Рубрики Хабарҳо

Дувумин рӯзи музокироти байниафғонӣ дар Эрон

Дувумин рӯзи гуфтугӯҳои байнулафғонӣ дар маҳали дафтари мутолиъоти Вазорати хориҷаи Эрон дар Теҳрон баргузор шуд

Сайидрасули Мусавӣ, мудири кулли ғарби Осиёи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар сафҳаи тветтири худ навишт, ки дафтари мутолиъоти сиёсӣ ва байналмиллалии вазорати хориҷа ҳамвора маҳали гуфтугуҳои бисёр муҳими сиёсӣ будааст.

Мусавӣ афзуд, ки дувумин рӯзи гуфтугӯҳои байнулафғонӣ  дар маҳали дафтари мутолиъоти вазорати хориҷа шурӯъ шуд.

Иҷлоси гуфтугӯҳои байни гурӯҳҳои мухталифи афғон бо ҳузури намояндагони давлати Афғонистон шахсиятҳои олии ҷумҳурӣ ва ҳайати олии сиёсии Толибон рӯзи гузашта ба мизбонии Эрон дар Теҳрон баргузор шуд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умӯри хориҷаи Эрон дар ин нишаст изҳор кард Амрико баъди ҳузури беш аз ду даҳа дар Афғонистон, ки мӯҷиби харобиҳои бисёре шудааст, шикаст хӯрда ва имрӯз мардум ва раҳбарони сиёсии Афғонистон бояд барои ояндаи кишварашон тасмимоти душвор бигиранд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш хабар дода шуда буд ҳайати давлати Афғонистон ва ҷунбиши Толибон озими Теҳрон шуданд ва бо мақомоти баландпояи Эрон вазъи бавуҷудомадаи Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард. Ҳамзамон дар Теҳрон гуфтугӯҳои байнулафғонӣ баргузор хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *