Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар ҳисоби твиттериаш аз баргузории чанд нишасти муҳим дар Фаронса хабар дод. Дар посух ба “Паём” ӯ аз баргузории мулоқоту гуфтугӯҳо бо мақомоти ҳукумати иҷроӣ ва қонунгузорӣ Фаронса низ иттилоъ дод.
“2 рӯз дар Париж пур аз мулоқот буд. Таъсири ҷанг бар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, мубориза бо диктаторӣ ва радикализм аз мавзӯъоти аслии мулоқотҳо буданд. Албатта, намешавад интизори натиҷаҳои зудрас буд. Лозим аст корҳо ҳамешагӣ ва ҳадафманд идома ёбанд. Ҷаласаи дувум дар моҳи май аст. Ташаккур аз баргузоркунандагон” — навиштааст раҳбари эътилофи мухолифин дар Твиттер.
Ӯ изҳор дошт “мо тааҳҳуд кардем, ки бо ин мулоқот, ки хеле муҳим ҳам буданд, қаноат накунем. Мо ҳам дар мақомоти иҷроия ва ҳам қонунгузор, аз ҷумла Сено ва инчунин марокизи таҳқиқотии мӯътабар ва таъсиргузор вохӯриҳо доштем. Ба ин созиш расидем, ки мулоқоту гуфтугӯҳо идома пайдо кунанд ва мулоқоти дувум ба моҳи май таъин шуд”.
Дар ҳамин ҳол, раҳбари эътилофи мухолифин ба ин назар аст, ки як-ду мулоқот натоиҷи сареъ нахоҳанд дошт. “Бояд корҳо ҳамешагӣ, ҳадафманд ва мавзӯъӣ ва муҳимтар аз ҳама хастагинопазир идома ёбанд. Чун тағйир додани назари аврупоиҳо, ба хусус фаронсавиҳо, ки ин мавқеъоташон на даҳҳо, балки садсолаҳо шакл гирифтаанд, осон нест. Бинобар ин ман аз ҳад зиёд хушбин нестам, аммо корҳо бояд идома ёбанд. Он на танҳо барои аврупоиён, балки барои мо низ хеле муҳим аст. Бинобар ин мо мусаммам ба идомаи ин мулоқотҳо на танҳо дар Париж, балки пойтахтҳои дигари Аврупо низ ҳастем” — таъкид кард раҳбари ПМТ.