10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Теъдоди қурбониёни офатҳои табиӣ дар саросари ҷаҳон эълом шуд

Дар панҷ соли охир дар саросари ҷаҳон беш аз 1 миллион нафар бар асари офатҳои табиӣ ҷони худро аз даст доданд.

Раҳбари Созмони Ҷаҳонии Метеорологӣ,  узви Созмони Милали Муттаҳид Петтери Талас,  ҳангоми суханрониаш дар Женева таъкид кард, ки  хушксолӣ, тӯфонҳо, обхезиҳо, ҳароратҳои шадид ва амсоли инҳоро натиҷаи тағирёбии иқлим мебошанд. Вай ба унвони мисол болоравии шадиди ҳарорати ҳаво дар Канада ва Иёлоти Муттаҳида ва боришоти шадидро, ки боиси обхезиҳои фалокатбор дар Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ гардиданд, номбар кард.

Мувофиқи маълумоти СММ, дар байни солҳои 1970 ва 2019, танҳо аз таъсири  хушксолӣ зиёда аз 650,000 нафар, аз тӯфонҳо 580,000, дар натиҷаи обхезиҳо 59,000 нафар  ва аз таъсири бади ҳарорати шадид  56,000 нафар  ҳалок шудаанд. Дар ин муддат, тӯфонҳо ба миқдори 440 миллиард евро хисорот ворид кардаанд ва обхезиҳо тақрибан 100 миллиард евро зарар расонидаанд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *