17:21, 8 май
“Шарикони миллӣ” бо дастгирии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар мавзӯи “Автоматикунонӣ ва рақамикунонии равандҳои тиҷорат” форуми инноватсионӣ баргузор кард.
Дар он моликони ширкатҳои бузург, соҳибкорони муваффақ, намояндагони мақомоти давлатӣ, коршиносони соҳаи технология иштирок карданд.
Чорабинӣ як имконият ва майдон барои табодули таҷриба, гуфтушуниди стратегӣ ва муаррифии иқдомҳои пешсаф буд, ки дар тиҷорат воқеан пиёда шудаанд ва самар додаанд.
Гуфтушунидҳо дар фазои пурҷӯш ва корӣ баргузор шуд: иштирокдорон аз таҷрибаи худ нақл карданд, масоили мубрами соҳаро ба баррасӣ кашиданд ва якҷо ба суолҳову ҷолишҳои замони рақамӣ посух ҷустанд.