Азиза Ҳайдароваи 23-сола, котибаи додраси собиқ дар додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Рустам Саидаҳмадзода ба даҳ соли зиндон маҳкум карданд. Ҳайдарова ба «қаллобӣ», «исрофкорӣ» ва «сохтакории далелҳо» гунаҳкор шудааст. Рустам Саидаҳмадзода ки чанд «ҳукми сафед» содир карда буд, бо иттиҳомоти сохта боздошт шуд ва аз паи ӯ котибааш ҳам зери таъқиб қарор гирифт.
Муҳокимаи Азиза Ҳайдарова дар бинои Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, аммо зери раёсати додраси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ гузашт.
Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъаш дар додгоҳ, ҳукм рӯзи 26 декабри соли 2022 эълон шудааст. «Додрас баъзе аз ҷанбаҳоро ба инобат гирифт ва чунин ҳукм содир кард. Пештар додситон барояш 14 сол зиндон хоста буд», гуфтааст манбаъ.
Пайвандонаш эълони ҳукми Азиза Ҳайдароваро тасдиқ карда, вале гуфтаанд, ӯ хулосаи додрасро напазируфт ва бозбинияшро талаб кард.
Азиза Ҳайдарова, котибаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 10-уми июни соли гузашта ба гумони қаллобӣ дастгир шуд. Дертар муфаттишон «исрофкорӣ» ва «сохтакории далелҳо»-ро ба парвандааш изофа карданд.