Рубрики Хабарҳо

Дар пайи овозаи маргаш, Раҳмон ба Регар рафт

Дар ҳоле, ки дар шабакаҳои иҷтимоъӣ дар бораи фавти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сару садоҳо зиёд шудаанд,  хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ дод, ки имрӯз, 3-юми октябр, дар шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии «Ислом» рафта, ба ҷамъоварии ҳосили шолӣ оғоз бахшид.

Гуфта мешавад, ки хоҷагии деҳқонии «Ислом» дар деҳоти Ҷура Раҳмонов ҷойгир буда, соли 2000ум аз ҷониби оилаи Бобохоновҳо таъсис ёфтааст ва дар ихтиёри худ 1,2 гектар замин дорад.

Ҳамчунин, бино ба иттилои манбаъ, зимни ин сафараш Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар ифтитоҳи Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Мактаби ба номи Мирзо Турсунзода” ширкат карда,бо шароити таълимӣ дар он шинос шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар хабар аз рафти сафари раисҷумҳур аксгузориш нашудааст ва ягон акси раисҷумҳур аз рафти сафар дар хабар нест. Илова бар ин, дар замимаи Flickr, ки ба сойти раисҷумҳур пайванд аст ва аз сафару вохуриҳо аксгузориш мекард, ягон акси нав вуҷуд надорад ва ҳатто ин замима ба мушкилӣ кушода мешавад.

Расонаҳои дигар, аз ҷумла АзиПлюс низ хабари сафари раисҷумҳур ба шаҳри Турсунзодаро бо аксҳои куҳнааш бознашр кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *