Ибни Исҳоқ нақл мекунанд, ки Паёмбар (с) аз Табук ба Мадина моҳи Рамазон омада мерасанд. Ҳамон моҳ ба наздашон ҳайъате аз қабилаи Сақиф меоянд. Онҳо пеш аз омадан байни ҳам машварат мекунанд ва ба хулосае меоянд, ки тавони рӯ ба рӯ шудан бо лашкари мусулмононро надоранд. Бинобар ин, ҳамагонӣ мусулмон мешаванд ва сипас, ҳайати худро бо сардории Кинона ибни Абдуёлайл ба Мадина мефиристанд. Ин гурӯҳ чун ба Мадина наздик мешаванд, Муғира ибни Шуъба, ки аз қабилаашон буд, онҳоро вохӯрда пешвоз мегирад ва ҳангоми дидор бо Паёмбар (с) чи гуна бо эшон салом доданро барояшон ёд медиҳад. Вале бо вуҷуди ин, онҳо ҳангоми вохӯрдан бо Он ҳазрат (с) чун саломи ҷоҳилият салом мекунанд.
Паёмбар (с) ҳайъати Сақифро ба масҷид ҷой дода, барояшон онҷо хаймае рост менамоянд, то он ҷо Қуръон шунаванду мардумро ҳангоми намозхонӣ бубинанд. Ин ҳайъат чанд рӯз он ҷо истода, бо Паёмбар (с) рафтуомад мекарданд, ки Он ҳазрат эшонро ба Ислом даъват менамуданд.
Ибни Саъд нақл мекунанд, ки “Паёмбар (с) ҳар шаб баъди хуфтан наздашон омада, рост истода, барояшон сухан мекарданд. Он ҳазрат (с) аз тӯли рост истодан гоҳо ба пойи рост ва гоҳо ба пойи чап такя мекарданд”.
Мӯсо ибни Уқба дар “Мағозӣ”и хеш овардаанд, ки “миёни ҳайъат Усмон ибни Абилъос низ ҳузур дошт. Ӯ аз нигоҳи синну сол аз ҳама хурд буд. Онҳо вақте ба назди Паёмбар (с) мерафтанд, ӯро дар хайма мегузоштанд. Вақте онҳо баргашта, нисфирӯзӣ барои дамгирӣ мехобиданд, ӯ ба назди Он ҳазрат мерафт ва дар бораи дин пурсида, наздашон Қуръон мехонд. Ҳамин тавр Усмон чанд бор чунин мекунад ва ниҳоят аз дин маълумоти бештар мегирад. Ӯ ҳар боре, ки меомаду Паёмбар (с) дар истироҳат меёфт, ба назди Ҳазрати Абубакр мерафт. Касе аз ҳайъат аз ин кори ӯ хабар надошт. Ин кораш ба Паёмбар (с) маъқул мешавад ва ниҳоят ӯро дӯст медоранд. Баъди гузашти як муддат дили ҳайъат аз имон осуда мешавад, вале Кинона ибни Абдуёлайл ба Паёмбар (с) мегӯяд: Дар бораи зино чӣ мегӯед? Чунки мо мардуми сафарӣ ҳастему аз он ҷойи гурез надорем. Он ҳазрат (с) мегӯянд: “Вай бароятон ҳаром аст. Зеро Худованд чунин мефармояд: “وَلا تَقْرَبُوا الزِّنى إِنَّهُ كانَ فاحِشَةً وَساءَ سَبِيلًا”.”. Боз мепурсанд: Дар бораи рибо чӣ мегӯед? Чунки мо моли ҳама аз ҳамин аст. Мегӯянд: “Тани молатон аз они шумост. Чунки Худованд чунин мефармояд: “يا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَذَرُوا ما بَقِيَ مِنَ الرِّبا إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ” ”. ”. Боз мепурсанд: Дар бораи арақ чӣ мегӯед? Чунки он аз оби замини мост ва мо дигар чора надорем. Мегӯянд: “Худованд онро ҳаром кардааст”. Баъд барояшон ояти ҳаром шудани арақро хонда медиҳанд.
Ба нақли Ибни Исҳоқ онҳо инчунин аз Паёмбар (с) мепурсанд, ки аз гардани онҳо намозро соқит намоянд. Он ҳазрат (с) барояшон мегӯянд: “Дине, ки дар он намоз набошад, хайре надорад”. Сипас, онҳо бо ҳамдигар монда, ба машварат мепардозанд ва баъд ба назди Он ҳазрат (с) баргашта, ба ҳама аҳкоми динӣ сар фуруд меоранд. Вале онҳо дархост мекунанд, ки барояшон он бутеро, ки мепарастиданд(Лот), вайрон нокарда се соли дигар бозгузоранд. Аммо Паёмбар (с) ба ин дархост розӣ намешаванд. Баъд онҳо барои як сол мепурсанд, боз розӣ намешаванд. Ниҳоят барои як моҳ баъди омаданашон мепурсанд, боз розӣ намешаванд ва талаб мекунанд, ки он бедаранг вайрон карда шавад. Ибни Исҳоқ овардаанд, ки онҳо бо ин корашон мехостанд, ки худро аз озору таънаи занон ва камхирадонашон халос намоянд. Инчунин намехостанд, ки тахриби он ба мусулмон шудани ҳамқавмонашон монеа гардад. Аз ин рӯ, онҳо ба Паёмбар (с) мегӯянд: Ин тавр, ки бошад, кори тахриби онро худатон ба уҳда гиред. Зеро мо ҳаргиз ин корро ба уҳда нахоҳем гирифт.
Сипас, Паёмбар (с) ба онҳо мегӯянд: “Бароятон касеро мефиристам, ки ба ҷойи шумо ин корро анҷом медиҳад”. Бо ҳамин онҳо барои рафтан иҷозат мепурсанд ва Он ҳазрат (с) онҳоро бо иззату икроми хосса гусел мекунанд. Ба онҳо Усмон ибни Абилъосро, ки аз дигарон дида ба Ислом ҳаристар менамуд, амир таъйин мекунанд. Ӯ пеш аз рафтан аз Қуръон якчанд сура азёд карда буд.
Паёмбар (с) аз пайи онҳо ҳайъатеро бо сардории Холид ибни Валид мефиристанд, ки миёни он Муғира ибни Шуъба ва Абусуфён ибни Ҳарб низ буданд. Ин ҳайъат барои тахриби Лот сафарбар шуда буданд. Вақте онҳо он бутро вайрон менамоянд, занони Сақиф бо доду вой баромада, гиряву афғон мебардоранд. Ҳар боре, ки Муғира ибни Шуъба онро бо табар мезад, Абусуфён “Оҳ бар ту, вой бар ту” гӯён бо истеҳзо садо мекард ва бо ин кор аз кирдори занони Сақиф тамасхур менамуд.
Ибни Саъд дар Табақоти хеш ба нақл аз Муғира (раз.) овардаанд, ки “бо ҳамин қабилаи Сақиф ҳама мусулмон мешаванд. Миёни арабҳо қабила ва ё хонадоне набуд, ки дар мусулмонӣ аз инҳо беҳтар шуда бошад. Онҳо дар вафодорӣ ва садоқат ба Худо ва Китоби Ӯ миёни дигар арабҳо назире надоштанд”.
Пайиҳам омадани ҳайъатҳо аз қабилаҳои араб ва даромадани онҳо ба дини Худо
Ибни Исҳоқ чунин нақл мекунанд: “Вақте Паёмбар (с) Маккаро фатҳ менамоянд, аз ҷанги Табук фориғ мешаванд ва дар пайи он қабилаи Сақиф мусулмон шуда бо Он ҳазрат (с) баъйат мекунанд, қабилаҳои араб аз ҳар тараф ҳайъати худро ба назди Он ҳазрат (с) ба фиристодан мепардозанд. Зеро арабҳо дар масъалаи Ислом ба муносибати қабилаи Қурайш ба он мунтазир истода буданд. Чунки ин қабила пешвои арабҳо, аҳли байти Паёмбар ва соҳибони Ҳарам буданд. Илова бар ин, ба хонадони Ҳазрати Исмоил рабти мустақим доштанд. вақте Макка фатҳ гардид ва Қурайш пеши Ислом сар фуруд меорад, онҳо донистанд, ки дигар тавони муқовимат ва душманӣ бо Паёмбар (с)-ро надоранд. Бинобар ин, ҳама гурӯҳ гурӯҳ ба дини Худо рӯй меоранд. Худованд дар ин бора дар сураи Наср чунин мефҷармояд:
“إِذا جاءَ نَصْرُ اللَّهِ وَالْفَتْحُ. وَرَأَيْتَ النَّاسَ يَدْخُلُونَ فِي دِينِ اللَّهِ أَفْواجاً. فَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ وَاسْتَغْفِرْهُ إِنَّهُ كانَ تَوَّاباً””
Ман дар ин ҷо ба баёни муфассали ҳайъати қабилаҳо ва ахбори он ҳоҷате намебинам, зеро аз тафсилоти он моро ҳеҷ ҳадафе нест.
Панду андарзҳо
Касонеро, ки Паёмбар (с)-ро вақти ба Тоиф рафтанашон хеле бад пешвоз гирифта, он касро аз диёрашон бисёр ба таври нангин пеш карда буданд, дар хотир доред? Дар ёд доред, ки онҳо чи тавр безориҳо ва бачагони худро бар зидди Он ҳазрат (с) шӯронида, он касро чи гуна озору азият дода буданд? Онҳо ҳамин қабилаи Сақиф буданд, ки акнун ба назди Паёмбар (с) шитофта, ба дини Худо бо садоқати томму итоати комил дохил шуданд.
Оё фаромӯш кардед, ки он замон вақте Зайд ибни Ҳориса ба Паёмбар (с), ки ноумед аз Тоиф ба Макка бармегаштанд, гуфтанд, ки “Эй Расули Худо, акнун, ки онҳо шуморо берун кардаанд, боз чи гуна медароед?! Он ҳазрат (с) чи ҷавоб дода буданд?! Он замон чунин гуфта буданд: Эй Зайд, бешак, Худованд ба он чӣ ту ҳоло мебинӣ, кушоиш хоҳад дод. Албатта Худованд динашро пирӯз ва паёмбарашро дастболо хоҳад намуд”.
Акнун он чӣ имрӯз рӯй дод, тасдиқи ҳамон гуфтаи Паёмбар (с) ба Зайд мебошад. Ҳамон Тоиф ва ҳамин Макка, қабилаҳои гуногуни араб ҳама гурӯҳ гурӯҳ талош доранд, ки ба дини Худо дароянд.
Биёед фикр кунед. Дар бораи ҳамаи он ранҷу азобе, ки Паёмбар (с) дар Сақиф кашиданд, он ноумедие, ки баъди пиёда тай намудани чунин як масофаи дур ба умеди он, ки аз тарафи аҳли он истиқболи хуш мебинанд, ногаҳон дучор шуданд, андеша кунед. Камтарин асаре, ки чунин бархӯрд ба шахс, кадом касе набошад, мегузорад, ин андешаи интиқом ва ё ҳамон сон посухи бад додан аст.
Вале чунин асар, ҳатто заррае аз онро, чи гуна метавон дар вуҷуди Паёмбар (с) нисбат ба Сақиф пайдо намуд?! Чанд рӯз Тоифро муҳосира намуданд. Баъд ба саҳобагон дастур доданд, ки баргарданд. Вақте аз эшон талаб карданд, ки “барояшон дуое баде кунед”, розӣ нашуданд, балки дастонашонро боло карда гуфтанд: “Худоё, қабилаи Сақифро ҳидоят намо ва онҳоро муъмин ба назди мо ор”.
Вақте Худованд дуои паёмбарашро иҷобат карду ҳайъати Сақиф ба Мадина омаданд, Ҳазрати Абубакр ва Муғира ибни Шуъба яке пеш аз дигарӣ мехостанд, хабари онро ба Паёмбар (с) расонанд. Зеро хуб медонистанд, ки Он ҳазрат (с) бо хабари мусулмон шудани онро чи хел шод мешаванд. Ҳамин буд, Он ҳазрат (с) худашон шодон ба пешвози онҳо баромаданд ва як муддат ҳама вақташонро барои таълиму тарбияи онҳо бахшиданд. Онҳое, ки замоне душмани ҷонашон буданд, аз ранҷу озори он кас ҳаловат мебурданд, аз он кас танҳо хубиву хайрхоҳӣ ва ҳидояти дунёву охиратро ёфтанд. Онҳое, ки замоне ба дидани шикасту зиёни он кас шод мешуданд, акнун мебинанд, ки ягона чизе, ки он касро хушнуд мекунад, ин мусулмон шудану ба саодати дунёву охират расидани онҳо мебошад.
Баъди дидани ин ҳама ба гумонатон чӣ ин ҳама табиати башарӣ дар вуҷуди як инсон аст, ки ба ғоя ва ё ақидае, ки онро шоиставу салоҳ медонад, даъват мекунад?! Не. Агар чунин гумон доред, хато мекунед, зеро ин табиати паёмбарӣ аст. Ин ҳама натиҷаи он аст, ки Он ҳазрат (с) танҳо як ҳадафро дар мадди назар доранд, ки он ҳам бошад, самара додани ин даъват аст, ки бар асари он ризои Худоро ба даст оварда, баъд аз олам мераванд. Аз ин лиҳоз, ҳама он ранҷу азобҳо дар ин роҳ ҳеҷ аст. Вақте шахс чунин монеаҳоро паси сар намуда, ба ғояи аслии худ дар зиндагӣ мерасад, чӣ шодмонии бузург аст.
Ҳамин аст Ислом, ки кинаву адоватро намешиносад, ба касе бадӣ намехоҳад. Вақте ба ҷиҳод мехонад, на аз рӯйи адовату нафрат. Вақте ба зӯру қувватмандӣ даъват мекунад, на аз баҳри манманиву худписандӣ. Чун ба раҳмату нармиш тарғиб мекунад, намехоҳад, ки он олуда бо заъфу зиллат бошад. Чун муҳаббатро меомӯзад, огоҳ мекунад, ки он бояд танҳо дар роҳи Худо ва барои Худо бошад.
Ҳамин тавр, ҳайъати Сақиф ва ҳайъатҳои дигар, ки пайи ҳам ба Мадина меомаданд ва мусулмон мешуданд, ҳамаи ин вафо ба ҳамон ваъдае буд, ки Худованд ба паёмбараш дода буд.
Ин буд ибратҳое, ки бояд аз ин ҳодиса гирифт. Вале андарзу аҳкоми он бошад, чанде аз онро бароятон пешкаш мекунем:
Якум: Ҷоиз будани ҷойгир кардани мушрик дар масҷид, агар ба мусулмон шудан ва ҳидоят ёфтани ӯ умед бошад. Зеро дидем, ки Паёмбар (с) ҳайъати Сақифро дар масҷид ҷойгир намуда, бо онҳо барои таълиму суҳбат мулоқот мекарданд. Агар ин кор барои мушрик ҷоиз бошад, пас барои шахси китобӣ ба таври авло ҷоиз аст. Он ҳазрат (с) ҳайъати насрониёни Наҷронро, ки ба ҳадафи шунидани ҳақ ва ошно шудан бо Ислом омада буданд, дар масҷид қабул карда буданд.
Имом Заркашӣ дар ин бобат чунин мегӯянд: Маълуматон бод, ки Имом Рофеӣ ва Нававӣ (раҳ.) гуфтаанд, ки ба шахси кофир ҷоиз аст, ки бо иҷозати мусулмон ба масҷидҳо ғайри Ҳарам ворид шавад. Вале ба чанд шарт: якум: Дар ақди зимма бо ӯ шарт нашуда бошад, ки ба масҷид намедарояд. Агар ба ин кор шарт шуда бошад, барояш иҷозати ин кор дода намешавад. Дуюм: Шахси мусулмоне, ки ба ӯ барои даромадан иҷозат медиҳад, шахси ба синни таклиф расида ва шоистагии комилро дошта бошад. Сеюм: ба масҷид даромадани ӯ ба ҳадафи шунидани Қуръон ва ё омӯзиш бошад ва ба мусулмон шуданаш умед бошад. Ё ба хотири таъмири он дарояд. Ба қавли Қозӣ Абиалии Фориқӣ “агар ба мақсади шунидани Қуръон ва омӯзиш дарояду вале ба мусулмон шуданаш умед набошад, ба ӯ иҷозат дода намешавад ва мо ҳақ надорем, ки ба даромадани ӯ рухсат диҳем”. Яъне, ҳолати кор аз он дарак медиҳад, ки ворид шудани ӯ барои масхара аст ва ё ба хотири хушомадҳои сиёсӣ мебошад, ки ба ҳадафи ноил шудан ба ягон ғарази муайян анҷом дода мешавад, ки имрӯзҳо чунин ҳолат бисёр ба чашм мерасанд.
Вале агар ягон шахси кофир барои истироҳат ва ё хӯрдан барин корҳо иҷозат пурсад, дар ин бора дар “Равза” чунин омадааст: Набояд ба ӯ барои чунин корҳо иҷозат дода шавад. Имом Нававӣ ин корро дуруст мешуморанд. Фориқӣ мегӯянд: “Ба ҳамин маъно бошад, даромадани кофир ба ҳадафи омӯхтани забон, ҳисоб ва монанди он. Маълум аст, ки чунин иҷозат барои даромадан ба шарте мебошад, ки агар хатари зарар ба масҷид ва ё мушавваш кардани хотири намозгузорон набошад”.
Ба андешаи мо, зиёни фитна аз зиёни мушавваш кардани хотири намозгузорон ҳам бештар мебошад. Хусусан, вақте ки ба масҷид занони кофир бидуни риояи пӯшиши шаръӣ ворид мешаванд. Ба масҷид ба мақсади тамошои нақшу нигори он ворид шудан низ монанди хӯрдану истироҳат кардани кофирон дар он иҷозат дода намешавад.
Сеюм: Муомилаи нек бо ҳайъатҳо ва касоне, ки амон талабидаанд. Фарқ байни ин ду навъи мардум дар он аст, ки якум гурӯҳ дар намояндагӣ аз қавмашон меоянду ҳамеша гурӯҳи иборат аз чанд нафар мешаванд. Гурӯҳи дуюм ашхосе мебошанд, ки ба диёри мусулмонон танҳо омада, амон металабанд ва умед доранд, ки аз онҳо дар бораи Ислом чизе ёд мегиранд. Шахсе, ки ба ҳадафи амон ёфтан ба кишвари мусулмонон меояд, Худо ба ӯро хуш пешвоз гирифтан ва бо ӯ муомилаи нек карда, ба ҷойи амн расонидан амр кардааст. Чун дар ояти 6 аз сураи Тавба сароҳатан мефармояд: “وَإِنْ أَحَدٌ مِنَ الْمُشْرِكِينَ اسْتَجارَكَ فَأَجِرْهُ حَتَّى يَسْمَعَ كَلامَ اللَّهِ ثُمَّ أَبْلِغْهُ مَأْمَنَهُ”. (Агар нафаре аз мушрикон аз шумо паноҳ пурсад, ӯро паноҳ диҳед, то сухани Худоро шунаваду баъд ӯро ба ҷойи амнаш расонед).
Дар бораи муносибат бо ҳайъатҳо бошанд, низ ҳукм дар қиёс бо шахси амон талабида чунин аст. Паёмбар (с) низ бо муносибати нек ва муомилаи хубашон бо онҳо чунин рафтор намуданд. Шумо худ шоҳид шудед, ки Он ҳазрат (с) ҳайъати Сақифро чи гуна пешвоз гирифтанду чи хел нигоҳубин карданд.
Сеюм: Касе аз миёни гурӯҳ ба сардориву масъулият аз ҳама беш ҳақ дорад, ки Китоби Худоро бештар донад. Барои ҳамин ҳам Паёмбар (с) Усмон ибни Абилъосро ба Сақиф амир таъйин намуданд. Зеро он ҳирсе, ки ба омӯзишу фаҳмиши Китоби Худо дошт, ба Он ҳазрат (с) хеле писанд омада буд. Ӯ дар ин муддате, ки ҳамроҳ бо ёронаш дар Мадина буд, аз дигарон дида бештар аз Китоби Худо омӯхта, оид ба Ислом фақеҳтар шуда буд. Сардорӣ ин масъулияти динӣ буда, мурод аз он барпо намудани ҳукми илоҳӣ ва бунёди ҷамъияти исломӣ мебошад, ки ин чиз бояд аз тарафи он шахс риоя гардад.
Чорум: Воҷиб будани тахриб ва вайрон кардани бутҳо. Барои воҷиб будани ин амал шарт нест, ки он парастида шавад ва ё тоифае онро муқаддас шуморанд. Балки ҳукми он шомил ва умумӣ буда, зеро Паёмбар (с) ба шикастани он бутҳое, ки дар дохили Каъба буданд, дастур доданд, бо вуҷуди он, ки касе онро парастиш намекард. Ин чиз далолат бар он мекунад, ки чи тавре гуфта будем, сохтани тимсол, чи хеле набошад, ҳаром буда, инчунин нигаҳ доштани он низ ҷоиз намебошад.
Дар ҳамин ҷо ба нақли ахбори Сақиф хотима мебахшем ва ба тафсилоти ҳайъатҳои дигар, ки дар давоми сол ба назди Паёмбар (с) аз ҳар тараф меомаданд, ворид намешавем, чун аз зикри он дар ин ҷо ғаразе барои худ намебинем.
Вале бояд маълуматон бошад, ки ин ҳайъатҳо дар маҷмӯъ ду намуд буданд: яке мушрикон ва дигаре Аҳли Китоб.
Ҳайъатҳое, ки ба мушрикон тааллуқ доштанд, ҳамаашон мусулмон шуда, ба қавми худ машъали имону ҳидоят бурданд. Аммо Аҳли Китоб бошанд, бештари онҳо бар дини худ боқӣ монда, аз яҳудияту насронияти хеш даст накашиданд.
Ҳайъате, ки ба намояндагӣ аз қабилаи Наҷрон омада буданд, иборат аз шаст нафар буд. Онҳо назди Паёмбар (с) чанд рӯз монда, бо Он ҳазрат дар бораи Ҳазрати Исо (а) ва ягонагии Худо баҳсу мунозира мекарданд. Охирин чизе, ки Паёмбар (с) барояшон хонда доданд, оятҳои 59, 60, 61 аз сураи Оли Имрон буд, ки дар он омадааст:
“إِنَّ مَثَلَ عِيسى عِنْدَ اللَّهِ كَمَثَلِ آدَمَ خَلَقَهُ مِنْ تُرابٍ ثُمَّ قالَ لَهُ: كُنْ فَيَكُونُ. الْحَقُّ مِنْ رَبِّكَ فَلا تَكُنْ مِنَ الْمُمْتَرِينَ. فَمَنْ حَاجَّكَ فِيهِ مِنْ بَعْدِ ما جاءَكَ مِنَ الْعِلْمِ فَقُلْ: تَعالَوْا نَدْعُ أَبْناءَنا وَأَبْناءَكُمْ وَنِساءَنا وَنِساءَكُمْ وَأَنْفُسَنا وَأَنْفُسَكُمْ، ثُمَّ نَبْتَهِلْ، فَنَجْعَلْ لَعْنَتَ اللَّهِ عَلَى الْكاذِبِينَ”
Вақте онҳо розӣ нашуданд, ки ин оятҳоро бихонанд, Паёмбар (с) онҳоро чи хеле, ки Худо фармудааст, ба “мубоҳала” даъват карданд. Он ҳазрат (с) фарзандонашон Ҳасан ва Ҳусайнро ҳамроҳ бо модарашон Фотима ҳозир намуда, бо онҳо мубоҳала карданӣ шуданд.
Вале сардори онҳо, ки Шураҳбил ибни Вадоа буд, ба ин ҳам розӣ нашуд ва ёронашро аз оқибати хатарноки он бар ҳазар дошт. Сипас, онҳо аз Паёмбар (с) талаб намуданд, ки дар масъалаҳое, ки ғайри имон ва ислом ба онҳо ҳакам шаванд ва онҳо ба ҳукми он кас розӣ мешаванд. Ҳамин тавр Он ҳазрат (с) бо онҳо бар ҷизя додан созиш мекунанд ва бо ин барояшон аҳднома менависанд. Дар он Паёмбар (с) уҳдадор мешаванд, ки агар онҳо ҷизяи ба он иттифоқшударо пардохт намоянд, ба ибодатхонаҳояшон намерасанд, ба динашон кордор намешаванд, модоме, ки ба ягон кори ноҷо (мисли хиёнат ва дасиса) даст намезананд ва судхӯрӣ намекунанд.