Рубрики Хабарҳо

Шадидтарин бӯҳрони иқтисоди Бритониё дар 300 соли охир

Иқтисодиёти Британияи Кабир ба буҳрони шадидтарин дар 300 соли охир гирифтор шудааст. 

Иқтисоди ин кишвар бинобар пандемияи коронавирус буҳрони сахттаринро аз сар мегузаронад ва дар ду соли оянда то сатҳи соли 2019 барқарор шуда наметавонад .

 Риши Сунак, вазири молияи Британияи Кабир ҳангоми муаррифии буҷети соли оянда ба парламент гуфтааст, «ҳатто, агар рушди иқтисод аз нав идома ёбад, он то семоҳаи чоруми соли 2022 ба сатҳи пеш аз паҳншавии коронавирус расида наметавонад».

Чуноне Бюрои масъули буҷети Шоҳигарии Муттаҳида пешгӯӣ кардааст, Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвар соли равон 11,3 дарсад коҳиш меёбад. 

Ба гуфти Риши Сунак «ин ҷиддитарин таназзули иқтисоди Британия  дар беш аз 300 сол хоҳад шуд».

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *