Сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ”-ро дар қатори бунёди мактабҳо аз пардохти андоз дар соли оянда озод карданд. Сохтмони ин меҳмонхона бояд соли 2010 ба итмом мерасид.
Дар Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 қайд мешавад, ки сохтмони меҳмонхона аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида дар соли оянда озод карда мешавад.
Ҳамчунин кор ва хизматрасониҳо оид ба сохтмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз пардохти чунин андозҳо озод карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки бунёди меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” ҳамасола аз пардохтҳои андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешавад. Сохтмони иншооти мазкур беш аз 13 сол инҷониб ҷараён дошта, тибқи нақша бояд соли 2020 ба истифода дода шавад.
Машғули сохтмони ин меҳмонхона ширкати холдингии “Исмоили Сомонӣ – асри 21” буда, фармоишгари он Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ мебошад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4-уми ноябри соли равон дар ин меҳмонхонаи сохтмонаш нотамом сӯхтор ба амал омад. Сабабаш истифодаи нодурусти нерӯи барқ аз ҷониби бинокорон маънидод шуд.
Дар бораи ҳаҷми зарари сӯхтор, ки ба ҳисобу китоби он комиссияи махсус машғул буд, маълумот дода нашуд.