Узбекистон тасмим гирифтааст, ки дар тӯли даҳ соли минбаъд нерӯгоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 5000 МВт бунёд кунад.
Тавре хабаргузории Podrobno бо истинод ба Вазорати энергетикаи Узбекистон хабар медиҳад, Вазорати энергетика бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои татбиқи ин лоиҳа, ки тавассути сармоягузории мустақими хориҷӣ амалӣ карда мешаванд, чораҳо андешида истодааст.
Қарор аст, то охири соли 2021 дар Узбекистон ду истгоҳи барқи офтобии ҳар кадомаш 100 МВт ба истифода дода шавад.
Дар ин самт, Корпоратсияи Байналмилалии Молия (IFC), узви Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ ҳамчун як мушовири пешбар барои мусоидат дар сохторсозӣ ва озмуни лоиҳаҳои офтобӣ мусоидат мекунад.
Соли 2019 бо дастгирии IFC марҳилаи аввали тендерҳои байналмилалӣ дар Ӯзбекистон баргузор гардид, ки натиҷаи он 4 октябр эълон карда шуд. Тендер барои сохтмони аввалин нерӯгоҳи барқи 100 МВт дар минтақаи Навоӣ баргузор шуд.
Комиссияи тендерӣ ширкати Масдарро аз Аморати Муттаҳидаи Араб ҳамчун ғолиби марҳилаи якуми тендери байналмилалӣ бо тарифи 2.679 сент Иёлоти Мутаҳидаи Амрико барои 1 кВт / соат нерӯи барқи тавлидмешуда эълон кард.
Дар хабар гуфта шудааст, ки ширкати Масдар инчунин тарҳрезӣ, маблағгузорӣ, сохтмон ва истифодаи як нерӯгоҳи барқи офтобии 500 МегаВатиро дар минтақаи Навоӣ анҷом медиҳад.