Рубрики Хабарҳо

Нерӯгоҳи оташӣ дар Яғноб. Нафъаш бештар аст ё зарараш?

Тибқи маълумоти расонаҳо, Тоҷикистону Чин барои сохтмони як нерӯгоҳи барқӣ-оташии фаъолияткунанда бо ангишт ба гуфтугӯ нишастаанд. Ин нерӯгоҳ қарор аст дар Яғноб бунёд гардад.

Тавоноии истеҳсолии нерӯгоҳи Фон-Яғноб 600 мегаватт хоҳад буд, ки аз нерӯгоҳи ҳамсонаш дар Душанбе 1.5 баробар бештар аст.

Давлати Тоҷикистон барои бунёди чандин нерӯгоҳҳои оташии фаъолияткунанда бо ангишт бо сармоягузорон гуфтугӯ дорад. Яке аз онҳо нерӯгоҳи “Шӯроб” дар шаҳраки Шӯроби Исфара аст, ки ширкати малайзиягии HOS International Trading SDN BHD сохтмони онро ба дӯш гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол Абдуқодири Рустам, нависанда ва мунаққиди тоҷик ба ин назар аст, ки нерӯгоҳи Фон-Яғноб метавонад ба муҳити ин минтақаи сайёҳӣ таъсири фоҷиабор расонад. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи фейсбукияш чунин изҳори назар кардааст:

Кӯҳҳои Фон ҳамроҳ бо Бадахшон ду минтақаи машҳуртарини Тоҷикистон барои чаҳонгардони хориҷӣ аст. Кӯлҳои зебо андаруни косаи кӯҳҳо, қуллаҳои барфпӯши осмонбӯс, бурсҳои ҳазорсола, рӯдҳои шӯхи тезоб боис шуда, ки ҳамасола ҳазорон ҳазор аз кишварҳои муштаракулманофеъ ва хориҷи дур ба ин минтақаи воқеъ дар ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷекат меоянд. Акнун, ки давлати Тоҷикистон ба сайёҳӣ таваҷҷӯҳи бештар медиҳад ва мехоҳад аз ин ришта даромади бештар касб бикунад, кӯҳҳои Фон барои иҷроӣ шудани барномаи рушди сайёҳӣ аҳаммияти бештар хоҳад дошт. Аммо сохтмони нерӯгоҳи Фон, ки бо ангишт барқ тавлид хоҳад кард, яқинан боиси бештар ва зудтар об шудани пиряхҳои ин минтақа ва натиҷатан, маҳви зебоиҳои он хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ду чархаи нерӯгоҳи обии Роғун дар ду соли оянда Тоҷикистон ба истиқлоли энержии барқ мерасад, чӣ зарурате барои эҳдоси нерӯгоҳҳои барқии оташӣ хоҳад монд, бахусус барои сохтмони нерӯгоҳи Фон- Яғноб, ки зиёнаш беш аз судаш хоҳад буд. Ҳанӯз, ки дер нашудааст, давлати Тоҷикистон бояд аз ин тарҳ даст бикашад. Мо тамоми ниёзҳои худ ва ҳамаи кишварҳои ҳамсояро низ метавонем бо эҳдоси нерӯгоҳҳои барқии обӣ, ки бамаротиб арзонтар ва покизатар аст, бароварда кунем ва ниёзе ба нерӯгоҳҳои оташӣ, ки ҳам муҳитро олуда мекунад ва ҳам барқаш чанд баробар гаронтар аст, надорем!

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *