими Виктор Урбон инҳисорӣ шудааст. 

Дар ин феҳрист Муҳаммад бин Салмон, валиаҳд Арабистони саудӣ ба далели он чи равишҳои саркӯбгарона алайҳи рӯзноманигорон шомили таҳдид ва ҷосусӣ, одамрабоӣ, шиканҷа ва ҳамчунин қатли фаҷеъ аз ҷумла куштани ваҳшиёнаи Ҷамол Хошуқҷӣ, номида шуда, дар канори дигар раҳбарони иқтидоргароӣ, ки дунёро барои рӯзноманигорон ноамнтар карда, қарор гирифтааст. 

Дар ин гузориш, ки дирӯз, 5 июл мунташир шуда, Алии Хоманаӣ, раҳбар Эрон, дар канори афроде чун Владимир Путин, Ким Чен Ин, Си Тзин Пин аз дигар душманони озодии матбуот муаррифӣ шудаанд. 

Ҳамчунин ба ин рӯйхат раҳбарони Ҳинду Покистону Бангладеш ва Туркияву Белорус ворид шудаанд.

Дар ин гузориш раҳбарони 37 кишвари дунё ба унвони афроде муаррифӣ шудаанд, ки дар саркӯби бераҳмонаи расонаҳо нақши муҳиме доштаанд. 

Созмони гузоришгарони бидуни марз аз соли 2001 даст ба интишори чунин феҳристе мезанад ва раҳбаронеро, ки дар хафа кардани садои рӯзноманигорон нақшофарин будаанд, муаррифӣ мекунад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *