11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Нигаронии сафири рус аз сатҳи андоз дар Тоҷикистон

Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтааст ба хотири мизони баланди андоз дар Тоҷикистон фаъолияти сармоягузории кишвараш ба Тоҷикистон ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ шудааст.

Вай гуфтааст, ки бо намояндагони ширкатҳои мухобиротӣ, телефонҳои ҳамроҳ ва Газпроми Русия дар Тоҷикистон ба таври муназзам дидор мекунад ва онон аз боло будани мизони андозситонӣ дар ин кишвар шикоят доранд.

Бино ба гуфтаи  Фролов, агар чӣ Русия аз шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меояд ва мизони муомилоти бозаргонии ду кишвар имсол ба ҳудуди як миллиард доллар расидааст, аммо зиёд будани мизони андоз сабаби коҳиши нигаронкунандаи мизони сармоягузории Русия дар ин ҷумҳурӣ, дар соли 2016 шудааст.

Вай ҳамчунин аз ин, ки ширкати давлатии Барқи тоҷик ба нерӯгоҳи барқӣ обии “Сангтуда-1” наздик ба 626 миллион сомонӣ қарздор аст, ибрози нигаронӣ кардааст.

Бо ин ҳол, сафири Русия ибрози умедворӣ кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои коҳиши андоз дар бахши сармоягузорӣ дар солҳои оянда кушиш хоҳад кард ва ин сабаб мешавад робитаҳои иқтисодии ин ду кишвар густариш ёбад.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *