Ким Ҷенг Ӯн, раҳбари Кореяи шимолӣ ҳафтаҳо аст, ки дар малаъи омм зоҳир нашудааст. Пхенян ҳамчунон аз ҳар гуна изҳори назаре дар бораи саломатии раҳбари ин кишвар худдорӣ мекунад. Трамп барои Ким Ҷенг Ӯн оризӯи саломатӣ кардааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, бо вуҷуди ин, ки гузоришҳои дақиқе дар бораи вазъияти саломатии Ким Ҷенг Ӯн мунташир нашуда, барои ӯ орзӯи саломатӣ кардааст. Трамп дар паёме ба давлати Кореяи шимолӣ навиштааст, ки “беҳтарин орзӯҳоро барои Ӯн” дорад ва умедвор аст, ки “хуб” шавад.
Раисҷумҳури Амрико дар паёми худ равшан накарда, ки оё ба иттилооти дасти аввалӣ дар мавриди саломатии Ким даст пайдо карда ё на. Ў танҳо гуфтааст, ки агар “гузоришҳо” саҳеҳ бошанд, Ким дар “шароити бисёр ҷиддӣ» қарор дорад. Ба назар меояд, ки манзури Трамп аз “гузоришҳо” иттилоот дар ин бора дар расонаҳо аст.
Режеми Пхенян дар мавриди гумонзаниҳо дар бораи вазъияти саломатии раҳбари ҷавони ин кишвар ҳамчунон сукут ихтиёр кардааст. Расонаҳои давлати Кореяи шимолӣ дар рӯзи чаҳоршанбе 22 апрел низ ҳеҷ ишорае ба амали ҷарроҳии эҳтимолии раҳбари 36 солаи ин кишвар ва мушкилоти қалбии ӯ накардаанд.
Ким Ҷенг Ӯн ба таври ғайримунтазирӣ ҳафтаи гузашта 15 апрел дар ҷашни таваллуди падарбузургаш Ким Ил Сунг, бунёдгузори Кореяи шимолӣ, ширкат накард. Ким Ил Сунг дар соли 1994 даргузашт.
Рӯзи душанбе, 21 апрел Веб-сайти “Daily nk”, ки аз Сеул идора мешавад ва дар конуни хабарҳояш Кореяи шимолӣ қарор дорад, гузориш дод, ки Ким дар таърихи 12 апрел, даҳ рӯз пеш дар бемористон бистарӣ шуда ва муддати кӯтоҳе пас аз он таҳти амал ҷарроҳии қалбӣ қарор гирифтааст. CNN низ бо истинод ба як мақоми давлати Амрико гуфтааст, ки вазъияти саломатии Ким вахим аст.
Трамп дар ин бора гуфтааст: “Ман равобити хеле хубе бо раҳбари Кореяи шимолӣ дорам. Барояш орзӯи саломатӣ мекунам, чун агар ӯ дар вазъияте аст, ки дар гузоришҳо омада, мавзӯъ хеле ҷиддист.”
Бо ин ҳама ҳанӯз аз сӯи Кореяи ҷанубӣ ва Чин дар ин бора тардидҳое вуҷуд дорад. Коршиносони Кореяи ҷанубӣ хотирнишон кардаанд, ки гузоришҳои мунташир шуда дар ин бора “ба сахтӣ қобил итминон» ҳастанд ва танҳо вазъияти ғайримаъмул, адами ҳузури Ким дар ҷашни таваллуди падарбузургаш аст. Дар айни ҳол сукути расонаҳои Кореяи шимолӣ низ шакбарангез аст.
Те Ёнг Ҳу, дипломати пешини Кореяи шимолӣ, ки аз соли 2016 дар Кореяи ҷанубӣ зиндагӣ мекунад дар ин бора гуфт: “Давлати Пхенян ба таври маъмул саъй мекунад хеле сареъ аксуламал нишон диҳад, ки Ким зиндааст ва дар саломатӣ ба сар мебарад.”
Кореяи шимолӣ яке аз мунзавитарин кишварҳои ҷаҳон аст. Дар феҳристи соли 2020 Созмони гузоришгарон бидуни марзи Кореяи шимолӣ “бадтарин кишвари ҷаҳон аз ҷиҳати озодии расонаҳо ва озодии баён” хонда шудааст.