Манобеъи расмии расонаӣ дар Ироқ бомдоди имрӯз, ҷумъа эълом карданд, ки сардор Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Қудси Сипоҳи посдорони Эрон ва Абу Маҳдӣ Муҳандис, ҷонишини фармондеҳи Ҳашд-уш-шаъбӣ дар ҳамлаи болгардҳои амрикоӣ дар Бағдод кушта шудаанд.
Бар асоси ин гузориш, мақомҳои расмии Ироқ эълом карданд, ки Сулаймонӣ ва Абумуҳандис замоне, ки бо ду худрав аз фурӯдгоҳи байналмиллалии Бағдод хориҷ шуданд, ҳадаф қарор гирифтанд ва ҳар ду кушта шудаанд. Гуфта мешавад, Сулаймонӣ аз Лубнон вориди фурӯдгоҳи байналамиллалии Бағдод шудааст.
Фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони Эрон дар ҷараёни як ҳамлаи ҳавоӣ дар фурӯдгоҳи Бағдод ба корвони худрави ҳомили ӯ ва фармондеҳон гурӯҳи Ҳашд-уш-шаъбӣ кушта шудааст. Сипоҳи посдорони Эрон лаҳазоти пеш ин хабарро таъйид кард.
Сипоҳи посдорон дар иттилоия худ овардааст: “сардори сарафрози ислом ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ пас аз умре муҷоҳидат, бомдоди имрӯз дар ҳамлаи болгардҳои амрикоӣ ба шаҳодат расид”.
Дар ҳамин росто, вазорати дифоъи Амрико – Пентагон ҳам зимни таъйиди ин хабар тасреҳ кардааст, ки дастури ин ҳамлаи ҳавоиро Доналд Трамп, раисҷумҳур ва фармондеҳе кулли қувваҳои ин кишвар содир кардааст.
Трамп дар нахустин паёми пас аз ин ҳамла, бидуни ҳеҷ матне тасвири парчами Амрикоро ба иштирок гузошт.
Ҳамчунин тасовире аз соати пеш дар шабакаҳои маҷозӣ мунташир шудааст, ки интиқоли пайкари қурбониёни ҳамлаи бомдоди имрӯз ба фурӯдгоҳи Бағдодро нишон медиҳад.
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон бо интишори паёме дар вокуниш ба кушта шудани Қосим Сулаймонӣ дар Бағдод гуфт: “интиқоми сахте дар интизори ҷинояткороне аст, ки дасти палиди худро ба хуни ӯ ва дигари шуҳадои ҳодисаи дишаб олуданд”.
Хоманаӣ бо баёни ин ки “бо рафтани Сулаймонӣ кори ӯ ва роҳи ӯ мутаваққиф ва баста нахоҳад шуд”, таъкид кард: “хати ҷиҳоди муқовамат бо ангезаи музоаф идома хоҳад ёфт ва пирӯзии қатъӣ дар интизори муҷоҳидони ин роҳи муборак аст, фуқдони сардори фидокор ва азизи мо талх аст, вале идомаи мубориза ва даст ёфтан ба пирӯзии ниҳоӣ коми қотилон ва ҷинояткоронро талхтар хоҳад кард”.
Раҳбари Эрон 3 рӯз азои умумӣ эълом кард.