Рубрики Хабарҳо

CDC аз кишварҳои ОМ даъват кард тести коруноро бештар кунанд

Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА (CDC) аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват дорад, ки санҷиши сокинон аз коронавирусро афзоиш диҳанд.

Мудири минтақавии CDC дар Осиёи Марказӣ Дэниел Сингер 6-уми май дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, танҳо тавассути санҷиш метавон муайян кард, ки коронавирус то кадом андоза ва бо кадом роҳҳо паҳн шудааст.

Сингер хабар дод, ки CDC барои санҷиши қазоқистониҳо аз коронавирус 1,68 млн доллар ҷудо кардааст ва ин маблағ ба харидории таҷҳизот ва дастгоҳҳои озмоиши COVID-19 равона хоҳад шуд.

Ин марказ ҳамчунин барои Қирғизистон низ дар доираи кӯмакҳо ба мубориза бо коронавирус 1,38 млн доллар додааст. Дар ин бора сафорати ИМА дар Қирғизистон иттилоъ дод. Пештар USAID барои Қирғизистон 913 ҳазор доллар ҷудо карда буд.

Ҳукумати Амрико барои пешгирӣ аз паҳни коронавирус дар Тоҷикистон 1 млн 690 ҳазор доллар ҷудо кардааст. Ин маблағ илова ба 1 миллион долларе аст, ки пештар USAID кӯмак карда буд.

Ба иттилои сафорати Амрико дар Тошканд, CDC ба Ӯзбекистон 2,07 млн доллар пешбинӣ кардааст ва ин маблағ ба харидории таҷҳизоту дастгоҳ барои озмоиши коронавирус равона хоҳад шуд.

Дар ҷаҳон 3,7 млн ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст, ки 1,2 миллиони он дар ИМА мебошад.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *