Рубрики Хабарҳо

Нигаронии дабири кулли СММ аз таътили макотиб

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз таътил шудани мактабҳо дар саросари ҷаҳон ба далели шуюи вируси корона ибрози нигаронӣ кард.

Антонио Гуттереш таъкид кард, ки бозгашти бехатар ва амни донишомӯзон ба мактабҳо бояд авлавияти аслии кишварҳо бошад.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт: «Аз миёнаҳои моҳи июл ба баъд мактабҳо дар ҳудуди 160 кишвар баста шудаанд, ки беш аз як миллиард донишомӯзро шомил мешавад. Ин дар ҳоле аст, ки ҳудуди 40 миллион кӯдак, даврони томактабиро аз даст додаанд.»

Ба гуфти Гуттереш «Ин теъдод ба беш аз 250 миллион кӯдаке, ки пеш аз ин бемории ҳамагирӣ ба мактаб намерафтанд афзуда шуд ва танҳо чоряки донишҷӯёни мактабҳои миёнаи кишварҳои рӯ ба тараққӣ малакаҳои асосӣ доранд.»

Гуттереш гуфт: «Акнун мо бо як фоҷиаи наслӣ рӯбарӯ ҳастем, ки метавонад зарфиятҳои бешумори башарро ҳадар диҳад, чандин даҳсолаҳои пешрафтро заиф кунад ва нобаробариҳои шадидро боз ҳам шиддат диҳад!

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар идома аз баробарии як пуйиши ҷадид ба номи «ояндаи моро наҷот диҳед» хабар дод.

Вай дар идома афзуд:  «Тасмимоте, ки акнун давлатҳо ва муттаҳидони онон мегиранд, таъсири доимӣ бар садҳо миллион нафар аз ҷавонон ва бар чашмандози тавсеаи кишварҳо дар даҳсолаҳои оянда хоҳад гузошт.»

Бо ин ҳол Гуттереш тавсиа кард мактабҳо танҳо дар сурате боз шаванд, ки вируси корона таҳти назорат қарор гирад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *