Рубрики Хабарҳо

Раҳмон ба Чин рафт ва чаҳор рӯз онҷо мемонад

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 16-уми май бо сафари давлатӣ ба рафт. Қарор аст ӯ дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Миёна бо  Си Ҷинпин таҳти унвони «Чин + Осиёи Миёна» ширкат кунад.

Дафтари матбуотии раисҷумҳур иттилоъ дода, ки ӯро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раисҷумҳур дар умури робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раисони КДАМ, телевизион ва радио, бехатарии озуқаворӣ, президенти Академияи миллии илмҳо, ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол дар бораи барномаи сафари Эмомалӣ Раҳмон чизе гуфта намешавад. Ҳамчунин маълум нест ӯ бо ҳавопаймои хусусии тозахаридааш парвоз карда, ё мисли қабл бо ҳавопаймои «Сомон Эйр». Хабаргузории давлатии «Ховар» акси қадимие нашр кардааст.

Қаблан сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфта буд, ки раисҷумҳурҳо чаҳор кишавари ОМ — Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон бо даъвати Си Ҷинпин дар Пекин ҷамъ мешаванд. Ба гуфтаии ӯ, сафари онҳо чаҳор рӯз — аз 16 то 20 майи идома хоҳад кард.

Раисҷумҳури Чин моҳи март дар паёме ба муносибати ҷашни Наврӯз сарони кишварҳои Осиёи Марказиро ба сафари давлатӣ ба Пекин барои дидор ва иштирок дар нишасти «Чин ва Осиёи Марказӣ» даъват кард.

Дар номаи шодбошӣ гуфта шуда буд, ки дар нишаст «тарҳи бузург»-ро баррасӣ мекунанд.

Чин солҳои охир ба яке аз шарикон ва сармоягузорони асосии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон табдил шудааст. Бахши асосии қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳам аз ин кишвар аст. Чизе, ки мояи ташвиши фаъолону мунтақидон шуда.

Дар радабандии ширкати тайвании “DoubleThink Lab” дар мавриди таъсири Чин бар шарикони худ Қирғизистон бо гирифтани мақоми 8-ум ва Тоҷикистон мақоми 9-ум дар садри ҷадвал ҳастанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *