УБАЙДУЛЛО РАҶАБОВ
Яке аз сабабҳои вуруди беохири филму намоишнома ва сурудҳои хориҷӣ ба фазои тамошову қабули тоҷикон, дар умум тоҷикистониён, ин холигии ин ҷода аст. Ё худ бо ҳар гуна афкори қавомонда, паст, ғайритабӣӣ, ё фач, ки ба табъи ҷомеа нофорам аст, ин фазоро гӯё пур кардаанд. Саҳнаи кинои тоҷик истеъдодро фаромӯш карда истодааст, қариб ки ғайриихтисосҳоро ҳам дону нодон ба хотири пиар, ё чизе дигар фаро гирифта истодааст.
Аммо ба ҳар ҳол театру кинои тоҷик чеҳраҳои нотакрору фаромӯшношудание ҳам дошт, ки таърихи ин соҳа гувоҳ аст. Яке аз ин нафаронро имрӯз дар барномаи “Чеҳраи ҳафта” муаррифӣ карданием.
Одатан дар барнома аз фаъолияту қисмати и нафароне ҳарф мезадем, ки давоми ҳафтаи сипарӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ номвар буданд. Локин қаҳрамони имрӯзаи мо рӯзи қабл бо тассуфи ҳамагон шабакаҳоро пур карду абадан рафт. Гап дар сари ҳунарманди шинохтаи тоҷик Убайдулло Раҷабов меравад. Ҷанозааш рӯзи гузашта, соати 16:30 яъне санаи якуми июли соли 2021 дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе гузашт ва дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд.
Маълум аст, ки ин қабристони шахсиятҳои фарҳангиву пурвовозаи кишвар аст.
Далели марги ӯро фарзандаш Шаҳзод Раҷабов гирифторӣ ба бемории ҳамагирӣ COVID 19 унвон кард.
«Дирӯз ба ин беморӣ гирифтор шуданд ва имрӯз моро тарк карданд. То ин вақт бемор набуданд, ба маҳфилу нишастҳо мерафтанд»,-гуфт Шаҳбоз.
Убайдулло Раҷабов аз ҳунармандони саршинос ва пуровозаи театру синамои тоҷик буд, ки нақшҳои мондагоре офаридааст. Ин ҳунарманд яке аз пурбинандтарин ҳаҷвнигор ва танзпардози тоҷик буд, ки ҳанӯз аз замони Шӯрави доғтарин масоили иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсиро аз роҳи танз матраҳ мекард. Ин ҳунарманд 20-уми марти имсол ба синни 80 расида буд.
Убайдулло Раҷабов ҳамчунин ба унвони раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон низ солиёни зиёде кор кардааст. Аз ин пештар ӯ бо ҷамъ аз ҳунармандон ва пайравони мактаби эҷодияш дар солҳои сахту сангини ҷанги шаҳрванди театри минотурии «Оина»-ро таъсис дода буд. Ҳунармандест, ки мардуми Тоҷикистон дар ду низоми сиёсӣ: шӯравию ҳозир аз ӯ хотираи хуш доранд. Нақшҳои мондагоре дар театру синамои тоҷик бозидааст, ки аз намунаи олии ҳунари тоҷиканд.
Убайдулло Раҷаб гоҳо бо санъати танз, каме пӯшидата ва гоҳо кушоду равшан аз доғҳои замона мегуфт. Чуноне дар як мусоҳиба гуфтааст: “ Сарнавишти мо ба дасти диктаторҳоест, ки қассоби моянд” Ҷое дигар ҳам гуфта :” Ақлҳоро тоза кардан даркор, ақлҳои зангзадаро.”
Дар рӯзи 80-солагиаш, ки наздиконаш сарҷамъ буданд, ошкоро аз ҳоли замон сухан кард ва гилаву шикояте аз рӯшанфикрон, мансабдорон, масъулони фарҳанг ва хусусан расонаҳо дошт.
Худи ӯ да боби зиндагиномааш мегӯяд: “Ман аз он чи дар зиндагӣ кардам ва аз умри гузашта пушаймон нестам.
Ҳар чи дилам мехост ҳамунро болои саҳна овардам, ба мардумам якҷо будам. Ҳар чи мардум мегуфт гӯш мекардем. Фикрҳои хубе, ки барои пешрафти ҷоме буд қабул доштем, он чи қобили қабули мо набуд дар саҳнаҳо гуфтем. Ва сахт ҳам гуфтем, мардум ҳам хандиданд ва ҳам гиристанд. Гиристан ба ин маъно, ки зиқ шуданд. Вале ҳар чӣ гуфтем қабул карданд. Ин ҳама барои ман бахти бузург аст.
Ман хеле шодам, аз зиндагиям, аз рӯзгорам, аз касби интихобкардаам, пушаймон нестам.
Ман ниятҳои хеле зиёде доштам, вале мутаассфиона ҳамаи онҳоро натавонистам ба анҷом расонам. Хеле идеяҳои фикр мекунам зебое буданд. Ман театр сохтам, дар солҳои задухӯрдҳои сатхти ҷанги шаҳрвандӣ. Бо вуҷуди ин ҳама, ман театрро сохтам. Вале баъдтар баъзе шахсҳое пайдо шуданд барои барҳам задани ин театр.
Ин театр, шояд натавонист хидмати мардумро бикунад. Натавонист ба он маъно, ки театр бисёр кори мушкил аст, организми зинда аст, талаботи худро дорад. Масъалаҳои иқтисодӣ, массалаҳои сиёсӣ вуҷуд дорад. Ин театр тамоман як руҳияи дигар дошт, роҳу равишаш дигар буд. Албатта, мо бисёр чизҳо мехостем, вале қариб, ки ҳимоят нашудем. На аз сӯйи Вазорати фарҳанг, на аз тарафи дигар сохторҳои ҳукуматӣ. Мо ягон дастгириву дилгармиро эҳсос накардем.
Убайдулло Раҷабов санаи 20 -уми марти соли 1941 дар Данғара ба дунё омадааст. Унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро соли 1994 ба даст овардааст, лауреати Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллои Рӯдакио соли 1998. Узви Иттифоқи кинематографистони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1990 мебошад.
Коллеҷи мусиқии Душанбео соли 1964 хатм кард. Шӯъбаи коргардонии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодао низ соли 1982 хатм кардааст. Аз соли 1964 — актёри Театри давлатии академии драмавии ба номи Aбулқосим Лохутӣ буд. Дар солҳои 2000-2004 — Раисии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯш дошт. Масъули даҳҳо чорабиниҳои фароғатии оммавии сатҳи давлатист. Аз фарзандонаш Шаҳзод Раҷабов касби падарро идома дода истодааст.
Соима Саидӣ