Дар Туркманистон мардоне, ки сину солашон камтар аз 30 сол аст, аз сафари хориҷа маҳрум шуданд.
Дар ин бора хабаргузории Осиёи Марказӣ иттилоъ додааст.
Хадамоти муҳоҷирати вилояти Дашоғуси ин кишвар гуфтааст, ин тасмим ба хотири таъмини амнияти сокинон рӯи даст гирифта шудааст.
«Як дӯсти 27-солаи маро, ки нияти ба хориҷ рафтанро дошт, ба хадамоти муҳоҷирати минтақавӣ даъват карда, билеташро аз дасташ гирифтанд. Ба вай гуфтанд, ки бар асоси фармони нав, мардони то 30-сола ба хориҷ аз кишвар рафта наметавонанд», — гуфтааст корманди Хадамоти муҳоҷирати вилояти Дашоғус
Биноа ба манбаъ, ба чанд ҷавон харҷи билетҳояшонро баргардонидаанд. Давоми чанд моҳи охир ҳолатҳои монеъ шудан аз сафари сокинон ба хориҷи кишвар дар Туркманистон борҳо ба мушоҳида расидааст.
Ба шаҳрвандони ин кишвар ба хусус сафар кардан ба Туркия манъ мешавад. Ҳамчунин мақомоти Туркманистон давоми моҳҳои охир талош кардаанд, ки мардикорон ва донишҷӯёни туркманро аз хориҷа баргардонад.