Рубрики Хабарҳо

Темур Варқӣ: навори латукӯби сарбозон барои сӯи дигар кашидани таваҷҷуҳ нашр шудааст

Темур Варқӣ, намояндаи расмии Паймони милли Тоҷикистон, гуфт наворе, ки латукӯби сарбозонро ба намоиш мегузорад ва ба гуфтаи ӯ «фаъолона тавассути таблиғоти давлатӣ бознашр мешавад», барои «ба сӯи дигар кашидани таваҷҷуҳи умумӣ аз масоиле, ки шармандагии режимро намоиш медиҳад» нашр гардидааст.

Варқӣ мӯътақид аст наворе, ки дар декабри соли гузашта сабт шудааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, то таваҷҷуҳи умумиро аз «хариди ҳавопаймои фиръавнии 92 миллиондолларӣ тавассути раиси кишвари фақир» ва «шикасти таблиғоти ҳайати давлат дар Женева” канор барад. 

Матн комили баёнияи намояндаи расмии ПМТ ба шакли зер аст: 

Банда ба унвони намояндаи расмии Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи теъдоде аз созмонҳои мухолифи Тоҷикистон, бояд чанд ҷумла дар мавриди навори латукӯби наваскарон тавассути кӯҳнасарбозҳо, ё ба истилоҳ “дед”-ҳо, ки  ҷомеаи Тоҷикистонро шокӣ кард, баён кунам. 

Ин “маъракаи қабул” ба сафи ҳомиёни ватан бо шиори «хидмат ба ватан ифтихори бузург аст» паст задани эътибори як шаҳрванд ва мудофеъи кишвар аст. Ин як намунаи кӯчак аз ахлоқест, як модели кӯчак аз моҳияти ҳуқуқӣ ва ахлоқии давлати феълӣ аз боло ба поин аст. Чунон ки ҳикмати сӯфиёна мегӯяд, ончи дар болост, дар поин ҳам ҳамон аст ва баръакс. Аммо бояд таъкид кунам, ҳар касе, ки наворро барои нашр баргузида, безарартаринашро интихоб кардааст. 

Паймони миллӣ борҳо таваҷҷуҳи мақомот ва ҷомеаро ба озор, шиканҷа ва қатли такондиҳандатари сарбозони тоҷик ҷалб кардааст. Аммо кӯшиши мақомот ва дастгоҳҳои таблиғотӣ ҳамеша ба пинҳон кардани ин гуна ҳақиқатҳо ё канор бурдани афкори умумӣ аз онҳо будааст. 

Дар ҳамин ҳол, имрӯз ин воқеият, ки ин навор ба таври фаъол тавассути таблиғоти давлатӣ бознашр мешавад, нишон медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир мақомот ба як «ҳодисаи номатлуб» ниёз доштанд то таваҷҷуҳи умумиро аз мавзӯъи беэътибортаркунандаи мақомот канор баранд. 

Рӯзҳои охир ду адад аз ин қабил мавзӯъ дар майдони иттилооти Тоҷикистон зоҳир шудааст: 

 1) хариди ҳавопаймои фиръавнӣ тавассути раиси давлати фақир ба маблағ 92 миллион доллар ба ҷойи он, ки буҷаи кишвар барои таъмини ниёзҳои мардуми қашшоқ, тандурустӣ ва эҷоди ҷойҳои корӣ равона карда шавад; 

 2) шикасти таблиғоти ҳайати давлатӣ дар Женева, ки сатҳи таҳсилот, дониш ва дарки ғорнишинии воқеии худ аз ҳуқуқи башар ва вазифаҳои як давлати мутамаддин дар қиболи шаҳрвандон ва кулли ҷаҳонро, ба намоиш гузошт. Давлат кунунии Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Кумитаи мубориза бо табъизи Созмони милал дар пеши чашми ҳамаи ҷаҳон ва шаҳрвандони худ шарманда шуд. 

Чизи дигаре, ки дар робита бо ин вазъият қобил таваҷҷуҳ мебошад ин аст:

Раҳбарияти 30 сол боз бетағйири кишвар як баҳонаи матбуотие, ки таваҷҷӯҳ аз ин ду мавзӯъи шармандасозандаи ҳукуматро канор барад, пайдо накард. Режим мисли ҳамеша ва ҳамон гуна, ки интизор мерафт, барои канор бурдани таваҷҷӯҳи ҷомеъа мавзӯъеро интихоб кард, ки камтар аз он ду ҳукуматро шарманда мекунанд. 

Ва охирин нукта:

Дар мавриди нашри амдии латукӯби сарбозон шарҳи қобили таваҷҷуҳе вуҷуд дорад. Коршиносон таъкид мекунанд, ки ин навор  ҳамон гуна, ки либоси зимистонаи сарбозон нишон медиҳад, дар зимистон сабт шудааст, аммо дар остонаи даъвати баҳорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст ва ҳадафи дигар ҳам дорад: то ҳади имкон мавҷи вокуниш ва нигаронӣ дар ҷомеъа ба вуҷуд овардану ҳаҷми ришва аз волидайни сарбозон барои раҳоӣ аз хидмати сарбозиро афзоиш додан. 

Бинобар ин дар хулоса бояд бигӯям: 

Ин режим аз боло то поин пӯсидааст. Фасоди ахлоқӣ ва ҳуқуқии он ба амният, истиқлолият ва мавҷудияти давлат таҳдид мекунад. Давлате ки ҳар сола садҳо ҳазор шаҳрванд расман аз он фирор мекунанд ва тобеияти кишварҳои дигарро ба даст меоваранд. 

 Темур Варқӣ

Намояндаи расмии ПМТ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *