Рубрики Хабарҳо

Даври дуввум. Дар Душанбе намоди биноҳоро бозсозӣ мекунанд

Шаҳрдори Душанбе аз нишон додани ин ки чӣ гуна пулҳои буҷаро азхуд месозад, ибо намекунад.

Дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Ҳофизи Шерозӣ ва Айнӣ аз нав намоди биноҳоро бозсозӣ мекунанд. Шаҳрдорӣ намоди ин биноҳоро ҳамагӣ рангубор карда буд. Он вақт аз сокинон 1000 сомонигӣ ҷамъ карда буданд.

Ҳоло шаҳрдорӣ таъмири биноҳо дар кӯчаҳои протоколиро худаш пардохт мекунад. Қаблан Паём дар бораи фармони Рустами Эмомалӣ оиди ба 2 миллиард расонидани буҷаи шаҳр хабар дода буд. Барои ин кор кормандони мақомоти андоз ба марокизи тиҷоратӣ ва корхонаҳо д, то ҳамаро ҷарима кунанд.

Ҳамчунин сохтмони истгоҳҳо дар тамоми шаҳр идома дорад. Маблағи сохтмони як “истгоҳи замонавӣ” дар пойтахт 30 ҳазор доллар аст. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Паём, қимати сохтмони як истгоҳ  аз се ҳазор доллар бештар нест.

Ҳамчунин шаҳрдорӣ шоҳроҳи протоколии шаҳрро низ таъмир мекунад. Тибқи иттилои расонаҳо қимати ин таъмир $10 млн 400 ҳазор (91 млн 780 ҳаз. сомонӣ) муқаррар шудааст. Қимати аслии ин таъмир чӣ қадар аст, мешавад танҳо тахмин зад.

Рустами Эмомалӣ сохтмони боғи бузургеро дар маркази пойдахт низ ба нақша гирифтааст. Барои сохтмони он ҳатто аз деҳқонони т маблағ ҷамъаоварӣ мешавад. Қаблан Паём иттило дода буд, ки мақомоти ҳади ақал се ноҳияи вилояти Хатлон аз деҳқонон талаб кардаанд аз ҳар гектар заминашон 30 сомонигӣ пардохт кунанд. Ин пул ба гуфтаи онҳо барои сохтмони боғи нави истироҳатие, ки шаҳрдории Душанбе ба нақша гирифтааст, ҷамъоварӣ мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *